Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Узбакистон барои барқарории парвозҳо бо Тоҷикистон


Узбакистон гуфтааст, ки парвозҳо миёни Тошканду Душанбе аз нимаи аввали соли 2017 барқарор хоҳанд шуд. Ба гузориши sputniknews-uz.com, Валерий Тян, раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон -- "Узбекистон ҳаво йулларӣ" гуфтааст, ин кишвар омода аст, парвозҳои худро бо Тоҷикистон аз нимаи аввали соли оянда оғоз кунад.

Ин хабаргузорӣ рӯзи 5 ноябр аз қавли раиси ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон навишт, тибқи барномарезиҳои суратгирифта, парвозҳо байни Тошканд ва Душанбе дар ҷадвали тобистонии ширкати миллии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йулларӣ" ҷой дода мешаванд.

Ин масъули ширкати миллии ҳавоии Узбакистон ҳамзамон гуфтааст, кишвараш имкониятҳои лозимро дорад, то ин парвозҳо аз ин ҳам зудтар роҳандозӣ кунад. Барномаи тобистонии ширкати ҳавопаймоии Узбакистон аз охирҳои моҳи март то октябр амалӣ мешавад. Бинобар ин, аввалин парвоз байни ду кишвар эҳтимолан дар 5 моҳи оянда сурат бигирад.

Ширкати миллии ҳавоии Узбакистон мегӯяд, ки имкониятҳои лозим барои барқарории парвозҳо вуҷуд дорад."

Изҳори назари ин мақоми ширкати миллии ҳавопаймоии Узбакистон дар дар мавриди эҳтимоли роҳандозии парвозҳо дар панҷ моҳи оянда дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон низ мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир тарҳи созишномаи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Узбакистонро таҳия доранд, то заминаи ҳуқуқӣ барои парвозҳо бо ин кишварҳо фароҳам шавад.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи барқарории парвозҳо ба Узбакистон тарҳи имсола ва ё моҳҳои ахир нест ва Тоҷикистон дар гузашта низ борҳо ба ҷониби Узбакистон ҳамчунин пешниҳодро ироа карда буд, вале посухе дарёфт накард. Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳанӯз дар заминаи баррасии азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар хабаре нест, вале Тоҷикистон аз ҳама гуна пешравӣ дар ин самт шод, хоҳад шуд.

Парвозҳо байни шаҳрҳои Узбакистону Тоҷикистон, аз ҷумла дар масири Тошканд – Душанбе ҳанӯз соли 1992, дар пайи оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буданд. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 1999, дар пайи ҳамлаи ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти Сурхондарё, марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ карда, бо ин ҳамсоякишвар низоми раводид ҷорӣ намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG