Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе эълом кард, ки Шайх Нимр Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии саршиноси шиа ва аз мухолифони ҳукумати он кишвар, бо ҳамроҳии 46 нафари дигар эъдом шудаанд.

Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе эълом кард, ки Шайх Нимр Боқир Ан-Нимр, рӯҳонии саршиноси шиа бо ҳамроҳии 46 тани дигар эъдом шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар баёнияе, ки рӯзи шанбе вазорати умури дохилии Арабистони Саудӣ мунташир кард, ин афрод ба иттиҳоми даст доштан дар терроризм ба эъдом маҳкум шудаанд.

Шайх Нимр Боқир Ан-Нимр соли гузашта ба иттиҳоми раҳбарии ошӯб ва нооромӣ ва ончӣ мақомоти Арабистони Саудӣ заминасозӣ барои дахолати хориҷиҳо дар он кишвар хонданд, ба эъдом маҳкум шуда буд.

Ӯ ки дар шаҳри Қуми Эрон таҳсил карда буд, яке аз рӯҳониёни бонуфузи шиа дар Арабистон ва аз раҳбарони эътирозҳои шиаиён дар соли 2011 дар минтақаи Қатиф дар шарқи Арабистони Саудӣ ба шумор мерафт.

Ба гузориши хабаргузориҳо, хабари эъдоми ин афрод дар телевизиони Арабистони Саудӣ бо намоиши филме аз саҳнаҳои ҳамлаҳои террористии Ал-Қодиа дар як даҳаи гузашта оғоз шуд ва сипас Шайх Абдулазиз Аш-Шайх, муфтии аъзами Арабистони Саудӣ дар телевизион баромад намуда ва ин эъдомҳоро одилона хондааст.

Ҳукумати Арабистони Саудӣ байни солҳои 2003-2006 пас аз силсилатаркишҳо аз сӯи Ал-Қоида шумораи зиёде аз тундравҳои исломроиро боздошт кард, ки садҳо тан аз онҳо ба эъдом ё зиндон маҳкум шуданд.

Байни солҳои 2011-2013 низ дар ҷараёни эътирозҳои ақалияти шиаи ин кишвар садҳо тан боздошт шуданд. Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки дар ҷараёни ин эътирозҳо, ба кормандони пулис ҳамла сурат гирифта ва чанд тани онҳо кушта шудаанд.

Эъдоми ин 47 нафар аввалин эъдомҳо дар Арабистони Саудӣ дар соли нави милодӣ аст. Бинобар гузоришҳо, соли гузашта ҳади ақал 157 нафар дар Арабистони Саудӣ эъдом шуданд.

Дар пайи хабари нашри хабари эъдоми ин рӯҳонии саршиноси шиа, Аҳмад Хотамӣ, узви Маҷлиси хибрагони раҳбарии Эрон ва имоми ҷумъаи Теҳрон ба хабаргузории "Форс" гуфтааст, ки "шиаиёни Арабистони Саудӣ ба сабаби ин ҷиноят, ба таври ҳатмӣ рӯзи Оли Саъудро ба шоми сиёҳ табдил мекунанд."

Ӯ бо ишора ба амалиёти низомии Арабистони Саудӣ дар Яман ва марги даҳҳо зоири шиа, аз ҷумла зоирони эрони дар мавсими ҳаҷҷ гузашта, Арабистонро дорои режими ҷинояткор ва эъдоми Шайх Нимр Боқир Ан-Нимрро ҳам "идомаи ҷиноятиҳои Оли Саъуд" хондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG