Пайвандҳои дастрасӣ

Барои рӯфтани минаҳо ба Тоҷикистон боз 80 миллион доллар лозим будааст


Маркази Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо уҳдадор шудааст то соли 2020 қаламрави кишварро пурра аз мина ва дигар аслиҳаи тарканда пок кунад.

Масъулони Маркази минарӯбии Тоҷикистон мегӯянд, дар даҳ соли ахир барои поккории қаламрави Тоҷикистон аз минаҳо 42 миллион доллар сарф шудааст, вале барои поккории комил ин кишвар ва иҷрои тамоми муқаррароти Паймони Оттава ба 80 миллион доллари дигар ниёз дорад.

Тоҷикистон соли 2003 ба Паймони Оттава ҳамроҳ шуд. Ин санад истифодаи минаҳои зиддинафар, аз ҷумла тавлид, харидуфурӯш ва истифодаи минаҳои зиддинафарро манъ мекунад.


Ҳамоиши зидди минаҳо дар Душанбе

Ҳамоиши зидди минаҳо дар Душанбе

Муҳаббат Иброҳимов, раҳбари Маркази минарӯбии Тоҷикистон, рӯзи 17 сентябр дар як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, ки поккории минаҳо то соли 2020 идома дода шавад. Ҷаноби Иброҳимов гуфт, аз 2004 то 2013 беш аз 42 ҳазор мина аз майдони қариб 11, 5 километри мураббаъ бардошта шуд ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мунфаҷир карда шуд. Поккорӣ танҳо дар марзи Афғонистон ва манотиқи марказии кишвар анҷом шуда, марзҳои шимолу шарқӣ ҳанӯз дастнохӯрда боқӣ мондаанд.

Майдонҳои минакоришуда дар дохили кишвар мероси замони ҷанги шаҳрвандист. Марзи Тоҷикистону Афғонистонро дар вақташ марзбонони рус ва марзи Узбакистон бо Тоҷикистонро сар аз поёни солҳои 90 ҷониби Тошканд минакорӣ карданд.



Ба гуфтаи масъулони минарӯбӣ, поккории минаҳо дар марзи Узбакистон аз мушкилоти умда боқӣ мемонад, зеро кишвари ҳамсоя моил ба ҳамкорӣ нест. Минарӯбҳо ин минтақаро хатарноктарин минтақаи Тоҷикистон унвон мекунанд.

Парвиз Мавлонқулов, ҳамоҳангсози барномаҳои Маркази минарӯбии Тоҷикистон, мегӯяд, кишварро зарур аст, ки гурӯҳҳои нақбзан ва ё сапёрӣ ташкил кунад, дар акси ҳол, ба гуфтаи ӯ,танҳо бо сагҳои бӯгир ва мошинҳо поккорӣ то соли 2027 идома мекунад. Дар ҳоли ҳозир танҳо 260 нафар ба поккории майдонҳои мина машғул будаанд.


Улмасҷон Давлатов

Улмасҷон Давлатов

Улмасҷон Давлатов, ҳамоҳангсози Созмони Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2000 инҷониб барои паст кардани сатҳи хатар миёни аҳолӣ, алалхусус шаш ноҳияи наздик ба марзи Узбакистон корҳои таблиғу ташвиқотӣ анҷом мегирад. Ба қавли ин масъули Ҳилоли Аҳмар, агарчи дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ҳанӯз ҳам минаҳо ҷой доранд, аммо имкони берун овардани онҳо вуҷуд дорад. Кореро, ки наметавон дар марзи Узбакистон анҷом дод.

Танҳо Тоҷикистон нест, ки аз таркиши ногаҳонии минаҳо дар марзи Узбакистон хисороти ҷонӣ мебинад. Ин кишвар дар марзҳои ҳамсоякишвари Қирғизистон низ мина кишт кардааст. Далели мақомоти Тошканд барои минакорӣ дар марзи кишварҳои ҳамсоя дар соли 1999, ҷилавгирӣ аз вуруди террористҳо ба қаламрави Узбакистон буд. Аммо аз он сол то ба ҳол дар марзҳои минакоришуда касе ба ҷуз шаҳрвандони мулкӣ, бо шумули сокинони худи Узбакистон, ҳалок ва ё маъюб нашудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар Узбакистон барномаи огоҳсозии аҳолӣ ва поккории марз аз минаҳо вуҷуд надорад, миёни ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Узбакистон ва Тоҷикистон ҳеҷ гуна робитае дар ин масъала нест.

Шурӯъ аз соли 1992 то кунун дар Тоҷикистон 479 нафар аз бархӯрд бо мина осеб дида, 368 нафар бар асари таркидани минаҳо кушта шудаанд. 30 дарсади кулли ҷабрдидагони мина дар Тоҷикистон ҷавонону кӯдакон будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG