Пайвандҳои дастрасӣ

Бунёди швейтсарии безараргардонии минаҳо дар ноҳияи Тавилдара, 205 километрии шарқи Душанбе, 40 адад маводи таркандаро безарар кардааст.

Артём Арутунян, мушовири техникӣ дар бунёди швейтсарӣ, мегӯяд, ин гурӯҳи тадқиқотии ин ниҳод маводҳои нотаркида дар мавзеъҳои гуногуни Тавилдараро соли гузашта омӯхта ва кашф карда буданд. Ба гуфтаи ӯ, сохти ин маводҳо гуногун буда, аз тирҳои мушакандоз то бомбҳои авиатсиониро ташкил медодаанд.

Мушфиқ Муқаддамшоев, мутахассиси гурӯҳи безарарсозии минаҳо, мегӯяд, гурӯҳи тадқиқотии бунёди швесарӣ оид ба безарасозии минаҳо амалиёти ҷустуҷӯи муҳимоти нотаркидаро дар дигар деҳоти Тавилдара идома хоҳад.

Вале сокинони як қатор рустоҳо ноҳияи Рашт шикоят мекунанд, ки бо гузашти 10 сол аз шуруи амалиёти минарубӣ ҳамоно майдонҳои поккоринашуда дар водӣ боқӣ мондааст ва амалиёти ҷустуҷӯӣ ба кундӣ сурат мегирад.

Сокинони мавзеи Сафедоб ва аҳолии рустоҳои гирду атрофи он дар ноҳияи Тоҷикобод мегӯянд, то кунун ин ҷо амалиёти минатозакунӣ шурӯъ нашудааст.

Собир, як сокини ноҳияи Тоҷикобод, гуфт то ба имрӯз чорвои мардум аз таркиши минаҳо зарар мебинад ва мардум ҳамеша бо эҳсоси хавфу хатар аз минаҳо ба сар мебаранд.

Бино ба иттилои маркази минарубии Тоҷикистон, аз дар давоми 7 соли ахир дар минтақаи Рашт беш аз 441 ҳазору 500 ҳектор метрии мурабаъ замин аз минаҳо тоза карда шудааст. Аммо беш аз 800 ҳазор метри мурабаъ майдонҳои минкоришуда тоза нашудаанд, ки 11 майдонро дар бар мегирад.

Ин сарчашма мегӯяд, дар ин муддат аз таркиши минаҳо дар водии Рашт 188 нафар ҳалок ва 194 нафари дигар маҷрӯҳ гаштаанд.

Парвиз Мавлонқулов, роҳбари амалиёти минарӯбӣ дар Тоҷикистон, гуфт, ин масоҳати ниҳоии майдонҳои минакоришуда набуда, корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин водии Рашт идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, набуди харитаи мавзеъҳои минакоришуда ва дар минтақаҳои баландкӯҳ ҷойгир будани баъзе аз ин майдонҳо аз мушкилоти аслӣ дар кори поккории онҳо будааст.
XS
SM
MD
LG