Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон роҳи "ҷазираи марзӣ"-ро бастааcт


Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом
Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом

Марзбонони узбак тӯли як ҳафта танҳо ба 3 сокини деҳаи Равот иҷоза додаанд, ки ба заминҳои худ, дар як «ҷазираи марзӣ» гузаранд.

Маъруф Маҳмадов, сокини деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом, яке аз онҳост, ки дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, марзбонони узбак шурӯъ аз 31-уми июл вуруд ба ин заминҳоро манъ карданд ва бар асари талошҳо, танҳо се нафар муваффақ шуданд, ки ба заминҳояшон гузаранд: «Барои нигоҳубини гову мол ва обдорӣ се кас гузашт. Дигар масъала ҳал нашуд. Худи ман нав сари замин расидам. Дидам ҳама ҷо обталаб шудааст. Ҳаво ҳам сахт гарм аст. Об ҳасту обмон нест.»

"ҶАЗИРАИ МАРЗӢ" ДАР "МУҲОСИРА"

Маъруф Маҳмадов ва ду тани дигар акнун 58 гектар заминро бояд об
Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом

монанд ва гову моли бақия 55 нафарро низ нигоҳубин намоянд. Ин маротибаи чандум аст, ки тайи солҳои ахир сокинони деҳаи Равот ба ҳамчунин мушкил дучор меоянд. Баҳори соли гузашта вақте марзбонони ӯзбак онҳоро нагузоштанд, ки ба киштукор машғул шаванд, сокинони деҳа ҳатто даст ба як тазоҳуроти эътирозӣ задаанд,

Марзбонони ӯзбак ҳар дафъа баҳонаи мухталиф меоранд. Ин дафъа баҳона пеш овардаанд, ки гузаргоҳи марзӣ таъмир мешавад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
Линки мустақим


Аммо Боҳирҷон Шарипов, сарвари ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом мегӯяд, қаблан Узбакистон ба мақомоти зидахли Тоҷикистон номае расидааст, ки дар он сабабҳои ташдиди назорати марзӣ шарҳ дода шудааст: «Ман шахсан бо марзбонони узбак сӯҳбат карда будам. Онҳо гуфтанд, ки ду рӯз баъд ҳама масъалаҳо ҳал мешавад. Ягон мушкил нест гуфтанд. Ҳоло сар карданд барои иҷоза додан. Сабабро тайёрӣ ба рӯзи истиқлолият мегӯянд. Ҳукумат ва марзбонони худамон ҳам огоҳ карда шудаанд.»
Гузаргоҳи нави марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом

Гузаргоҳи нави марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом

Гузаргоҳи нави марзӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон дар ноҳияи Конибодом

58 гектар замини деҳаи Равот дар ҳудуди Узбакистон яке аз се «ҷазираи марзӣ» - сарзамини бо ҳудудҳои кишвари дигар иҳоташудаи Тоҷикистон дар шимол аст. Як «ҷазираи марзӣ» - и дигар деҳаи Сарваки ноҳияи Ашт маҳсуб мешавад, ки бо ҳудуди 450 оила низ дар дохили қаламрави Узбакистон аст ва робитаи софу соддае бо Тоҷикистон надорад.

ҶАЗИРАИ РОБИНЗОН

Тилав Расулзода, аз коршиносони маҳаллӣ вазъи ин деҳаро ба «ҷазираи Робинзон» ташбеҳ медиҳад. Вай мегӯяд, ба далели бетаваҷҷӯҳии мақомоти Тоҷикистон, сокинони ин деҳа наметавонанд вориди хоки кишвари худ шаванд ва дар масоили беҳдоштиву бозору тиҷорат сахт маҳдуд ҳастанд ба дараҷае, ки ҳатто пуле барои муомилот надоранд.

Вай афзуд: «Азбаски ҳукумати мо хомӯш аст, ҷониби Узбакистон далертар шуда, шартҳои нав монда истодааст. Дар оғоз аҳли ин деҳа фақат шиносномаашонро нишон медоданду убуру мурур мекарданд. Ҳоло фақат иҷоза доранд, ки рӯзҳои душанбеву сешанбе ва шанбеву якшанбе гузаранд. Аз 5 кило зиёд бор намегиранд. Фақат худашон ба деҳаашон гузашта метавонанду халос. Тиҷорат нест. Се кӯдаки навтавлид дар роҳ ба беморхона фавтидаанд.»

«Ҷазираи марзӣ» - и дигар миёни Суғду Бодканд наздик ба деҳаи Ворух ҷойгир аст, ки низ гоҳо бо баҳсҳои худ расонаӣ мешавад. Аммо
Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон дар деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом

коршиносон мегӯянд, як комиссияи махсуси ду вилояти ҳамҷавор ташкил шуда, баҳсҳоро ҳал мекунанд.

Аммо равобити сарди Ӯзбакистону Тоҷикистонро, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, коршиносон сабаби аслии эҷоди мушкилот дар «ҷазираҳои марзӣ» медонанд.

Ба қавли онҳо, пеши баҳсҳои бузург, аз ҷумла сари нерӯгоҳи Роғун, ки миёни ду кишвар вуҷуд дорад, мушкили «ҷазираҳои марзӣ» хеле хурд шудаанд ва ба назар мерасад, то ҳалли онҳо ҳам фосилаи зиёди замонӣ аст.
XS
SM
MD
LG