Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гашти Эмомалӣ Раҳмон дар тахтаи шоҳмоти сиёсии Ховари Миёна


Талоши қаробати бештари Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар пасманзари танишҳои ҳарду кишвар бо Ҷумҳурии исломии Эрон барои Душанбе чӣ паёмадҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дошта метавонад?

Маъмулан сафарҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ дар сархати ахбори расонаҳои беруна қарор намегирифт. Вале сафари ахири ӯ ба Саудия, ки рӯзи 2 январ оғоз ёфт ва яқинан аз чанд моҳи пеш барномарезӣ шуда буд, метавонист дар ягон фурсати беҳтар барои ҳам Тоҷикистон ва ҳам ҷониби мизбон доир шавад. Чунки феълан ин ду кишвар ҳарду вориди танишҳои тозае бо Эрон шудаанд.

Гузоришҳо аз сафари Раҳмон рӯи мулоқоти ӯ бо малики Саудӣ Салмон, имзои чанд созишномаи дуҷониба ва баррасии масоили марбут ба мубориза бо терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва созмонҳои ҷиноии фаромиллӣ таъкид мекунанд. Дар ин гузоришҳо ҳарфе аз Эрон нест, ҳарчанд ин ном дар зеҳни мақомоти ҳарду кишвар нақш бастааст ва сафари Раҳмон ба Арабистони Саудӣ рӯйдоде шуд, ки бархе мақомоти Эрон хеле мӯшикофона пайгириаш мекарданд.

Равобити Тоҷикистону Эрон дар тӯли солиён хуб буд, аз ҷумла ба ин далел ки Эрон Тоҷикистонро дарвозае барои пешбурди сиёсатҳояш дар Осиёи Марказӣ медид. Вале дар поёни моҳи декабр Эрон ҳизби ахиран мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро ба ҳамоиши байналмилалии “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон даъват кард. Кабирӣ моҳи март, ҳанӯз қабл аз онки ҳукумат қасди бастани ҳизбашро кард, аз Тоҷикистон хориҷ шудааст ва аз он замон пайваста аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба қасди барандохтани ҳукумат айбдор мешавад.

Дар ҳамоиши Теҳрон Кабириро як курсӣ дар миён дар паҳлуи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода шинонданд. Раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар ҳошияи нишасти Теҳрон бо Кабирӣ мулоқот кард.

Ҳузури Кабирӣ дар ин ҳамоиш интиқоди сахти мақомоти Тоҷикистонро ба бор овард. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 29 декабр сафири Эронро эҳзор карда, ба дасташ нота супурд, ки дар он аз даъвати раҳбари созмони “ифротӣ ва террористӣ” ба ҳамоиши Теҳрон изҳори “нигаронии амиқ” шудааст. Муфтӣ Абдулқодирзода рӯзи 1 январ, дар нахустин мавъизаи намози ҷумъа баъди бозгашташ аз Теҳрон гуфт, Эрон ҳамеша иддао мекард, ки дӯсти Тоҷикистон аст, вале “дар ҳамоиши Теҳрон мо дидем, ки Эрон ба таври ошкор беэҳтиромиаш нисбат ба миллат ва давлати Тоҷикистонро намоиш дод.”

Дар айни замон Арабистони Саудӣ низ ахиран бо Эрон дучори таниши ҷиддӣ шудааст. Қатли рӯҳонии маъруфи шиа Шайх Нимр Ан-Нимр, ки рӯзи 2 январ анҷом шуд, эътирозҳои густардаеро дар Эрон дар пай дошт ва ҳатто ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон ҳамла шуд. Дар пайи ин Саудия ва баъдан чанд кишвари муттаҳидаш дар ҷаҳони Араб равобити дипломатиашонро бо Эрон қатъ карданд.

Дар чунин шароит, барои Арабистони Саудӣ сафари Эмомалӣ Раҳмон имконе барои заиф сохтани равобити Эрон бо Тоҷикистон буд. Теҳрон дар тӯли солҳое, ки дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, равобити хуберо бо Душанбе бино карда буд.

Аз як муттаҳиди хубаш ҷудо кардани Эрон аз орзуҳои ҳукумати Арабистони Саудист, ки шоҳиди нуфузи афзояндаи Эрон дар кишварҳои ҳамсояаш – Эрону Сурия ва Яман – мебошад. Аммо барои Тоҷикистон, сафари Раҳмон ба Саудӣ як навъ ҳушдори саривақтие ба Теҳрон ҳам буда метавонад бо чунин паём, ки Тоҷикистон дар ҷаҳони Ислом ва ҷаҳони Араб дӯстони дигар ҳам дорад.

Арабистони Саудӣ ваъда додааст, ки аз тариқи Бонки исломии рушд барои сохтани шоҳроҳҳои бузург дар шарқи аз нигоҳи хутути иртибототӣ фақири Тоҷикистон 108 миллион доллар ҷудо кунад. Пуле ки барои Саудӣ мисли як мижа задан арзиши чандоне надорад, вале барои Тоҷикистон ташнаи сармоя маблағи бузург аст.

Бонки исломии рушд аз соли 2002 ба ин тараф барои Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 84 миллион доллар пул ҷудо кардааст ва акнун Эмомалӣ Раҳмон аз ин сафар бо кӯлбори хеле бузургтар аз ҷамъи ёриҳои то ҳол расондаи ин ниҳоди молӣ ба Душанбе бармегардад.

Шояд кам касе зимни ин сафар дар ёд дошт, ки аксари аҳолии Тоҷикистон мисли Арабистони Саудӣ пайрави мазҳаби суннии дини Исломанд, на аҳли шиъа, чун аксари мардуми Эрон. Ҳамин мавзӯи фарқи мазҳабҳо ҳамеша рӯи равобити Душанбе бо режими ҳоким дар Ҷумҳурии исломӣ соя меандохт.

Равобити Саудӣ бо Эрон бисёр вақт бад будааст ва зоҳиран чунин хоҳад монд. Вале Тоҷикистон наметавонад барои муддати тӯлоние бо Эрон вориди таниш шавад, чунки ба ёриҳои Теҳрон ҳамоно ниёз дорад.

Муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода дар мавъизаи рӯзи ҷумъааш ҳамзамон бо “шарики хоинон” номидани Эрон, аз муштаракоти фарҳангиву забонии ду кишвар ёд кард. Ҳамин муштаракот дар вақташ ба Теҳрон барои таҳкими равобиташ бо Душанбе ва пайдо кардани ҷои по дар арсаи иқтисодии ин кишвари пасошӯравӣ кумак карда буд.

Эрон ҳоло дар такмили сохтмони нақби “Истиқлол” дар ағбаи Анзоб, ки манотиқи шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва ҷануби ин кишвар бо роҳи доимӣ таъмин кард, саҳм дорад. Эрон ҳамин тавр, бо вуҷуди мухолифатҳои Узбакистон, бо харҷи тақрибан 180 миллион доллар нирӯгоҳи Сангтӯда-2-ро дар вилояти Хатлони Тоҷикистон сохт. Ин нирӯгоҳ, ки дар амри таъмини истиқлоли энержии Тоҷикистон як қадами муҳим хонда мешавад, то соли 2029, то замони пас додани ҳамаи сармояи харҷкардаи Эрон дар ихтиёри Теҳрон мемонад.

Эрон ҳамчунин сармоягузории чандин тарҳи дигари муҳим дар Тоҷикистонро бар дӯш дорад ва Душанбе ба навбати худ аз Теҳрон дар баҳсҳои байналмилалиаш ҳимоят мекунад. Аз ҷумла бо дифоъ аз ҳаққи Эрон барои тавлиди нирӯи барқи ҳастаӣ.

Аз ин лиҳоз, вокуниши тунди ҳукумати Тоҷикистон ба ҳузури Кабирӣ дар конфаронси Теҳрон аз чанд ҷиҳат ногаҳонӣ ҳам буд.

Эрон яке аз боигарони асосӣ дар ҷараёни музокироти сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 буд. Мӯҳраи асосии Иттиҳоди нирӯҳои мухолифинро ҳамин ҳизби наҳзати исломӣ ташкил медод ва раҳбарони он дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Эрон паноҳ бурда буданд. Созишномаи сулҳи соли 1997, ки аз ҷумла бо миёнаравии Эрон ба имзо расид, ба мухолифин, бо шумули ҳизби наҳзат, чандин курсиро дар ҳукумати Тоҷикистон тазмин карда буд. Ин тавофуқ 18 сол баъд, дар пайи интихоботи парлумонии моҳи март, ки ба бовари бисёриҳо, ҳамроҳ бо тақаллуби фаровон гузашт, ва маҳрум шудани ҳизби наҳзат аз охирин курсиҳояш дар ҳукумат ба поён расид.

Мақомоти Эрон дар посух ба интиқодоти ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар солҳои гузашта, вақте фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон манъ нашуда буд, ба ҳамоишҳои қаблии “Ваҳдати исломӣ” ҳам даъват мешуданд.

Мавқеи Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ дар марҳалаи кунунӣ зиёд хуб нест. Таваҷҷӯҳи Ғарб ба ин кишвар дар пайи хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон кам шудааст. Русияву Чин ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд, вале вазъи иқтисодии дохилии онҳо пеши роҳи сармоягузориҳои қобили мулоҳиза ва ё намоиш таваҷҷӯҳи бештари онҳо ба ин кишварҳоро ҳадди ақал дар кӯтоҳмуддат мегирад.

Эрон дар мавқеъияти дигаре қарор дорад. Интизор меравад, таҳрими фурӯши нафту гази Эрон ба зудӣ бардошта шавад ва Теҳрон дар пайи ин таваҷҷӯҳу пешниҳодҳои зиёдеро ба худ ҷалб хоҳад кард. Ва ин сели таваҷҷӯҳе, ки ба сӯи Эрон равона хоҳад шуд, ҷои зиёде барои таҳкими равобити Теҳрон бо Душанбе боқӣ намегузорад.

Брюс Панниер, шореҳи Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG