Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақрибан ними беҷошудаҳо дар Қазоқистон ба хонаи худ баргаштаанд


Қазоқистон, 17-уми апрели соли 2024
Қазоқистон, 17-уми апрели соли 2024

Ҳукумати ноҳияи Махамбети Қазоқистон рӯзи 14-уми май хабар дод, ки камаш 146 каси дигар, аз ҷумла 91 кӯдак ва 3 зани ҳомила дар пайи обхезиҳои охир аз деҳаи Талдиколи вилояти Атирау ба ҷойи бехавф бурда шудаанд.

Манбаъ гуфта, ки интиқоли сокинони дигари деҳа ба ҷойҳои амн идома дорад.

Сатҳи об дар рӯдхонаи Жайик, ки аз ҳудуди деҳаи мазкур мегузарад, баланд шудааст.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Қазоқистон Канат Бозумбоев рӯзи сешанбе дар ҷаласаи ҳукуматӣ хабар дод, ки дар натиҷаи обхезиҳои охир дар ин кишвар ҷамъан беш аз 119 ҳазор кас ба ҷойҳои бехавф интиқол дода шудаанд. 44 ҳазори онҳо кӯдак ҳастанд.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз 55,6 ҳазори беҷошудаҳо ба хонаҳои худ баргаштанд. Ҳудуди 5 ҳазор нафар дар марказҳои муваққатӣ ҷойгир шуда, беш аз 58 ҳазори дигар дар хонаҳои хешовандон ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG