Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ ва ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳар моҳ аз 10 то 15 оилаи афғон аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён ва баъзан бо роҳи ҳавоӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд.

Хонаводаҳои афғонро аслан ноамниву фақру бекорӣ ва ояндаи норӯшани фарзандон ба паноҳ бурдан дар кишваре мисли Тоҷикистон маҷбур кардааст, ки мушкили иқтисодиаш камтар аз Афғонистон нест. Албатта Тоҷикистон барои бархеи ин хонаводаҳо пойгоҳи мувофиқ барои паноҳандагӣ дар кишварҳои сеюм, махсусан Канадаву Амрико хидмат мекунад.

Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ва дасти кӯтоҳ дар баробари кӯмак ба паноҳандагон, Тоҷикистон онҳоро қабул ва дар навоҳии наздик ба марказ ҷо ба ҷо кардааст. Аксари паноҳандагон дар ноҳияи Ваҳдат, канораҳои Душанбешаҳр ва шаҳри Бобоҷон Ғаффурови вилояти Суғд сарҷамъона зиндагӣ мекунанд. Бархе ҳам дар Душанбе сарпаноҳ ёфтаанд.

Кишварҳои дигари минтақа низ чун Тоҷикистон Эъломияи байналмилалӣ дар бораи паноҳандагонро имзо кардаанд. Аммо афғонҳо бештар ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳ доранд, ки аз ҷиҳати забону бовару суннатҳо ба онҳо наздик аст.

Баъди ворид шудан ба Тоҷикистон ва дарёфти кардани корти паноҳандагӣ, ин афрод зери ҳимояти СММ ва чанд ташкилоти мададрасони дигар қарор мегиранд. Ин паноҳандагон аз ҳукумати Тоҷикистон низ кӯмаки молӣ мегиранд, аммо ин кӯмак то андозае хурд аст, ки шояд танҳо ба хиридории нон кифоят кунад. Дар беҳтарин ҳолат паноҳандагон бо корҳои муваққатӣ таъмин мешаванд ва дар бадтарин ҳолат рӯ ба тараҳҳуми созмонҳои хориҷӣ мемонанд.

Хонуми Роҳила яке аз паноҳандагони афғон, ки ҳамроҳ бо шавҳари бекор ва 7 фарзандаш дар ноҳияи Ваҳдат, дар хонаи иҷора ба сар мебарад, ба радиои Озодӣ гуфт, СММ ва дигар созмонҳои байналмиллӣ каму беш дар ҳалли мушкилоти модиву иҷтимоии онҳо расидагӣ мекунанд, лекин мушкили аслии хонаводаи ӯ ва куллан паноҳандагони афғон дар ин ноҳия, аслан бебарқӣ ва нарасидани оби тоза аст: «Ҳамин бебарқӣ ва камии об моро бисёр азият медиҳад. Худи ман 7 фарзанд дорум. Обе намеёбум, ки онҳоро шустушу кунум, хурок пазум. Бебарқӣ бисёр ҳоли моро табоҳ кардааст. Шавҳарам ҷои кор надорад, дар хона нишастааст. Ман худум дар ҳамин корхонаи СММ дузандагӣ мекунум. Ба ҳеҷ чиз намерасад. Ҳеҷ ғизои дуруст ҳам намехурем. Кудакои мо мактаби ҳаминҷоро хатм карда дар хона нишастаанд. Мо наметавонем фарзандонамонро дар ягон мактабҳои дигар, масалан бахшҳои англисӣ хононем. Бисёр зиндагиамон мушкил аст ин ҷо.»

Теъдоде аз паноҳандагони афғони муқими Тоҷикистон роҳи аслии таъмини хонаводаи худро дар тиҷорат пайдо кардаанд. Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, инро тиҷорат номидан душвор аст, чун моли дӯкон ба онҳо тааллуқ надорад ва музди ночизе ба каф меорад. Оқои Абдулқодир, яке дигар аз паноҳандагони афғонро мо дар фурушгоҳи «Садбарг» вохӯрдем: «Ман бо авлодҳоям, ки аз 8 нафар иборатанд дар Ваҳдат зиндагӣ мекунем. Дар ҳамин дукони маводи ғизоӣ ман фурушандаам. Дукондор каси дигар аст. Дар як рӯз то 30 сомонӣ дарёфт мекунам. Панҷсумӣ 10 сомониаш дар роҳ масраф мешава. Ҳамун 20 сомониро барои аслан хурдании бачаҳоям сарф мекунам. Ҷое, ки мо дар Ваҳдат зинадгӣ мекунем, бовар кунед ё не, аз дуртарин ва вайронтарин рустои Афғонистон бадтар аст. Лекин чӣ кор кунем, илоҷӣ дигар надорем. Мехоҳем ба кишварҳои дигар равем, лекин ҳар касро ҳам намефиристанд.»

Парвина Мунавварова, ёвари мушовири намояндагии дафтари паноҳандагони СММ мегӯяд, тибқи қонунҳои Тоҷикистон дар бораи паноҳандагон, сукунати фирориҳо дар пойтахти кишвар ва шаҳрҳои марказӣ манъ аст ин аст, ки паноҳандаҳои афғон дар навоҳии атрофи маскун мешаванд. Ӯ мегӯяд, бинобар маҳдуд шудани квотаи фиристодан ба кишварҳои сеюм, акнун афғонҳо ба он кишварҳо камтар фиристода мешаванд. Барои таъмини паноҳандагон бо кор як талошҳое анҷом мешаванд: “Як қатор барномаҳоеро то имрӯз пиёда кардем оид ба кор таъминкунии онҳо. Масалан корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, қаннодӣ, ҳунарҳои дастӣ барои занҳо созмон додем, мо ба оилаҳои фақири афғон каме пул ва либоси зимистона медиҳем. Як мушкил таҳсили фарзандони онҳо буд, ки то андозае ҳалли худро пайдо кард. Масалан кишвари Олмон иқдоме кардааст, ки сар аз соли 2008 ба ин сӯ барои дар донишгоҳҳо таҳсил кардани фарзандони паноҳандагони афғон стипендия ҷудо мекунад. Дар бораи рафтан ба кишварҳои ҷаҳони севвум бошад ҳаминро бояд бигӯям, ки соли 2004-2005 квота барои ба Канада ва Амрико рафтани онҳо бемаҳдудият буд ва ҳамон солҳо то ду ҳазор хонаводаи паноҳандагонро мо ба он кишварҳо фиристодем. Ҳоло бошад ин квота ҳамагӣ 10 дарсадро дар бар мегираду халос. Яъне теъдоди хеле ками оилаҳои афғонро мо метавонем ба кишварҳои ҷаҳони севвум фиристем.»

Хонум Мунавварова мушкили дигари паноҳандагони афғон дар Тоҷикистонро, сабти номи дарозмуддат, доимӣ ва дастрасӣ ба гирифтани ҳуқуқи шаҳрвандӣ медонад. Ӯ мегӯяд, бо пешниҳоди Дафтари паноҳандагони СММ, ҳоло ҳукумати Тоҷикистон ин масъларо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Бино ба омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 3000 паноҳандаи афғон ба сар мебарад. 1 ҳазору 400 нафар онҳое мебошанд,ки дар ҷустуҷӯи паноҳгоҳ тоза вориди ин шудаанд. Дар шаҳри Душанбе Иттиҳодияи паноҳанадгони афғон бо номи «Ориёно», як мактаби афғонӣ бо исми «Сомон» ва дар ноҳияи Ваҳдат як маркази иҷтимоӣ фаъолият мекунад, ки дар он занҳои афғон ба дӯхтани либосу рахти хоб ва дигар ҷиҳози хона машғуланд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG