Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО ба Тоҷикистон 575 ҳазор евро ёрӣ мекунад


Парлумони Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ бо НАТО -ро, ки ҳафтае пеш баҳсбарангез меномид, 3-юми январ бе баҳс ва бо аксарияти раъйҳо тасвиб кард.

Созишномаи Тоҷикистон ва НАТО-ро ин дафъа на Вазорати дифоъ, балки намояндаи комилҳуқуқи президенти Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ, Ҷумъа Давлатов муаррифӣ кард.

Ӯ гуфт, ин созишнома дар пайи дархости Тоҷикистон дар соли 1999 дар чаҳорчӯби барномаи «Мушорикат барои сулҳ» таҳия гашт, ки ёриҳои НАТО-ро барои таъмини амният ва мудирияти беҳтари захираҳои аслиҳа ва безарар кардани минаҳо дар назар дорад: «Пеш аз ҳама бино ба ин созишнома 15 афсари вазорати дифои Тоҷикистон барои идоракунии аслиҳа ва безарар кардани аслиҳаи зиёдатӣ омода карда мешаванд. Сабаби тасдиқ дар парлумон он аст, ки баъзе кормандони лоиҳа, ки аз сӯи Созмони таъминоти техникии НАТО ба кор ҷалб мешаванд, дорои масъуниятҳо бошанд ва азбаски маблағи ҷудошаванда грант аст, бояд аз пардохтҳои андоз ва гумрук озод карда шаванд.»

Бино ба иттилои расмӣ, Созмони таъминоти фаннии НАТО барои иҷрои ин созишнома 575 ҳазор евро ҷудо кардааст, ки дар ҳоли ҳозир 202 ҳазори он дар Бунёди трастии барномаи «Мушорикат барои сулҳ» - и НАТО аз сӯи Ҷопон, Швейтсария, Туркия, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҷудо шуда, маблағи боқимондаро Канада мепардозад. Тарҳи Созишномаи Тоҷикистону Созмони таъминоти фаннии НАТО – ро аъзои парлумон рӯзи 26 декабр ба баҳонаи тарҷумаи носаҳеҳ аз инглисиву фаронсавӣ ва ба ин шубҳа, ки он бо тааҳудоти Тоҷикистон дар СПАД (ОДКБ) шояд мухолифат дошта бошад, барои бозбинӣ фиристода буданд.

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов, узви парлумон ва яке аз онҳое, ки сари ин санад шак дошт, мегӯяд, дар оғоз номаълум буд, ки ин созишнома чиро дар назар дорад, то куҷо ба нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва баромадани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон рабт мегирад: "Ҳоло маълум мешавад, ки ин як гранти хурд аст. Мешуд онро тариқи як тарҳ бо вазорати дифоъ амалӣ кард. Аммо чун ин низоми иҷроишро пеш гирифтанд, мо шак кардем. Ҳоло хеле мушаххас шуд ва дарёфтем, ки ягон хавф надорад ва моро бо ягон кишвар ба низоъ ворид намекунад.»

Созмони таъминоти фании НАТО ё NAMSO соли 1958 ҳамчун мақомоти иҷроия аз сӯи кишварҳои узв ташкил шуда, ҳадафаш татбиқ намудани барномаҳои НАТО аст. Созишнома миёни Созмони таъминоти фаннии НАТО ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъмини амният ва идораи захираҳои аслиҳа ҳанӯз 31-уми январи соли 2012 дар шаҳри Брюссел ба имзо расида буд ва дар доираи барномаи «Мушорикат барои сулҳ», ки Тоҷикистон онро соли 2001 имзо кардааст, иҷро мешавад. Аз кишварҳои узви СПАД (ОДКБ) ҳамчунин созишнома ҳанӯз соли 2003 бо Қазоқистон ва соли 2004 бо Белорус имзо шудааст. Ҳарду кишвар 200 ҳазор евроӣ барои ин барнома дарёфт кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тасвиби созишнома миёни Тоҷикистону НАТО дар бораи таъмини амният ва идораи захираҳои аслиҳа дар ҳолест, ки паймон мехоҳад силоҳу муҳимоти худро пас аз хуруҷ аз Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нигаҳдорӣ кунад. Аммо ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ин комилан барномаи дигар аст, ки баррасиаш дар сатҳи ҳукумат идома дорад. Онҳо меафзоянд, шояд ин нукта ҳафтае пеш шубҳаи вакилони маҷлисро ба бор оварда, сабаби рад шудани нусхаи аввали созишнома гашт.
XS
SM
MD
LG