Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошини минрӯбӣ барои нерӯҳои тоҷик


Сафорати ИМА дар Душанбе мошини минрӯбиеро дар ихтиёри вазорати дифоъи Тоҷикистон қарор додааст. Ин мошин аз фановариҳои пешрафта унвон мешавад.

Ин мошин зимни як маросими вижае дар як посгоҳи марзии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар ихтиёри воҳиди махсуси вазорати дифоъи Тоҷикистон қарор дода шуд.

Ин мошин ба ҳангоми поксозии майдонҳои мина бидуни инфиҷор минаҳоро хунсо мекунад. Гуфта мешавад ин нахустин намуна аз чунин мошини минрӯбӣ дар Осиёи Миёна мебошад.

Ин мошин барои як сол дар ихтиёри гурӯҳи минрӯбони вазорати дифоъи Тоҷикистон қарор хоҳад дошт.

Ҳамчунин панҷ мураббии амрикоӣ ба мутаххасисони вазорати дифоъи Тоҷикистон усули истифода аз ин мошинро меомӯзанд.

Тибқи омори расмӣ аз соли 1992 то кунун дар Тоҷикистон 354 нафар бар асари бархурд бо мин кушта ва инчуин 448 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Марзи Тоҷикистону Ӯзбакистон низ яке дигар аз минтақаҳои хатарнок ва минагузоришуда дониста мешавад. Ин майдонҳоро нерӯҳои амниятии Узбакистон ҷо сохтаанд. То аб гуфтаи худашон аз вуруди ҷангиёни мухолифи давлати Узбакистон ҷилавгирӣ кунанд.

Аммо то кунун дар ин минаҳо ҳатто як ҷангӣ ҳам бар нахурда, балки ҳамаи кушташудаҳо сокинони осоишта буданд.

Дар соли 2009 дар навоҳии Исфараи устони Суғд дар ин марз чанд мавриди бархурди сокинон бо мин рух дода буд, ки бар асари он иддае аз сокинон кушта шудаанд.

Ин мошин дар Олмон сохта шуда ва қимати он ба шумули тамоми таҷҳизот ва маблағи давраҳои омӯзишӣ беш аз як милюну панҷсад ҳазор дулорро ташкил медодааст.
XS
SM
MD
LG