Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Файзулло Баротзода: Ҳадафи «Давлати исломӣ» аз байн бурдани Тоҷикистон аст


Файзулло Баротзода

Файзулло Баротзода

Раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд, як ҳадафи созмони тундрави «Давлати исломӣ» ҳамчун давлатҳои мустақил комилан аз байн бурдани кишварҳои мусалмоннишин, аз ҷумла Тоҷикистон аст.

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки фаъолиятҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ» ба бақои Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил таҳдид мекунад.

Маркази исломшиносӣ як муассисаи илмиву таҳқиқотӣ ва таҳлилии вобаста ба раисиҷумҳури Тоҷикистон буда, ҳанӯз дар соли 2008 таъсис ёфтааст ва як вазифааш пажӯҳиши муҳити динӣ дар ин кишвар ва атрофи он аст.

Исломшиноси тоҷик Файзулло Баротзода, ки як сол пеш раҳбари ин маркази таҳқиқотӣ таъин шуд, рӯзи 29 март дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, як қишри осебпазир дар муқобили даъватҳои мабнӣ бар дурӯғи мубаллиғони созмонҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ» ҷавонони кӯҳистонианд, ки тоза бо муҳити шаҳр ошно мешаванд. Қишри дигар, ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошанд, ки низ таҳти таъсири даъватҳои авомфиребонаи чунин гурӯҳҳо қарор мегиранд.

Файзулло Баротзода тарҳи «Хуросони бузург» - ба ном «вилоят» дар «хилофат»-и «Давлати исломӣ»-ро як хатари умда барои Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа меномад ва мегӯяд, ҳадафи асосии «Хуросони бузург» ноором кардани кишварҳои мусулмонии пасошӯравист.

Ф.Баротзода: Матлаби онҳо ҳамчун як вилоят ё ноҳияи хилофати бузург ҷойгузин кардани минтақаи ҷуғрофиёии Хуросон маҳсуб мешавад. Ин «вилоят» ба ғайр аз ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Иттиҳоди давлатҳои мустақил инчунин атрофи баҳри Хазар, қисмате аз Эрон, Афғонистон ва як қисмати Покистонро низ фаро мегирад. Ингуна густариш додани истилоҳи сиёсиву динӣ ба хотири омезиш додани минтақаҳои ороми собиқ Шӯравӣ бо минтақаҳои ноором ва хатарзои қисматҳои ҷанубии «Хуросони бузург» аст.

Озодӣ: Яъне мешавад гуфт, ки умқи стратегии онҳо аз байн бурдани кишварҳое, чун Тоҷикистон ҳамчун давлатдорист?

Ҷангҷӯёни тоҷики "Давлати исломӣ"

Ҷангҷӯёни тоҷики "Давлати исломӣ"

Ф.Баротзода: Аслан дар истилоҳи сиёсиву иҷтимоии созмони террористии «хилофати ормонӣ» мафҳуми давлат, миллат ва фарҳанги алоҳида гунҷоиш надорад. Онҳо тамоми миллатҳои ғайриарабро аслан эътироф намекунанд. Ва натанҳо ҷумҳурии Тоҷикистон, балки ҷумҳуриҳои дигарро ҳамчун як унсури хурд ё қисмати таркибии ин ба ном «хилофати бузург» донистанӣ ҳастанд.

Озодӣ: Чӣ омилҳое буд, ки ба ҳисоби мақомот, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони тоҷик ба ҳамин идеяи ба ном «хилофат» ва ба ном «сипоҳи муртазиқа»(зархарид) дода шуданду рафтанд ба як ҷанги бегона?

Ф.Баротзода: Аслан ҳанӯз аз оғози футӯҳоти исломӣ андешаи сипоҳи муздурон ё зархаридон, ки ба русӣ наёмник мегӯянд, дар оғоз, хусусан дар шимоли Африқо васеъ истифода мешуд. Бахусус ҳангоми убури гулӯгоҳи Гибралтар, ки дар асл ба номи Ҷабал-ул-Ториқ аст. Ӯ низ як сипоҳии муртазиқа буд. Дар он вақт ба Ҷабал-ул-Ториқ ва тарафдоронаш ваъда карданд, ки агар шумо бо идеяи Ислом аз ин гулӯгоҳ убур кунеду дар он сӯи баҳри Миёназамин ҷойгузин шавед, ҳар ғанимате ки онҷо ёфтед, аз они шумост. Ҳамин идея дар асрҳои минбаъда, хусусан дар ибтидои асри 20, ҳангоми аз байн бурдани империяи туркони усмонӣ, дар поёни асри 20 ҳангоми аз байн бурдани империяи Шӯравӣ аз тариқи сиёсикунонии Ислом дар Афғонистон ва имрӯз дар Сурияву Ироқ, аз назари мо, аз нав эҳё шуда истодааст.

Озодӣ: Аммо имрӯз бо шеваҳои муосир, бале?

Ф.Баротзода: Мазмуну мундариҷаи он вобаста ба муқаррарот ва тартибу масъалагузориҳои асру замонҳои гуногун тағйири ному роҳу равишу маъно мекунад.

Озодӣ: Имрӯз, тавре ба назар мерасад, шабакаҳои иҷтимоӣ ва Интернет зиёд истифода мешаванд барои ҷамъ овардани зархаридон.

Ф.Баротзода: Воситаи асосии ҷалби шаҳрвандони гумроҳ ва бахусус насли ҷавон дар шароити кунунӣ табодулоти бисёр васеъ ва тезтаъсири шабакаҳои иҷтимоии Интернет шудааст. Интернет ҳам ҷанбаҳои мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Шахсе ки муҳаққиқ ва росткор бошад, албатта, аз захираҳои фаровони Интернет барои худ маълумоти бисёр муфид дастрас карда метавонад. Вале ҷанбаи манфии сомонаҳо ва шабакаҳои Интернет иборат аз он аст, ки аз ин васила бо роҳҳои гуногун таъсиррасонӣ, ҷалб намудан, ба доми фиребу найрангҳои гурӯҳу созмонҳои манфиатдор ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷавонон бисёр осон гардидааст.

Озодӣ: Идеяи асосии «Давлати исломӣ», яъне таъсиси ба ном «хилофати одил» ё «хилофати ормонӣ», ба назари шумо, ботил аст?

Ф.Баротзода: Идеяи ботили «хилофати ормонӣ» ба он далел татбиқношуданист, ки дар матни сиёсати ҷаҳонӣ чунин ваъдабозиҳо алакай чандин бор рӯи кор омадааст. Агар ба таърихи Ховари Миёна назар андозем, чунин бозиҳои бузурги сиёсиву геополитикӣ ҳам дар заминаи таъсиси равияҳои мазҳабмонанди гуногун, ҳам дар заминаи пуштибонии ниҳодҳои қавмиву нажодие, ба мисли панарабизм, пантуркизм ва панэронизм дар матни фарҳанги исломӣ дар давраҳои гуногуг дучор омадааст. Ҳар боре ки ин ё он самти шиддат додани меҳвари динию мазҳабиро қудратҳои ҷаҳонӣ рӯи кор меоварданд, масъалаи эҳёи «хилофати ормонӣ» дар ҳамон ҳудудҳои асри миёнааш барои ба ҷониби худ ҷалб кардани гурӯҳҳо ё давлатҳои иҷрокунанда ба кор бурда мешуд. Аз ҷумла дар поёни асри 19 ва ибтидои асри 20 ваъдаи қудратҳои ҷаҳонӣ ба унсури дар ҳоли тақвияти арабигароӣ таъсиси як хилофати Араб мабнӣ бар забон ва фарҳанги арабӣ буд. Вале баъде ки мақсад пиёда шуд ва империяи усмонӣ аз байн рафт, ваъдаи таъсиси «хилофати ормонӣ» ҳам бо пеш овардани сабабу баҳонаҳои гуногун аз байн рафт ва ба ҷои «хилофат» беш аз 20 давлати алоҳидаи арабӣ ташкил шуд.

Озодӣ: Яъне идеяи ба ном «хилофат»-и «Давлати исломӣ» низ як фиреби назар аст ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва ба қудрат?

Ф.Баротзода: Ба назари мо, идеяи «хилофати бузург» ба хотири пиёда кардани манфиатҳои геополитикӣ ва иқтисодии қудратҳои ҷаҳонӣ дар минтақаи аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофиёӣ бисёр қулайи Ховари Миёна ва Африқои шимолӣ мебошад.

Озодӣ: Агар аз Тоҷикистон сӯҳбат кунем, ба назари Шумо, кадом қишрҳои аҳолӣ бештар осебпазиранд дар муқобили таблиғоти гурӯҳҳои тундраве, чун «Давлати исломӣ»?

Ин зани тоҷик барои ширкат дар ҷанги Сурия маҳкум ба зиндон шудааст

Ин зани тоҷик барои ширкат дар ҷанги Сурия маҳкум ба зиндон шудааст

Ф.Баротзода: Ба назари мо, қишри асосии осебпазир дар ҷомиаи кунунии Тоҷикистон ин ҷавонони бесавод ва то андозае моил ба фитнаву ҷангҷӯиҳо ҳастанд, ки бештар аз муҳити деҳотӣ ва кӯҳистонӣ вориди шаҳрҳои бузург ва муносибатҳои нави иҷтимоию меҳнатӣ мешаванд. Онҳо бисёр садоқату муносибати холисона доранд ва ин «камбудӣ»-и онҳоро нирӯҳои манфиатхоҳ зуд эҳсос карда, ба шустани мағзи онҳо иқдом меварзанд. Ва мутаассифона, ин гуна ҷавонону шаҳрвандони ноогоҳ зуд ба доми фиреби онҳо меафтанд ва берун омадани онҳо аз тори анкабутии чунин гурӯҳҳо дар марҳалаҳои баъдӣ мушкил мегардад.

Озодӣ: Аммо дар Тоҷикистон чӣ корҳое бояд анҷом дод, ки мардуми мо дигар фирефтаи чунин гурӯҳҳо нашаванд?

Ф.Баротзода: Сиёсати созандагиву ободонӣ, ифтитоҳи корхонаҳои гуногуни истеҳсоливу саноатӣ, васеъ намудани боғистонҳо, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба сиёсати кадрӣ дар бахши ҷавонон, дар воқеъ метавонад аҳолии Тоҷикистонро дар атрофи сиёсати созандагӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон муттаҳид намояд. Мо мутмаинем, ки ин сиёсат дар ояндаи наздик ҳам барои решакан кардани гароиши ҷавонон ба чунин равандҳо ва ҳам барои кам шудани раванди ба муҳоҷирати корӣ рафтани ҷавонони мо мусоидат менамояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG