Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: "Дар баҳси Тошканду Душанбе бетараф нестем"


Ҷаласае бахшида ба 20-солагии узвияти Тоҷикистон дар СММ, Душанбе, 19-уми январи соли 2012.

Ҷаласае бахшида ба 20-солагии узвияти Тоҷикистон дар СММ, Душанбе, 19-уми январи соли 2012.

Масъули Барномаи рушди СММ дар Душанбе гуфт, нисбат ба мушкили миёни Тоҷикистону Узбакистон бетараф нестанд.

Александр Зуев ин мавзӯъро дар нишасти хабарие, ки ба бист соли ҳамкориҳои ин созмон бо Тоҷикистон ихтисос дошт, баён кард.

СММ ВА ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ

20 соли қабл, замоне ки дар кӯчаву хиёбонҳои Тоҷикистон мошинҳои ба назар ғайриоддии антеннаҳои дароздор пайдо шуд, мардуми ин кишвар дар симои савораи ин мошинҳо ҳомиёни ҳифзи ҳуқуқи худро медиданд.
Дар ҳар кӯчаву гузари ноҳияҳои дурдаст, ки ин мошинҳо пайдо мешуд, мардум эҳсоси амният мекарданд. Аммо пас бо гузашти вақт ва бозгашти субот ба Тоҷикистон мардум ба ин мошинҳо бе таваҷҷӯҳ шудаанд.

Ҳоло пайдошавии ин мошинҳо аз тарҳрезии барномаҳои нав, нишасту гуфтугӯҳо, тендерҳо, талошу сару садоҳо дар бораи соҳиб шудан ба иҷрои кадом як барнома ва гирифтани грантҳо дарак медиҳад.

"МО СОЗМОНИ НАМУНАВӢ НЕСТЕМ"

Ба қавли сокинони Тоҷикистон, СММ дар чанд соли ахир симову мандати байнулмилалии худро то ҷое аз даст додааст. Александр Зуев, раиси намояндагии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар посух ба ин суол гуфт, "бо гузашти вақт усул ва шеваҳои ҳамкории СММ дар кишварҳо тағйир меёбад".

Вай изофа кард, ки "СММ созмони намунавӣ нест, мо ҳам дар кори худ кӯтоҳӣ дорем. СММ дар тавофуқ ва ризояти давлат ҳамкорӣ мекунад, вале на танҳо бо ҳукумат. Бо ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҳамкорӣ дорад."

Ба қавли ҷаноби Зуев, СММ дар робита ба масоили баҳсбарангези дохилӣ ва хориҷӣ низ изҳори назар карда, нигаронияшро иброз медорад. Аз ӯ пурсида шуд, ки оё СММ ба ҷуз аз изҳори нигаронӣ метавонад дар ҳалли қазияҳо, аз ҷумла транзити коло ва бастани роҳи оҳан аз сӯи Узбакистон миёни Тошканду Душанбе миёнҷигарӣ кунад ва ба ҳалли воқеии ин масъала даст ёбад?



ДАР МАСЪАЛАИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ

Ӯ гуфт, "дар ҳалли чунин масъалаҳо СММ мандат ва эътибори ҷаҳонии худро истифода мебарад. Мутаассифона, СММ роҳи оҳан надорад ва роҳҳо дар ихтиёри ҷумҳуриҳост ва мо танҳо аз онҳо дар ҳалли ин мушкилот тақозо мекунем. СММ дар бораи ҳама талошҳои дипломатии худ ба расонаҳои хабарӣ ҳарф намезанад ва ин маънои онро надорад, ки мо дар ин мавзӯъ хомӯш ҳастем."

Александр Зуев мегӯяд, Созмони Милал дар даҳ соли ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 600 миллион долларро масраф кардааст. Вале ҷаноби Зуев нагуфт, ки ба ин масрафҳо моҳонаи беш аз 700 нафар коргари ин созмон, харҷи мошин ва ҳудуди 20 намояндагии ин созмон дар Тоҷикистон шомил аст ё на. Бо ин ҳол, ӯ гуфт, дар Тоҷикистон намояндагии наве ё барномаи наве ба унвони "Зан ва СММ" ташкил шудааст.

Бо вуҷуди тағийри усул ва шеваҳои фаъолияти СММ дар Тоҷикистон ва коҳиши таваҷҷӯҳи мардум ба ин созмон, бисёре аз таҳлилгарон нақши СММ дар рушди Тоҷикистон ва истиқрори субот дар ин ҷумҳуриро муҳим арзёбӣ карданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG