Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳосира, мухолифат ба Роғун, минакории марз, раводид, боздошти “ҷосусҳо”, Намангонӣ ва Худойбердиев...

Равобити Тоҷикистону Узбакистон аз миёнаҳои солҳои 90 ба ин тараф ҳамеша дар лобалои танишҳост ва асосан рӯи ҳамин масоил, ки азобашро дар ҳарду сӯи марзи ин ду кишвари ҳамсоя аслан мардуми оддӣ мекашад. Аммо чаро то имрӯз барои ҳалли ин мушкилоти ҷамъшуда ва оддӣ сохтани равобит иродаи росихе дида намешавад – на аз Тошканд ва на аз Душанбе?

Вақте ҳама деворем...

Ҷанги сарди давомдор дар равобити Душанбеву Тошкандро метавон ба содагӣ бо ин сатри шеър хулоса кард, ки: “Ту роҳи маро бастӣ, ман роҳи туро бастам”. Оқибати ин “роҳбандӣ” сатри дуввуми ин байт аст, ки мегӯяд: “Умеди раҳоӣ нест, вақте ҳама деворем.”

Шаҳноз, як сокини Самарқанд, ки бо вуҷуди 17 соли издивоҷ ва таваллуди 3 фарзанд то ҳол шаҳрвандии Узбакистонро надорад ва танҳо бо як санади “фуқаросӣ эмас” мегардад, мегӯяд, ба иллати банд монданаш дар марз чанд сол пеш натавонист ба дафни ҷанозаи падараш ба Душанбе бирасад. Аммо дар бораи охирин бори убураш аз марзи Узбакистону Тоҷикистон Шаҳноз гуфт: “Ман аз рӯи қоида аввал виза гирифтам. Вале вақте ба сарҳад омадам, гуфтанд, ки ба ғайр аз виза як барқия даркор, ки шуморо таъҷилан даъват кардаанд. Дар ҳамаи ҷои дунё фақат виза кофист, ки аз марз гузаред, аммо дар ин ҷо - не. Маҷбур ба Самарқанд занг задем, аз онҷо ба ва ба як почтаи наздиктарин бароям барқия фиристоданд. Баъд ман бо ин барқия ба сарҳад баргаштам. Қариб 2 соатам гум шуд барои ин. Болои ин, мо барои визагирӣ бояд аз Самарқанд то худи Тошканд равем. ”

Чанд соати дигари Шаҳноз дар гумрук сарф шуд ва ӯ фақат соати панҷи шом ва он ҳам баъди мусодираи занҷири нуқрааш тавонист, пой ба марзи Тоҷикистон гузорад. Ҳамин тавр, ҳар рӯз садҳо нафар дар марз соатҳо дармемонанд. Бар илова, Тошканд ахиран аз 16 гузаргоҳи марзӣ 7-тоашро бо баҳонаи “тармим” баст, ки боз ба мушкили мардум афзуд.

Газ барои ТАЛКО

Муродалӣ Алимардон

Муродалӣ Алимардон

Аммо машаққати мардуми оддӣ танҳо як паёмади ҷавви ҳоким дар равобити солҳо боз тӯфонзадаи Душанбеву Тошканд аст, ки ҳар солаш бо танише оғозу бо танише дигар анҷом мешавад ва соли нави 2012 низ аз ин ҷумла истисно нашуд. Тошканд рӯзи 4 январ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард. Аз ин газ ба мардуми кишвари мо чанд сол боз бӯе ҳам намерасид, вале фаъолияти ТАЛКО – бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон зери хатар омад. Ва аллакай рӯзе баъд як ҳайат ба раҳбарии муовини сарвазир Муродалии Алимардон оҷилан ба Тошканд рафт ва ба гуфтаи расонаҳо, Узбакистон дар ивази ваъдаи сар додани об ба обанборҳои имсол холимондааш содироти газ ба Тоҷикистонро аз сар гирифт.

Аммо ҳафтае баъд Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон ба оташи ҷангҳои лафзии ду кишвар равғани нав рехт ва Узбакистонро дар “муҳосираи роҳҳои оҳани Тоҷикистон” айбдор карда гуфт, ин “як амали сирф сиёсист.” Ин изҳороти тунд дар посух ба ду моҳ боз қатъ шудани ҳаракати қаторҳо ба вилояти Хатлон буд. Узбакистон мегӯяд, ҳаракати қаторҳо дар ин самт аз 16 ноябр дар пайи “тахриби як пули роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг ба иллати ҳамлаи террористӣ” мутаваққиф шудааст.

Дар Душанбе ба ин ҳарф бовар надоранд ва мегӯянд, Узбакистон мехоҳад бозори пурфоидаи транзити колоҳо барои нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро ба монополия кунад. Усмон Қаландаров, муовини дигари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон гуфт, Тошканд бо як қарори маҳрамонааш Тоҷикистонро ҳадафмандона аз ин бозор берун мекунад: «Транзит дар ҳақиқат кам шудааст. Соли 2011 транзит нисбат ба соли 2010 як миллион тонна ва нисбат ба соли 2009 панҷ миллион тонна кам шуд. Имсол боз 50 дарсад коҳиш ёфт.»

Баҳс аз Самарқанду Бухоро сар шуд

Таҳлилгари тоҷик Рашид Ғанӣ мегӯяд, собиқаи таниш байни нухбагони Тоҷикистону Узбакистон ҳанӯз ба авоили солҳои 20, даврони тақсимоти марзӣ дар Осиёи Марказӣ мекашад ва баҳси аз кӣ будани марокизи таърихие, чун Бухорову Самарқанд, дар тамоми тӯли вуҷуди Иттиҳоди Шӯравӣ оташи ин баҳсҳоро гарм нигоҳ медошт, вале асосан дар доираи нухбагони фарҳангиву сиёсии ду ҷумҳурӣ. Вале, меафзояд Рашид Ғанӣ, танишҳо вақте авҷ гирифт, ки Шӯравӣ аз байн рафт ва баҳси ҷумҳуриҳои “дӯсту бародар” бедовар монд: “Азбаски мо ҳама дар як давлат зиндагӣ мекардем, байни мо кадом девори Чин набуд. Вале чун СССР – як омили мушкилсоз ва ҳам файсалакунандаи ин мушкилҳо – аз миён рафт, дигар омиле набуд, ки пеши роҳи амиқтар шудани сардии байни Тоҷикистону Узбакистонро бигирад.”

Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Тошканд, 11 июни соли 2010.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Тошканд, 11 июни соли 2010.

Бо суқути Шӯравӣ Тоҷикистон ба вартаи ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки ҳазорон нафарро кушта, садҳо ҳазори дигарро дарбадар кард. Узбакистон дар ин низоъ аз Фронти халқӣ пуштибонӣ мекард ва ба гуфтаи шоҳидони ҳол, нақши раҳбараш Ислом Каримов дар амри ба қудрат расондани Эмомалӣ Раҳмон дар поёни соли 1992 андак набуд. Сардӣ байни онҳо вақте уфтод, ки Эмомалӣ Раҳмон бо канор задани нухбагони сиёсии рӯ ба Тошканд, назири Абдумалик Абдуллоҷонов ва Абдуҷалил Ҳомидов, вобастагиаш аз Тошкандро коҳиш дод. Дар посух бригадаи ҳанӯз муқтадири сарҳанг Маҳмуд Худойбердиев чанд ошӯб ба по кард, вале соли 1997, вақте Эмомалӣ Раҳмон дар музокироти сулҳ бо мухолифини исломиаш гурӯҳҳои тарафдори Тошкандро ҳамчун нирӯи севум напазируфт, ошӯби охирини Худойбердиев ҳам ноком шуд ва худи ӯ аз Тоҷикистон рафт. Соли 1998 ӯ аз қаламрави Узбакистон ба вилояти Суғд ҳамла кард, вале боз шикаст хӯрд.

Аз сӯи дигар, Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар солҳои ҷанги Тоҷикистон дар канори нирӯҳои мухолифин меҷангид, баъди ҷанг чанд талоши вуруд ба Узбакистонро кард. Бо вуҷуди аз Тоҷикистон рондани ҷангиёни ин ҳаракат, Тошканд аз оғози солҳои 2000 ба эъмоли низоми раводид бо Тоҷикистон ва минакории марзҳояш иқдом кард ва бар асари таркиши минаҳо дар марз дар ин чанд сол 350 кас ҷон бохтанд.

Шикояти Душанбе ба СММ

Ҷанги сарди ду кишвар баъдан ба соҳоти барқу газ ва ҳаракати қатору мошинҳо густариш ёфт ва Узбакистон аз таъмини Тоҷикистон бо нирӯи барқ дар фасли сармо даст кашида, содироти газашро ҳам дар ин муддат 10 маротиба коҳиш дод ва дар роҳи ҳаракати қаторҳои роҳии Тоҷикистон дар роҳҳои оҳанаш низ мавонеъ месохт. Дар соли 2010 Душанбе Тошкандро ба боздошти 3000 вагон ва “муҳосираи иқтисодӣ” айбдор кард ва ҳатто ба СММ ва САҲА шикоят бурд.

Мухолифати Тошканд ба эҳдоси нирӯгоҳҳои азим дар Тоҷикистон ҷабҳаи дигари ҷанги сардест, ки байни ду ҳамсоя идома дорад. Чин аз сохтани нирӯгоҳи Зарафшон то замони ҳалли ихтилофоти Тошканду Душанбе даст кашид. Ширкати РусАл низ таҳти фишориТошканд аз сохтмони нирӯгоҳи барои Тоҷикистон ҳаётан муҳими Роғун канор рафт ва Душанбе бо вуҷуди чанд соли ҷустуҷӯи сармоя ва нимаиҷборан аз мардум ҷамъ кардани 180 миллион доллар пули кофӣ барои сохтани Роғунро наёфт ва бо пахши батакрори чанд навор дар телевизион худрову мардумро таскин медиҳад, ки ин сохтмон гӯё идома дорад.

Лаҳни “ғайридӯстона”-и матбуот ва Ҳаракати “Салом”

Лаҳни дар бозтоби ин мавзӯъи ҳассос хеле тунд ва ба таъбири сафири Узбакистон дар Душанбе, “ғайридӯстона” -и расонаҳои ду кишвар ҳам то ҳол дар ин ҷанги сард нақши “тировар”-ро бозӣ мекунад, то як камоншиканро. Душмантарошӣ аз Узбакистон ва даъвати аз як гиребон сар баровардан дар муқобили ин “душман” дар нашрияҳои тоҷикӣ ва баръаксаш дар матбуоти узбакӣ фаровон дида мешавад.

Сафват Бурҳонов, журналисти тоҷик

Сафват Бурҳонов, журналисти тоҷик

Вале хабарнигори ҳафтаномаи мустақили “СССР” Сафват Бурҳонов ҳам ҳаст, ки барои мусоидат ба “хатми ҷанги сард” байни ду кишвари ҳамсоя бо номи “Салом” як ҳаракати мардумӣ сохтанист. Ба эътиқоди Сафват Бурҳонов, Тоҷикистону Узбакистон ҳарду дастхуши бозии қудратҳое, чун Русия, шудаанд, ки мехоҳад "обро лой карда, моҳӣ бигирад”: “Мақсади ман гум накардани дӯстии миллатҳост. Вақте Амир Темур Ҳиндро гирифт, фарҳанги тоҷикиро бурд ба онҷо. Ин ду миллат ягон вақт бо ҳам бадбиниву бадхоҳӣ надошт. Бадбиниву бадхоҳие, ки ҳозир ҳаст, чизи сохта ва аз ҷониби қувваҳои дигар болои ин ду миллат таҳмилшуда аст. Байни Тоҷикистону Узбакистон ягон мушкили ҷиддие нест, ки ҳалл нашавад. Қазияи қаторҳо ва дигар муносиботе, ки вайрон мешуморанд,байни ду идора аст. Марҳамат, ҷаноби Ҳукумов равад ва мушкилоташро бо раиси ширкати роҳи оҳани Узбакистон ҳалл кунад. Ё раҳбарони идороти газу барқ. Аммо Русия ин ҳамаро калон карда, нишон доданӣ мешавад, ки байни Душанбеву Тошканд мушкилоти сиёсист.”

Дар маҳофили чӣ Тоҷикистону чӣ Узбакистон мегӯянд, ки ин ҷанги сарди беохир ҳамаро хаста кардааст, вале то ҳол ягон ҷониби дахил иродаи кофӣ надорад, ки “мардакворӣ” шинанд ва ҳама мушкилоти ҷамъшуда байни ду ҳамсояро ҳалл кунанд. Аммо таҳлилгари тоҷик Рашиди Ғанӣ мегӯяд, ягон гузашт ба Узбакистон ба ҳалли мушкилоти ҷамъшуда байни мо нахоҳад овард: “Онҳо аз Тоҷикистон гузашт намехоҳанд, мутеъияти томро мехоҳанд. Ва ин табиист. Ҳар кишваре, ки имконоту зарфиятҳои баландтар дорад, ҳеҷ гоҳ омода нест, то бо он кишваре, ки дороии камтар дорад, дар асоси баробарӣ сӯҳбат кунад. Ин фикр ҳатто ба сараш намеояд. Ва агар мо хоҳем, ки Тошканд тасмимҳои моро ҷиддан бипазирад, мо бояд аз имконоти баробар бо ҳамсояамон бархӯрдор шавем.”

Ду раисиҷумҳур бояд бишинанд

Зафари Сӯфӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” мегӯяд, авоқиби ҷанги сарди Тоҷикистону Узбакистонро дар пӯсти худ санҷидааст ва 7 сол боз наметавонад аз пайвандонаш дар Фарғона аёдат кунад. Ба ақидаи ӯ, танҳо дар сурати мудохилаи мустақим ва музокироти рӯбарӯи Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон метавон умедвори расидан ба як рӯзи рӯшан дар равобити Тошканду Душанбе шуд: “Аз ёди мо нарафта, ки оқои Раҳмон дар давраҳои аввал Каримовро ҳатто “падар” мегуфт. Муносиботи ин ду ки хуб буд, муносиботи давлатҳо ҳам хуб буд. Низом дар ҳарду кишвар як аст ва тамоми умур – дар дасти шахсони аввал. Ва ягон каси дигар мисли ин ду раисиҷумҳур, ки ба музокира бишинанд, равобитро хуб карда наметавонад. Имрӯз равобити ду нафар –Каримов ва Раҳмон – ба он оварда, ки ҳазорон нафар ба мушкил мувоҷеҳанд. Бубинед, як муроҷиати раисиҷумҳури Тоҷикистон ва сафари Муродалии Алимардон ба Тошканд мушкили газро ҳалл кард. Пас мешудааст.”

Камолиддин Раббимов, таҳлилгари узбаки муқими Фаронса мегӯяд, низомҳои ҳоким дар Тоҷикистону Узбакистон танҳо аз лиҳози дараҷаи худкомагиашон фарқ мекунанд ва хатти машши чунин низомҳо мабнӣ бар назари шахсии раҳбари аввал аст. Ба бовари ӯ, раҳбарони кунунии Тоҷикистону Узбакистон ба рафъи мушкилот дар равобити дуҷониба аслан ирода ва иқдом нахоҳанд кард: “Фарҳанг ва биниши ҳокимони кунунии мо алакай ташаккул ёфтааст ва гумон аст, ки тағйир ёбад. Аммо Узбакистон ба маҳзи синни нухбагонаш дар остонаи навсозии раҳбарият қарор дорад. Шояд баъди 3 ё 4 соли дигар ин раванд такмил шавад ва фурсати муносиб барои таҷдиди назар дар равобити ду ҳамсоякишвар пеш биояд. Аммо дар ҳоли ҳозир, иродаи сиёсӣ барои чунин бозбинӣ кофӣ нест ва дар чанд соли наздик ҳам, мутаассифона, барои ин кифоят нахоҳад кард.”

Аз дасти вазири узбак чӣ меояд?

Ба назари як мусоҳиби мо, Душанбе бояд барои ёфтани забони Тошканд гузаштҳое карда, барои мисол, дар раҳбарии идораҳои мушкилдоре, чун роҳи оҳан, ё газу барқ узбакҳоеро шинонад, ки бо Узбакистон зудтару хубтар забон биёбанд. Ваё дар марҳалаи феълӣ аз ҳамон 45 метре, ки Узбакистон мехоҳад, аз баландии сарбанди нирӯгоҳи Роғун гузарад. Вагарна шояд умри чанд насл дар азоб гузарад то онки Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсиониву буҳрони энержӣ берун ояд.

Таҳлилгарон мегӯянд, инзивоъгароӣ ва гурез аз ҳар навъ ҳамоиши минтақавӣ ба суди Узбакистон ҳам нест, ки ҳамеша орзуи табдил ёфтан ба як лидери минтақаро дар сар дошту дорад. Ба ақидаи онҳо, Узбакистон бо мавқеъи хуби ҷуғрофӣ ва марзҳои мустақим бо ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонист танҳо бо боз кардани марзҳову бозорҳояш ва додани иҷозат ба равуои озоди мардум ва ҳамлу нақли озодонаи колоҳо ба як кишвари шукуфо табдил ёбад.

Зафари Сӯфӣ, журналисти тоҷик

Зафари Сӯфӣ, журналисти тоҷик

Зафари Сӯфӣ мегӯяд, ҷанги сарди Тоҷикистону Узбакистон баранда надорад ва ба зиёни ҳарду тамом хоҳад шуд. Вале ба ақидаи ӯ, ҷониби асосии бозанда мардум аст, ки дар байни ду сангари ин ҷанги зоҳиран тамомношуданӣ мондааст. Шаҳноз, мусоҳиби мо аз Самарқанд ҳам мегӯяд, набояд мардуми оддиро гаравгони сиёсат ва чунин бечора кунанд: “Хеле зиёданд одамоне ки ҳатто ба мурдаи хешовандони худ расида наметавонанд. Дар марз ҳар дафъа мардуми зиёдеро мебинам, ки бо чизу чораашон қатор нишастаанд. Ҳама медонад, ки ин сиёсат аст. Сиёсат набояд ба рӯзгори мардуми оддӣ халал расонад. Одамон барои сиёсат шуда, хешутабориро бас намекунанд. Хоҳед-нахоҳед, равуо мекунанд, мурда ҳаст, зинда ҳаст, тӯй ҳаст, мардум бояд равуо кунанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG