Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 30 шаҳрванди Тоҷикистон дар Узбакистон


Кумитаи марзбонии Узбакистон иттилоъ додааст, ки 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи мақомоти амниятии ин кишвар бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз боздошт шудааанд.

Раззоқ Шоимардонов, сухангӯи Кумитаи ҳифзи марзҳо ва хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ба хабаргузории РИА-Новости гуфтааст, ки ин шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар минтақаи Бекободи вилояти Тошканд аз сӯи марзбонони узбак боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон барои бозпурсӣ ба дасти ниҳодҳои умури дохилии Узбакистон супурда шудаанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон гуфтаанд, ки онҳо барои харидории меваву сабзавот вориди кишвари ҳамсоя шудаанд.

Ба нақли шаҳрвандони Тоҷикистон, онҳо қаблан тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ вориди кишвари ҳамсоя мешудаанд, вале тайи моҳҳои ахир ҷониби Узбакистон посгоҳҳои марзӣ бо Тоҷикистонро бастааст.

Вале сухангӯи раёсати марзбонии Кумитаи амнияти Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, иттилои мақомоти Узбакистон асос надорад ва масъулони марзбонии Тоҷикистон ин хабарро комилан рад карданд.

Ба қавли Хушнуд Раҳматуллоев, раёсати марзбонии Кумитаи амнияти Тоҷикистон иттилои расмии худро дар мавриди беасос будани ин хабар интишор кардааст.

Сухангӯи Кумитаи ҳифзи марзҳои Узбакистон гуфтааст, ки дар давоми соли 2009-2010 ҳудуди 6,5 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон пинҳонӣ аз марз гузаштаанд ва дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG