Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаб Сафаров: Муносибати Тоҷикистону Эрон камранг шудааст


Раҷаб Сафаров
Раҷаб Сафаров

Раиси Маркази мутолеоти Эрони муосир дар Маскав гуфт, ки дар раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ таваҷуҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои Халиҷи Форс бештар шудааст.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 20 апрел дар Маскав бо ҳамтои эронияш Алии Лориҷонӣ дидору гуфтугӯ кард. Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон, гуфт, ки ин мулоқоти Зуҳуров бо дархости ҷониби Эрон сурат гирифтааст. Ӯ барои иштирок дар нишасти раҳбарони порлумонҳои 19 кишвари узви АвруОсиё дар Русия қарор дорад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муштаракоти таърихию фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Эронро заминае барои рушди ҳамкориҳои ду ҷониб унвон карда ва гуфтааст, "ҳеч кас наметавонад ба ҳамкорҳои дуҷониба монеъ шавад". Алии Лориҷонӣ низ гуфтааст, Эрон қасд дорад ҳамкориҳояшро бо Тоҷикистон густариш диҳад.

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алии Лориҷонӣ
Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Алии Лориҷонӣ

Дар охири соли гузашта дар пайи даъват ва иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ба як ҳамоиш дар Теҳрон мақомоти Тоҷикистон ба шиддат аз Эрон интиқод карда ва баъзе имом-хатибҳо Ҷумҳурии Исломиро пуштибони ба қавли онҳо "хоинон" номиданд. ​Аммо дар ҳамин ҳол коршиносон муносибатҳои ахири Тоҷикистону Эронро камранг арзёбӣ мекунанд. Ҳоло миёни ин ду кишвари ҳамзабон 160 қарордод ва мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва 50 ширкати эронӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Дар мусоҳибае аз Раҷаб Сафаров, раиси Маркази мутолеоти Эрони муосир дар Маскав пурсидем, оё бо ин ақида розӣ буда метавонад, ки муносиботи миёни Эрону Тоҷикистон вақтҳои охир камранг шудааст?

Раҷаб Сафаров: "Мутаассифона, равобити Эрону Тоҷикистон солҳои охир, ба назари ман, то андозае коста шудааст. Дар замони раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ва қабл аз он Муҳаммади Хотамӣ иртиботи Эрон бо Тоҷикистон ҳам аз лиҳози ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳам иқтисодиву тиҷорӣ хеле густарда буд. Эрон яке аз шарикҳои иқтисодӣ ва

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешини Эрон
Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури пешини Эрон

сиёсии Тоҷикистон дар минтақа ба шумор мерафт. Вале бо сиёсати нави Ҷумҳурии Исломӣ авлавиятҳо каме иваз шудаанд, ҳарчанд Эрон ба Осиёи Марказӣ хеле аҳамият қоил аст. Баъд, то андозае дар худи Тоҷикистон ҳам тағйироти назар дар робита бо ҳамкориҳо бо Эрон аз лиҳози назарӣ комилан практикал ва комилан воқеӣ ҳисобшудаву дақиқ назаршуда пиёда мешавад, ки ба муносибатҳо таъсир гузоштааст. Эрону Тоҷикистон на танҳо кишварҳои ҳамзабону ҳамтамаддуну ҳамфарҳанг ҳастанд, балки дар хеле мавридҳо манфиати мушатарак доранд ва барои якдигар нақши ҳамкори аслӣ ё партнёри аслӣ дар Осиёи Марказӣ коил ҳастанд. Бо вуҷуди ин муштаракот, ба назари ман, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ каме коста шудааст, ки он як ҳолати табииро дорад, чунки ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон як замони барои худ душвореро паси сар мекунанд ва худашон ҳам ҳолатеро доранд, ки аз вазъи геополитикии ҷаҳон об мехӯрад."

Озодӣ: Дар марҳилаи кунунӣ ҳам Эрон ва ҳам Тоҷикистон бо Русия ҳамкориҳои густарда ва муносибатҳои дӯстона доранд. Оё имкон дорад, ки дар ин миёна Эрон бо Тоҷикистон ё Тоҷикистон бо Эрон муносибаташон сард бошад?

Раҷаб Сафаров: "Ҳам Русия ва ҳам Эрон хеле алоқаманд ҳастанд ва манофеи хеле зиёде дар Тоҷикистон доранд. Дар аксари мавридҳо ин манофеъ барои ин ду кишвар муштарак аст. Ҳам Русия ва ҳам Эрон алоқаманди он ҳастанд, ки Тоҷикистон ҳар чӣ зудтар ба фазову маҷрои ҳамкориҳои Ғарб бо Эрону Русия баргардад."

Ҳасани Рӯҳонӣ
Ҳасани Рӯҳонӣ

Озодӣ: Фикр намекунед, ки бо омадани Ҳасани Рӯҳонӣ таваҷҷуҳи Эрон то андозае ба Ховари Миёна бештар шудааст, нисбат ба кишварҳои Осиёи Миёна, мисли Тоҷикистон?

Раҷаб Сафаров: "Бо ба сари қудрат омадани Ҳасани Рӯҳонӣ воқеан сиёсати хориҷии Эрон тағйир пайдо кард ва дар мавзӯи ҳамкорӣ бо ҳамсоягони худ, таваҷҷуҳ ба кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва умуман кишварҳои арабӣ бештар шуд. Бинобар ин, агар аз чаҳорчӯби ин сиёсат назар афканем, дар ҳақиқат сиёсати ҷадиди Эрон дар масъалаи ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷ тағйир пайдо кардааст ва бо омадани Рӯҳонӣ сиёсати ин кишвар дар муқоиса бо Осиёи Марказӣ бо Ховари Миёна бартарӣ дорад. Ин аз ҷумлаи авлавиятҳои ҷадиди сиёсати хориҷаи Эрон мебошад."

XS
SM
MD
LG