Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони раёсати хизмати давлатии Тоҷикистон мегӯянд, дар соли ҷорӣ фаъолияти кории 16 мансабдореро, ки синнашон ба бознишастагӣ расида буд, тамдид кардаанд.

Матлубхон Давлатов, собиқ муовини аввали сарвазир, ки моҳи ноябр бино бар расидан ба синни бознишастагӣ аз мақом озод шуд, акнун референти аршади президенти Тоҷикистон таъйин гардидааст. Пештар Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиаи Тоҷикистон пас аз бознишаста шуданаш аз сӯи раиси ҷумҳур ёвари президент дар умури дифоъ ва амният таъйин шуд.

Файзуллло Фақиров, муовини сардори шӯъбаи таҳлилӣ-иттилоотӣ ва ташкилии хизмати давлатии раёсати хизмати давлатӣ мегӯяд, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи ғании корӣ ва зарур донистани фаъолияти корӣ, имкони тамдид кардани мӯҳлати кории хизматчиёни давлатӣ аз шаш моҳ то ду сол вуҷуд дорад.

Ӯ гуфт: «Вақте ки ба синни ниҳоӣ мансабдор мерасад, тибқи талаботи модаи 24-и Қонун дар бораи хизмати давлатӣ, ба мақоми ваколатдор дархост фиристода мешавад, ки идома додани кори ин мансабдор ба манфиати кор ва зарур аст. Ӯро иваз карда намешавад ва таҷрибаи бойи ғанӣ дорад, пас аз омӯзиши ҳамаҷониба мақоми ваколатдор хулоса мебарорад ва имкони то ду сол тамдид кардани фаъолияти кориаш вуҷуд дорад. Дар ин ҷо ҳама тибқи қонун аст ва ҳеҷ ҷои ҳайрат надорад.»

Ин дар ҳолест ки ба таъкиди соҳибназарон, дар ҳукумати Тоҷикистон на ба ҳама мансабдорони бознишаста имкони тамдиди фаъолияти корӣ ва ё кор дар вазифаи дигар дода мешавад. Амнияти Абдуназар, коршиноси тоҷик мегӯяд, танҳо ба он мансабдороне шанси пас аз нафақа роҳат кор кардан дар вазифаҳои давлатӣ дода мешавад, ки аз лиҳозӣ хешу таборӣ ва ҷуғрофӣ ба шахси аввали кишвар наздикӣ доранд.
Шералӣ Хайруллоев.

Шералӣ Хайруллоев.

​Ӯ мегӯяд, агар ин омил нақш намедошт, пас аз рӯи оне, ки Матлубхон Давлатов ва Шералӣ Хайруллоев дар вазифаҳои қаблии худ муввафақ набуданд, зарурати дубора ҷалби онҳо ба мансабҳои давлатӣ, он ҳам дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ имкон надошт.

«Аз ҷумла Шералӣ Хайруллоев, вазорати мудофиаро на ба он тавре идора кард, ки ҷомеа ба он ниёз дошт. Вазорати дифоъ низоми хуб надошт. Аз ин рӯ, вақте як нафар дар кори собиқаш муваффақ нест, чигуна ӯро метавон дар дигар вазифа гузошт? Ин ҷо фикр мекунам, муносибатҳои хешутаборӣ, муносибатҳои шахсӣ ва аз як минтақа будан дар таъйин ба вазифаҳои нав нақшӣ асосӣ дорад, » - афзуд Амнияти Абдуназар.
Парвиз Муллоҷонов.

Парвиз Муллоҷонов.

Аммо иддаи дигаре аз таҳлилгарон боварӣ ва садоқат ба президентро омили муҳим дар таъйини дубора ба мансаб медонанд. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ин афрод тамоми бешу ками ҳукуматро медонанд ва онҳоро бевазифа гузоштан то ҷое хатар ҳам дорад, зеро имкони як гурӯҳи норозиёни наздик ба ҳукумат пайдо шуданаш ҳаст.

Вай афзуд: «Аз тарафи дигар шояд барои раисиҷумҳур як нафари боваринок пайдо кардан мушкил аст. Инҳо солҳои тӯлонӣ бо ӯ кор кардаанд ва президент ба онҳо боварӣ дорад. Президент онҳоро хуб мефаҳмад ва онҳо президентро, аз ин рӯ фикр мекунам, президент ба онҳо ниёз дорад. Сабаби асосӣ ба фикири ман ҳамин аст, ки президент рисолати онҳоро тамомнашуда медонад.»

Аммо Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки таҷрибаи кор ба ҳайси мушовири президентро низ дорад, ҷалби дубораи бархе нафақахӯрон дар сатҳи болоии ҳукуматро бӯҳрони кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон медонад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, таъйини дубораи нафақахӯрон ба мансаб қонунӣ ҳаст, аммо аз лиҳози мантиқ озод кардану боз дубора таъйин кардан ин дуруст нест.

Ҷаноби Зоиров афзуд: «Президенти имрӯза кадрҳои дигар надорад. Мо ҳис мекунем, ки касодии кадрӣ дар ҳукумат вуҷуд дорад. Аз лиҳози дар назар гирифтани минтақа ва дар нохунак «содиқ будан ба президент» ва дигар меъёрҳои хоси ҳукумат кадрҳои зиёд имрӯз вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, президент ҳаракат мекунад, он одамҳое, ки ба меъёрҳои худаш мутобиқанд, боз ба вазифаҳои дигар таъин кунад. Яъне, дигар тақрибан кадрҳоро иваз намекунанд ва кадрҳоро ҳам аз самаранокии корашон интихоб намекунанд. Ҳукумат аз ҳамон командаи кӯҳнааш даст кашида наметавонад.»
Раҳматулло Зоиров

Раҳматулло Зоиров

Бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти ахир дар сатҳи раёсати ҷумҳурӣ, иддае аз соҳибназарон ҷалби кадрҳои ҷавон ба мансабҳои давлатиро беҳтар аз дубора мансуб кардани афроди бознишаста ба мақомҳои давлатӣ медонанд.

Дилшод Муллоев, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, ҳоло ҳукумат дар замони ҷаҳонишавӣ ба кадрҳои ҷавон бо дидгоҳҳои нав дорад. Ӯ мегӯяд, мансабдороне, ки давоми 5-10 сол дар ҳукумат фаъолият карданд, ҳар коре, ки метавонистанд, анҷом доданд ва аз онҳо амали аз пештара бештар интизор шудан дуруст нест.

Дилшод Муллооев меафзояд: "Ҳозир аён аст, ки ёрдамчии президент дар амали кардани салоҳиятҳои президент ва дар мусоидат ба амалӣ шудани вазифаҳои ӯ нақши калидӣ дорад. Хеле хуб мешуд, дар ин симат кадрҳое бошанд, ки фориғуттаҳсили донишгоҳҳои хориҷа бошанд, яъне диди фаррох ба ин ё он масъалаи иқтисодӣ дошта бошанд ва ба озодии иқтисодию пешрафти он назарҳои нав дошта бошанд, ҷараёнҳои амалишваии пружаҳои иқтисодиро дар дунёи имрӯз хуб бидонанд ва андешаҳое дошта бошанд, ки ҷаҳиши иқтисодии кишварро амалӣ карда тавонанд. Мо ниёз ба андешаҳои наву тоза дорем. Фикр мекунам, ки дар ин самт бояд ҷавонон ҷалб шаванд. Кадрҳои кӯҳна ҳарчӣ доштанд, карданд ва ҳамин қадар тавонистанд. Ҳар шахс бо фаъолияти кори дарозмуддат захираҳои зеҳниву касбии худро харҷ мекунад, ки кадрҳои кӯҳна аллакай хаста шудаанд."

Матлубхон Давлатов

Матлубхон Давлатов

Зимнан, дар пайи интихоботи 6-уми ноябри соли гузаштаи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таҷдид шуд ва мактаби мушовирон дар раёсати ҷумҳурӣ барҳам дода шуд. Ҳамакнун ба ҷои мушовирони раёиси ҷумҳур ёрдамчиён сари кор омаданд, ки аз ҷумлаи собиқ мушовиронанд ва ё афроди бознишаста, ки генерал Шералӣ Хайруллоев ва Матлубхон Давлатов аз чеҳраҳои калидӣ дар ин мақомҳо мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG