Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э.Раҳмон: Саудӣ шарики муҳими Тоҷикистон дар Ховари Миёна аст


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки Арабистони Саудиро дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна шарики муҳим хонд ва хостори таҳкими ҳамкориҳо бо ин кишвар аст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 3 январ дар мулоқот бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз гуфтааст, ки Душанбе Риёзро дар ҷаҳони араб ва минтақаи Ховари Миёна шарики муҳими худ медонад ва тарафдорӣ рушди ҳамкориҳост. Оқои Раҳмон ​бо сафари серӯза дар Арабистони Саудӣ ба сар мебарад ва дар ҷарёни ин сафараш миёни Душанбе ва Риёз панҷ санад имзо шудааст.

Ӯ бегоҳи 2 январ барои анҷоми ин сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ рафт. Дар ин сафар раиси ҷумҳурро шуморе аз мақомоти баландпояи давлатӣ, аз ҷумла вазирони умури хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, маориф ва илм ҳамроҳӣ доранд.

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо подшоҳи Арабистони Саудӣ бо ишора ба муштаракоти таърихиву тамаддунӣ ва маънавӣ миёни ду кишвар гуфтааст, "мо дар Тоҷикистон кишвари Арабистони Саудиро ба ҳайси шарики муҳими худ дар ҷаҳони арабу минтақаи Ховари Миёна мешиносем ва ба рушду таҳкими муносибатҳои гуногунҷанба бо он таваҷҷуҳи доимӣ дорем."

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва подшоҳи Арабистони Саудӣ роҷеъ ба таҳким ва густариши равобити сиёсиву иқтисодӣ, тиҷоративу фарҳангӣ ва амниятӣ миёни ду кишвар, гуфтугӯ кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ки аз ҷумла дар ин мулоқот таъкид шудааст, ҳар ду кишвар имкон доранд, дар бахшҳои амният, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкорӣ кунанд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот ҷониби Саудиро барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон даъват кардааст. Оқои Раҳмон гуфтааст, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҳанӯз ҷавобгӯи зарфияту имкониятҳои имрӯзаи ду кишвар нест ва даъват кардааст, ки ҷониби Арабистони Саудӣ дар тарҳҳои энержии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, зеристгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати фаромарзӣ ва истихроҷу корканди маъданҳои табиӣ ширкат кунад.

Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, миёни Тоҷикистон ва Арабистони Сауд панҷ санади ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи илму технология ва варзиш, ба имзо расиданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо вазири молияи Арабистони Саудӣ, раиси Шӯрои мудияти Фонди рушди саудӣ Иброҳим ибни Абдулазиз Ал-Ассоф ва валиаҳди он кишвар, муовини дуввуми раиси Шӯрои вазирон, вазири дифои Арабистони Саудӣ, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот кардааст.

Қаблан гуфта мешуд, ки дар назар аст дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти Арабистони Саудӣ дар канори муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, мавзӯи пайвастани Душанбе ба эътилофи исломӣ барои мубориза бо терроризмро баррасӣ шавад. Аммо дар ахбори расмӣ, ки то ба ҳол ба нашр расидааст, мавзӯъҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бештар дар меҳвари мулоқотҳои ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Саудӣ қарор доштаанд.

Рӯзи 21 декабр рӯзномаи арабии “Аш-Шарқ ал-Авсат” аз қавли Аъзамшо Латифзода, сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ навишта буд, ки ин кишвар мавзӯъи шомил шудан ба эътилофи исломиро баррасӣ мекунад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам гуфтанд, ки феълан давлати Тоҷикистон пешниҳоди Арабистони Саудиро дар ин замина мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода ва баъдан дар ин бора тасмим хоҳад гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG