Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламо: Талоқ бо СМС равост, агар...(ВИДЕО)


То куҷо талоқ додани ҳамсар аз тариқи СМС ҷоиз аст? Баҳси ин мавзӯъ дар мизигирди видеоии маҷаллаи "Чашмандоз".

Тайи соли гузашта беш аз ҳазор нафар дар робита ба низоъҳои хонаводагӣ ва фурӯпошии оилаҳояшон ба Шӯрои уламои Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Миёни занҳое, ки ба Шӯрои уламо барои ҳалли мушкил ё фатво муроҷиат кардаанд ва ҳам бонувоне, ки аз Кумитаи занон имдод хостаанд, онҳое ҳам зиёданд, ки аз шавҳарони худ бо телефон ва СМС талоқ гирифтаанд.

Талоқ аз тариқи телефон ё СМС то куҷо равост? Бо кадом далелҳо мардҳое, ки бояд саробонҳои хонавода бошанд, даст ба ин гуна иқдом мезананд? Талоқ чӣ паёмаде дар сарнавишти занҳои тоҷик дорад ва онҳоро ба кадом роҳҳо мебарад?

Дар ин нашри Чашмандози Озодӣ посух ба суолҳоро меҷӯем, албатта, ҳамроҳ бо меҳмонон дар студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе – сармутахассиси раёсати фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон Ҷамолиддин Хомӯшӣ, хабарнигори тоҷик Ҳарамгули Қодир ва раиси созмони ҷамъиятии “Хайрхоҳи замон” Барфимоҳ Ғаниева.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG