Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Узбакистон сайёди тоҷикро рабуданд


Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон (акс аз бойгонӣ)
Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон (акс аз бойгонӣ)

Тақдири як сокини Ашт, ки низомиёни узбак ӯро дастгир ва ба қаламрави Узбакистон бурдаанд, норӯшан боқӣ мондааст.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷониби Узбакистон то кунун онҳоро дар мавриди ин қазия дар ҷараён нагузоштаанд.

Пайвандони Ҳамзаалӣ Хидиров, сокини деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт, мегӯянд, нимарӯзи 23-юми декабри соли гузашта гурӯҳи низомиёни узбак, ки ба он афсарони марзбонӣ низ шомил буданд, Хидировро дар манзили зисташ боздошт кардаанд. Ҳамчунин, низомиёни Узбакистон хонаи ӯро ҷустуҷӯ намуда, як силоҳи шикориро мусодира кардаанд, ки ба як шикорчӣ - шаҳрванди Узбакистон тааллуқ доштааст.

Деҳаи наздимарзии Сарваки ҷамоати Пунуки ноҳияи Ашти Тоҷикистон аз чаҳор сӯ дар иҳотаи ноҳияи Попи вилояти Намангони Узбакистон воқеъ аст. Соли гузашта марзбонҳои узбак дар сари ягона роҳи иртиботии ин маҳал бо вилояти Суғд садд эҷод карда, маҳалли мазкурро ба қатори мавзеъҳои баҳсноки марзӣ дохил карданд.

Иқбол Нуриддинов, аз хешовандони Ҳамзаалӣ Хидиров, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "Ҳамзаалӣ чӯпонӣ мекард ва гоҳе ба сайёдӣ низ машғул мешуд. Рӯзи боздошт ӯ ҳамроҳи як шиноси узбакаш - Бароталӣ, сокини як деҳаи наздимарзии Узбакистон, аз шикор баргашт. Эҳтимол шикори онҳо дар хоки Узбакистон сурат гирифта буд, ки ба дунболи он низомиёни узбак омада, онҳоро дастгир карданд."

Ба гуфтаи Нуриддинов, аз боздошти Ҳамзаалӣ Хидирови 31-сола беш аз ним моҳ сипарӣ мешавад, аммо наздиконаш аз сарнавишти ӯ ҳеҷ иттилое надоранд. Онҳо мегӯянд, аз рафтан ба вилояти Намангони Узбакистон ба хотири огаҳӣ ёфтан аз вазъи хешованди боздоштшудаи худ ҳарос доранд.

Мақомоти маҳаллии тоҷик гуфтаанд, ки ба ҷониби
Шариф Назаров,сардори Идораи корҳои дохилии Суғд
Шариф Назаров,сардори Идораи корҳои дохилии Суғд
Узбакистон номаи расмӣ фиристоданд ва аз онҳо шарҳи қазия ва озод кардани шаҳрванди Тоҷикистонро тақозо намудаанд.

Шариф Назаров, сардори идораи корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 10-уми январ дар ҳузури хабарнигорон ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Ҳамзаалӣ Хидиров аз ҷониби мақомоти узбак барои марзшиканӣ боздошт шудааст.

Генерал Назаров дар бораи ҷузъиёти боздошти шаҳрванди Тоҷикистон, ки бино бар гуфтаи наздиконаш, баъди бозгашт аз шикор дар манзили зисташ, дар деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт аз ҷониби низомиёни узбак дастгир ва ба Узбакистон интиқол шудааст суҳбат накард ва танҳо афзуд, ба таҳқиқи ин қазия Ситоди марзбонии Суғд машғул аст.

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз ситоди марзбонии Суғд ба РО гуфтанд, ки аз ҳодисаи дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудани сокини ноҳияи Ашт - Ҳамзаалӣ Хидиров аз ҷониби марбонҳои узбак хабар доранд ва бо дархости тавзеҳи ин ҳодиса ва раҳоии шаҳрванди Тоҷикистон, ба ҳамтоёни узбаки худ муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол аз ҷониби Узбакистон посухе дарёфт накардаанд.
XS
SM
MD
LG