Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдушукур Пирумқулов, сокини деҳаи Шинди ҷамоати деҳоти Хурмии ноҳияи Панҷакент, бегоҳии рӯзи 19-уми октябр, ба ҳангоми чаронидани чорво дар мавзеи Қудуқ, ҳаммарз бо вилояти Ҷиззахи Узбакистон, аз тарафи марзбонони узбак дастгир ва ба он тарафи марз бурда шудааст.

Марзбонони узбак тақрибан 500 метр вориди хоки Тоҷикистон гардида ин чӯпонро бо худ бурдаанд ва дар ин бора ба марзбонони тоҷик иттилое надодаанд.

Ба гуфтаи Суҳроб Шарипов, як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мустақар дар водии Зарафшон, тибқи қарордоди байни Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба масъалаҳои марзӣ, сарҳадбонони Узбакистон ва мақомоти интизомии он муваззаф буданд, ки сабабҳои дастгир кардани ин чӯпонро дар мӯҳлати 3 рӯз ба мақомоти вобастаи ҷониби Тоҷикистон ба таври расмӣ иттило медоданд. Аммо ин банди шартнома аз ҷониби Узбакистон иҷро нашудааст.

Ба тайиди ҳамин афсар, чунин ҳодиса барои бори аввал набудааст. Вай гуфт, аз аввали сол то ба имрӯз, бори шашум аст, ки марзбонони узбак тариқи марзшиканӣ ба хоки Тоҷикистон ворид шуда, шаҳрвандони деҳоти наздимарзии ноҳияи Панҷакентро ба ҳангоми ҳезумчинӣ, чаронидани чорво ва кору бори кишоварзӣ, ба тариқи зӯрӣ ва таҳдиди силоҳ бо худ мебаранд ва ба номаҳои ҷониби Тоҷикистон роҷеъ ба ин амалкарди худ посухе намегӯянд.

Ҷаноби Шарифов афзуд, марзбонони узбак, 28-уми август, як чӯпон бо номи Бобораҳмон Маҷидовро бо 18 саршумори говаш аз деҳаи Фароб бо худ бурда буданд ва танҳо баъд аз муроҷиатномаи расмии тарафи Тоҷикистон, ин шахсро баъд аз 34 рӯз озод карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG