Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи дин "талоқҳои телефонӣ"-ро манъ мекунад?


Абдураҳим Холиқов, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон

Абдураҳим Холиқов, раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон

Абдураҳим Холиқов "талоқҳои телефонӣ"-ро мухолиф ба қонунҳои ислом ва давлати ин кишвар хонд.

Раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон гуфт, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво ва ё қарори дахлдорро дар ин замина содир хоҳад кард.

Ба таъкиди ҷаноби Холиқов, ин мавзӯъро Кумитаи дин бо Шӯрои уламои дини Тоҷикистон мавриди баррасии амиқ қарор дода ва ин амалро, ки ба парешонии хонавода ва он ҳам тариқи телефон оварда мерасонад, кори номатлуб донистааст.



Назаралӣ Умарзода, раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, содир шудани фатво тавассути Шӯрои уламои дини ин кишвар дар заминаи талоқҳои телефониро қадами ҷиддӣ дар ҷиҳати ҳизфи оила ва оиладорӣ ва аз ҷумла мақому мартабаи зан дар ҷомеа донист.

Умаралӣ Назарзода
Ба гуфтаи ҷаноби Умарзода, "мутаассифона, чунин мавориде ба мушоҳида мерасад, ки мардон дар хориҷи кишвар тариқи телефон ва он ҳам СМС хонуми худро талоқ медиҳанд, ки ин гуна фарҳанг ва муносибат нодуруст аст."

Раҳбари Донишгоҳи исломӣ афзуд, "бигузор марде, ки занро ба зиндагии якҷоя даъват намуда ва бо вай ҳузурӣ никоҳ кардааст ва чунин тасмиме дорад, пас, ба хотири зиндагии якҷоя, ки дошт ва ҳамчунин қадру қиммати зан бояд дар наздаш нияташро эълом кунад."



Бо он ки мавзӯи талоқҳои телефонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон матраҳ аст, аммо Кумитаи дини Тоҷикистон дар бораи шумори дақиқи "талоқи телефонӣ" иттилое дар даст надорад.

Аммо гуфта мешавад чунин маворид, ки аз сӯи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар, бахусус Русия, сурат гирифтааст, ба садҳо адад мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG