Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи башар. Намоиш аз Женева, вокуниш аз Душанбе


Вокуниши фаъолони ҳуқуқи инсон дар Душанбе ба ҳамоиши Женева ба андозаи нармии сӯҳбатҳои дипломатӣ сахт буд.

Ҳамин тавр барои нахустин бор талоше сурат гирифт барои нашри мустақими ҷараёни гузориши ҳайати Тоҷикистон дар Шӯрои ҳуқуқи башар.

Ҷамъе аз фаъолони ҳуқуқи башар, ки умдатан иборат аз намояндагони созмонҳои ғайри ҳукуматӣ буданд, ҷараёни баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро ба сурати мустақим дар толори мавсум ба «Вефа сентр»-и Душанбе пойтахт тамошо намуданд.

... БЕ ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ҲУКУМАТ

Инҳо умдатан касоне буданд, ки дар омодасозии гузориши алтернативии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ширкат намудаанд. Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла аз дастгоҳи иҷрояи Президент, вазорати корҳои дохилӣ, додситонӣ Шӯрои адлия ва ҳамаи ниҳодҳои дигари давлатӣ намояндаи худро ба ин назораи мустақим нафиристода буданд. Танҳо намояндаи вазорати фарҳанг дар ин толор ҳузур дошт. Ин далели камтаваҷҷӯҳӣ ба масоили ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст ва ё ҳам далели таваққӯъ надоштани сокинон ва ниҳодҳои иҷтимоӣ аз тасмимҳо ва амалкардаҳои ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ.

Гузашта аз ин, ҳудуди як соати ин гузоришро ҳозирин ба далели техникӣ натавонистанд тамошо кунанд. Танҳо баъд аз муроҷиат ба як ширкати дигари фароҳамкунандаи интернет, тамошои мустақими баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон мумкин шуд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:01 0:00
Линки мустақим


Ба ҳар ҳол, касоне, ки дар ин толор ҷамъ омада буданд, умдатан касоне ҳастанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар аз ҳар каси дигар барои онҳо ошност ва дар таҳияи гузориши алтернативии ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ширкат карданд ва акнун омадаанд, ки гузориши миллиеро, ки ҳукумат ироа мекунад, ба гузориши худ қиёс кунанд. Ин афрод ҳамчунон дар фикри худ устуворанд, ки тағйири чандоне дар вазъи ҳуқуқи башар аз замони шунидани гузориши алтерантивӣ дар Женева дар моҳи январ то кунун дар Тоҷикистон пеш наомадааст.

МАВОРИДИ ШИКАНҶА ДАР ТОҶИКИСТОН

Моҳира Усмонова, масъули созмони коллегияи адвокатҳои Суғд, ки бахши шиканҷаи гузориши алтернативи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон омода кардааст ва мегӯяд.
"Мутаассифона, иқроре, ки аз гумонбарон ба воситаи зарбу шатм ва шиканҷа ба даст меояд, асоси ҳукми додгоҳҳо қарор мегирад. Мушкил дар он аст, ки механизми расидагӣ ба ҳамаи шикоятҳои вобаста ба шиканҷа вуҷуд надорад. Бояд мафҳуми худи шиканҷа дар Кодекси ҷиноӣ таъриф шавад. Ҳамон тавре, ки дар банди аввали конвенсияи муқобили шиканҷа дарҷ шудааст. Ва Тоҷикистон онро тасвиб кардааст. Ҳамчунин мо пешниҳод кардем, ки Тоҷикистон бояд протоколи илҳоқӣ ё иловагии Конвенсияи муқобили шиканҷаро имзо кунад, ки ба ниҳодҳои ҳуқуқи башар, созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ иҷоза медиҳад, ки ба боздоштгоҳҳо ва маҳбасҳо дастрасӣ дошта бошанд."

Шиканҷа ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, ҳамчунон масъалаи муҳим дар Тоҷикистон боқӣ мондааст ва ба гуфтаи ин фаъолон, ҳатто бо ислоҳи қонун намешавад сад дар сад онро ҳал кард, балки ислоҳи он вақт ва талоши фаровоне аз ҷумла дар заминаи омӯзиш додани кадрҳоро мехоҳад.

НАҚЗИ ҲУҚУҚИ ҶАВОНОН ДАР ДАЪВАТ БА АРТИШ

Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавони Тоҷикистон яке аз созмонҳои дигарест, ки бахше аз гузориши алтернативро омода кардааст. Ба гуфтаи масъули ин анҷуман, солҳост, ки ҳуқуқи ҷавонон дар даъват ба артиш нақз мешавад ва тавассути ба истилоҳ «облава-аскаргирӣ» дар Тоҷикистон ҳамчунон ба тамоюл табдил шудааст. Ба гуфтаи ҳуқуқшиносони ҷавон ҳамчунон поймолшавии ҳуқуқ дар сафи артиш ва афзоиши иқдомҳои ғайри қонунӣ баёнгари ин аст, ки артиш ба ислоҳоти ҷиддӣ дар ин замина ниёзманд шудааст.

Дилрабо Самадова аз масъулини Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон мегӯяд: «Мо барои он, ки ин маълумотҳоро ҷамъоварӣ кунем, чор ҳазор даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбиро пурсидем. Албатта бештар аз 35 дарсади онҳое, ки пурсидем, гуфтанд, ки ғайри қонунӣ дастгир шуда ба хизмати аскарӣ фиристода шудаанд. Пешниҳоди мо ҷорӣ крадани хидматӣ алтернативии шаҳрвандӣ, кам кардани мӯҳлати хизмат, яъне гузаронидани ислоҳот ва ташкили артиши касбӣ аст».

МАЪЮБОН НИЗ МУШКИЛОТИ ҲУҚУҚӢ ДОРАНД...

Бахше аз ин гузориш ҳам роҷеъ ба ҳуқуқи маъюбон аст. Намояндагони созмонҳои мухталифи маъюбон низ ба умед ба ин назорати баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Женева омада буданд. Онҳо мегӯянд, қонунҳои миллии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи маъюбон иҷро намешаванд. Ва Тоҷикистон бояд ба Конвенсияи ҳифзи ҳуқуқи маъюбон бипайвандад.

Асадулло Зикрихудоев, раиси созхмони маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» мегӯяд: «Агар Тоҷикистон ин конвенсияро имзо кунад, маҷбур аст, ки ҳар ду сол як бор роҷеъ ба иҷрои он дар СММ ҳисобот пешниҳод кунад. Ва мо медонем, ки то ҳисобот дар арсаи байналмилалӣ набошад, қонунҳои дохили давлатӣ иҷро намешаванд».

НИЁЗ БА ИСЛОҲОТИ НИЗОМИ ҲУҚУҚӢ

Фаъолони ҳуқуқ дар Тоҷикистон ҳамчунон ба ислоҳоти низоми ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунанд. Ба гуфтаи созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ, додгоҳҳо ҳамчунон мустақил нестанд ва таҳти назорати ҳукумати иҷроия амал мекунанд. Ва Шӯрои адлияи кишвар бояд аз низоми ҳокимияти иҷроя хориҷ ва мустақил шавад. Ба гуфтаи ин афрод додситонӣ салоҳиятҳои беш аз ҳадди худро ҳамчунон ҳифз кардааст ва аз ҷумла бояд назорати кори додгоҳҳо аз салоҳияти додситонӣ хориҷ шавад ва дар маҷмӯъ кори ин ниҳод ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта шавад.

Ин фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки Қонуни озодии виҷдони Тоҷикистон бояд мутобиқи пешниҳодҳои гузориш ислоҳ шавад. Вале қонуни танзими расму оинҳои мардумӣ, ки ба зиндагии шахсӣ ва хонаводагии шаҳрвандон мудохиларо фароҳам мекунад, бояд лағв шавад.
XS
SM
MD
LG