Пайвандҳои дастрасӣ

Арабистони Саудӣ робитаи дипломатияшро бо Эрон қатъ кард


Ҳамла ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон

Ҳамла ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон

Арабистони Саудӣ баъди ҳамла ба сафоратхонааш дар Теҳрон аз қатъи равобит бо Эрон хабар дод ва гуфт, ки дипломатҳои эронӣ барои тарки қаламрави ин кишвар 48 соат фурсат доранд.

Арабистони Саудӣ баъд аз ҳамлаи як гурӯҳ ба бинои сафоратхонааш дар Теҳрон эълон кард, ки робитаи дипломатияшро бо Эрон қатъ намудааст ва дипломатҳои эронӣ барои тарки қаламрави Саудӣ 48 соат фурсат доранд. Одил Ҷубайр, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ, шоми 3 январ гуфт, ки асосан ҳамла ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон ба қатъи равобити дипломатӣ миёни ду кишвар сабаб шудааст.

Муносибати Арабистони Саудӣ ва Эрон баъд аз эъдом ё қатли Шайх Намр ан-Нимр, рӯҳонии маъруфи шиа ва 46 намояндаи дигари ин мазҳаб аз сӯи Арабистони Саудӣ дар рӯзи 2 январи соли ҷорӣ ба сардӣ гароид. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, шайх ан-Нимрро шаҳид хонд ва гуфт, ки Арабистони Саудиро барои ин амалаш “ҷазои илоҳӣ” интизор аст.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, муовини вазири умури хориҷии Эрон, шоми якшанбе дар вокуниш ба иқдоми ахири Арабистони Саудӣ гуфтааст, "Риёз наметавонад бо қатъи равобит бо Теҳрон бар хатои эъдоми Шайх Намр ан-Нимр сарпӯш бигузорад." Ҳоло мақомоти Эрон 40 нафар аз ҳамлагарон ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон боздошт кардаанд. Кӯчае, ки дар самти ин сафорат воқеъ аст, ба ифтихори шайхи эъдомшуда номи Намр ан-Нимрро гирифтааст.

Ҳамзамон, дар шарқи Арабистони Саудӣ, манотиқи шианишини ин кишвар дар эътироз ба эъдоми мубаллиғи маъруфи шиа тазоҳуроти густарда барпо шудааст. Чунин тазоҳурот дар Ироқ, Баҳрайн ва кишварҳои дигари минтақа низ баргузор шудаанд.

Шайх Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи тундрави шиаи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон, ки аз сӯйи Эрон пуштибонӣ мешавад, Арабистони Саудиро дар барангехтани низои фирқаӣ миёни мусалмонон муттаҳам карда ва аз тарафдоронаш даъват намудааст, ки ба ин тавтеа дода нашаванд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар иртибот ба эъдоми мубаллиғи маъруфи шиа ва тарафдоронаш аз ҷониби Арабистони Саудӣ ибрози таассуф карда ва гуфтааст, мумкин аст, ин амал барои боз ҳам бештар тезутунд шудани вазъият дар Ховари Миёна сабаб шавад. Вашингтон аз мақомоти Саудӣ даъват кардааст, то ба ибрози назарҳои мухолифон эҳтиром қоил шуда ва интиқоди онҳоро бипазирад.

Федерика Могеринӣ, намояндаи аршади Иттиҳоди Аврупо дар сиёсати хориҷӣ низ аз аҳли суннию шиа даъват кардааст, то аз тезутунд шудани вазъият ҷилавгирӣ кунанд.

Шайх ан-Нимр ва тарафдоронаш ба иттиҳоми даст доштан дар терроризм ба эъдом маҳкум шуданд.

Ин рӯҳонӣ ба ҳангоми эътирозҳои оммавии аҳли ташаюъ алайҳи сиёсати Арабистони Саудӣ дар соли 2011 дар миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Пас аз як сол мақомоти Саудӣ ӯро ба иттиҳоми даст доштан дар терроризм боздошт карданд. Вале ан-Нимр дар муҳокимаи додгоҳӣ гуфтааст, ки ҳеч гоҳ бо худ силоҳ надошта ва мардумро низ ба зӯроварӣ даъват накардааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки Эрон як кишвари шиа ва Арабистони Саудӣ кишвари суннӣ маҳсуб мешаванд, дар даҳсолаи ахир равобити ин ду кишвар тезутунд буд ва қатли Шайх ан-Нимр боис ба қатъи равобити дипломатии Эрону Саудӣ оварда расонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG