Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Эрон интихобашро кунад." Вокуниш ба мулоқоти Кабирӣ бо оятуллоҳ Хоманаӣ


Акс аз хабаргузории "Форс"

Акс аз хабаргузории "Форс"

Бино ба гузоришҳо, раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар ҳошияи ҳамоиши “Бедории исломӣ” дар Теҳрон бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мулоқоти кӯтоҳе доштааст

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 30 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар вокуниш ба хабари мулоқоти раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) гуфт, "Эрон бояд интихоб бикунад, ки бо терроризм аст ё бо Тоҷикистон?" Мулоқоти Хоманаӣ бо Кабирӣ, бино ба хабарҳо, шоми 29 декабр дар ҳошияи ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон сурат гирифтааст.

Сайфулло Сафаров гуфт, «интихоб дар дасти худи Эрон аст. Агар мехоҳад, ки бо терористон ҳамкорӣ кунад, ин интихоби онҳост. Аммо агар мехоҳад бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад, пас бояд дар муқобили тероризм қарор бигирад.” Ӯ афзуд, «агар Эрон муносибаташро бо Тоҷикистон хуб нигаҳ дорад, муносибати мо низ хуб хоҳад буд. Тоҷикистон бо Эрон муносибати хуб дорад, на бо онҳое, ки терроризмро дастгирӣ мекунанд.»

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 30 декабр дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки мавқеи расмии онҳо дар масъалаи даъвати Кабирӣ ба ҳамоиши Теҳрон дар нотаи рӯзи 29 декабр, ки ба сафири Эрон супурда шуд, зикр шудааст.

Расонаҳои Эрон рӯзи 30 декабр хабар доданд, ки раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ шоми 29 декабр дар ҳошияи ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон бо Муҳиддин Кабирӣ мулоқоти кӯтоҳе доштааст.

Хабаргузории давлатии ИРНО навишт, ки оятуллоҳ Алии Хоманаӣ рӯзи сешанбе меҳмонони ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ”-ро ба ҳузур пазируфтааст. Дар хабари сомонаи расмии ИРНО мулоқоти оятуллоҳ Хоманаӣ бо Муҳиддин Кабирӣ ва ҷузъиёти он ба сурати алоҳида зикр нашудааст.

Аммо дар аксе, ки сомонаи хабаргузории "Форс" ва дигар расонаҳои Эрон нашр карданд, лаҳзаи дастфишории оятуллоҳ Хоманаӣ бо Кабирӣ мунъакис шудааст.

Хабаргузории нимарасмии “Форс”, ки расонаи наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ном бурда мешавад, аз мулоқоти оятуллоҳ Хоманаӣ бо Кабирӣ хабари кӯтоҳе дода, ҷузъиёти онро наовардааст. Ин хабаргузорӣ рӯзи 30 декабр навишт, ки Кабирӣ, ки солҳои қабл ба таври озодона дар анҷумани "Ваҳдати исломӣ" ширкат мекард, имсол ба далели манъи фаъолияти ҳизбаш ба унвони “меҳмони вижа” ба ин ҳамоиш даъват шудааст.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳҳои интернетии наздик ба ҲНИТ мегӯянд, ки Кабирӣ бо оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳошияи конфронси "Ваҳдати исломӣ" "дидор ва гуфтугӯ" кардааст.

Ин дар ҳолест ки даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ” ва суханронияш дар ин нишаст ба вокуниши тунди мақомоти Тоҷикистон рӯбарӯ шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 декабр Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, аз ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кард. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ расмӣ гуфт, ки ба сафири Эрон дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистон супурда шудааст.

Дар ин ёддошт аз ҷумла гуфта шудааст, "вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд." Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин амалро ғайри қобили қабул хонда ва қотеъона изҳор кардааст, ки чунин муносибат ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад халал ворид кунад.

Аз он қабл, рӯзи 28 декабр Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон , дар як баёния бо ишора ба муттаҳам шудани Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябр ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода навишт, "Чаро ҷониби Эрон дидаву дониста роҳбари ин ҳизбро, ки бо дархости Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ба ин конфронс даъват кардааст?" Ин масъули Кумитаи дин афзуд, ки даъвати Кабирӣ суолҳоеро дар бораи то куҷо ба аҳди дӯстиву бародариаш бо Тоҷикистон пойбанд будани Эронро халқ мекунад ва боиси “нигаронии амиқ”-и Душанбе шудааст.

Ҳамоиши 29-уми байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" рӯзҳои 27-29 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст дар канори Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва маросимҳои миллӣ, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ва Файзулло Баротов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард.

Эрон то ҳол дар сатҳи расмӣ дар масъалаи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори назар накардааст. Бархе аз расонаҳои наздик ба ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар пайи сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон навиштанд, ин даъвати Эрон баёнгари он аст, ки Теҳрон қарори манъи фаъолияти ин ҳизбро қабул накардааст.

ҲНИТ як ташаккули умдаи мухолифини ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки шумори аъзояшро қабла аз манъи фаъолияташ 44 000 нафар мегуфт. Ин ҳизб дар интихоботи парлумонии моҳи март ҳарду курсии вакилиашро аз даст дод ва раисаш Муҳиддин Кабирӣ баъди ин маърака тарки Тоҷикистон кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр, ду ҳафта баъд аз фурӯ нишондани ошӯби гурӯҳи Назарзода фаъолияти ҲНИТ-ро манъ ва ин ҳизбро ба рӯйхати созмонҳои ифротию террористӣ шомил кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG