Пайвандҳои дастрасӣ

Шарҳи якхелаи Тошканду Душанбе дар бораи нахустин машварати сиёсӣ


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбакистон бо нашри баёнияи муштарак эълон карданд, ки нахустин машваратҳои сиёсии ду кишвар рӯзи ҷумъа дар Душанбе ба анҷом расидааст.

Мақомоти Тоҷикистон ва Узбакистон аз анҷоми машваратҳои нахустини сиёсияшон дар Душанбе хабар доданд. Дар баёнияе, ки баъд аз зуҳри 25 декабр дар торнамоҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистону Узбакистон нашр шуд, таъкид шудааст, ки ҳайатҳо "вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима карда", дар мавриди масъалаҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ низ сӯҳбат кардаанд.

Дар ин баёнияи расмӣ гуфта шудааст, ҳайатҳои Душанбе ва Тошканд "масоили рушду таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёт ва коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар арсаҳо, тавсеаи чаҳорчӯбаи шартномавӣ-ҳуқуқии ташаккулёфта ҳам мавриди баррасӣ қарор доданд. Тарафҳо омодагии хешро ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илмӣ ва варзишӣ изҳор намуданд."

Ҳайатҳои Тоҷикистону Узбакистон масъалаи дурнамои рушди минбаъдаи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ баррасӣ карда, баргузории чунин машваратҳои мунтазами сиёсиро "омили муайянсозӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷуда" донистаанд. Машваратҳои нахустини сиёсии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуда, ҷониби Тоҷикистонро Парвиз Давлатзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва тарафи Узбакистонро Саидикром Ниёзхоҷаев роҳбарӣ кардаанд.

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Дар оғоз қарор буд, нахустин машваратҳои сиёсии ҳайатҳои дипломатии Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе рӯзҳои 17-18 декабр доир шавад. Вале дар охирин лаҳзаҳо эълон шуд, ки ин нишаст ба хотири омодагии хубтари тарафҳо ба таъхир гузошта мешавад.

Хабари мулоқот бисёриҳоро дар Душанбе умедвор карда буд, ки шояд ин бор билохира яхи нофаҳмиҳо байни ин ду кишвари ҳамсоя ба шикастан шурӯъ кунад. Вале натиҷаи то ҳол эълоннашудаи ин мулоқот чанд саволро халқ кардааст, ки оё ҳайатҳои Тошканду Душанбе махсусан дар мавриди кадом масъалаи муҳими миёни ду кишвар баҳс кардаанд? Оё ҷонибҳо мавзӯи виза, азсаргирии парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон ва масъалаи гарму газро низ баррасӣ кардаанд ё не? Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки ҳар он чи дар салоҳияти онҳо буд, дар баёнияи расмӣ гуфтаанд ва аз ин бештар ҷузъиётро ифшо карда наметавонанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ҷавви ҳоким бар фазои минтақаи Осиёи Марказӣ, бахусус фаъол шудани бозигарони беруна, аз ҷумла Русия, ки бо ҳарорат кишварҳои ин минтақаро ба узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё ташвиқ мекунад, метавонад ҳамчунин омили ба ҳам наздиктар шудани доираҳои ҳоким дар ин кишварҳо хидмат кунад. Набуди иродаи кофии сиёсӣ бахусус дар сатҳи раҳбарони аввали ду кишвар омиле шумурда мешуд, ки Тошканду Душанбе то кунун барои ислоҳи танишҳои мавҷуда дар равобиташон талоши кофӣ ба харҷ намедоданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов

Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов

Таърихи равобити дипломатии Тоҷикистону Узбакистон аз 22 октябри соли 1992 оғоз мегирад. Вале Душанбеву Тошканд аз миёнаи солҳои 90 ба ин тараф, инак, ду даҳсола боз як даврони зиддунақиз ва пуртанишеро дар равобити худ пушти сар мекунанд.

Парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз соли 1992 қатъ шудааст. Узбакистон аз соли 1999, дар пайи талоши ҳамлаи ҷангҷӯёни Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ба вилояти бо Тоҷикистон ҳамсояи Сурхондарё марзҳояш бо Тоҷикистонро минакорӣ кард. Тошканд ҳамин тавр, дар соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Марҳалаи дигари танишҳо байни Тошканду Душанбе ба соли 2010 бармегардад. Тошканд ба азми Душанбе барои сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзида, алайҳи ин ҳамсояаш як силсила тадбирҳои иқтисодӣ андешид. Аз ҷумла Узбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва бо ин камбуди бе он ҳам сангини нирӯи барқи Тоҷикистон дар мавсими сарморо боз ҳам сангинтар кард. Узбакистон ҳамчунин аз соли 2011 интиқоли газ ба Тоҷикистонро пурра қатъ кард ва дар поёни ҳамон сол бо баҳонаи “сӯди ками иқтисодӣ” роҳи оҳани Тирмиз – Амӯзанг, танҳо роҳи оҳан ба самти вилояти Хатлони Тоҷикистонро барчид.

Ҳамин тавр, ҳар сари чанд вақт аз боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Узбакистон ва бо ҳар баҳона дар посгоҳҳои гумрукии Узбакистон барои муддатҳои тӯлонӣ дармондани борҳое, ки ба Тоҷикистон мераванд, гузоришҳо ба даст мерасанд.

Ин ҳама равобити Тоҷикистону Узбакистонро дар як ҳолате қарор додааст, ки дар маҳофил ба он ҳатто “ҷанги сард” ном додаанд.

Аммо мулоқоти ғайриинтизори руасои ин ду ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи сентябри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сурат гирифт, умедҳоро дар ҳарду тарафи марз ба поёни ин “ҷанги сард” ва шикастани пиряхҳои дар ин ҳама солиёни танишҳо ҷамъшуда дар равобити Тошканду Душанбе аз нав бедор кард. Ин нахустин дидори рӯбарӯи ин 2 раҳбар дар дастикам 6 соли охир буд ва дар он, тавре баъдан сухангӯи пешини вазорати хориҷаи Тоҷикистон Абдулфайз Атоев шарҳ дод, “масоили равобити ду кишвар ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Ба дунбол, дар моҳи январи соли 2015 муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳодҳои ҷониби Душанберо ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва ҳам эҳёи парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифт. Ҳамон рӯзҳо хабаре ҳам нашр шуд, ки ширкати “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” аз поёни моҳи март ба парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе шурӯъ мекунад, вале ин тарҳ то ҳол дар ҳаво мондааст.

Ҳамин тавр, моҳи июн дар Тошканд ҷаласаи навбатии кумиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи муовинони сарвазири ду кишвар Давлаталӣ Саидов ва Рустам Азимов доир шуд. Дар он нишаст гуфта шуд, ки ҳаҷми тиҷорати Узбакистон бо Тоҷикистон дар соли 2014 панҷуним маротиба афзуда, ба 160 миллион доллар расидааст. Аммо боз ҳам ин ҳамагӣ 4 дарсад аз 4 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва 1 дарсад аз тақрибан 15 миллиард доллар ҷамъи содироту воридоти Узбакистонро ташкил медиҳад. Ва барои муқоиса, ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш - Афғонистони ҷангзада - дар як сол то ба 174 миллион доллар мерасад.

Ҷониби Узбакистон дар он нишаст пешниҳод дод, то Душанбе рӯйхати молҳои мавриди таваҷҷӯҳашро ироа кунад. Ҳамин тавр, бар асоси натиҷаҳои нишасти Тошканд моҳе пеш аз азми Узбакистон барои бунёди як Кохи савдои он кишвар дар шаҳри Душанбе гузориш шуда буд.

Вале ба сурати умум бо гузашти 15 моҳ аз он мулоқоти таърихии Раҳмону Каримов боз ҳам пешрафти қобили мулоҳизае дар амри беҳбуди равобити Тошканду Душанбе ба даст наомадааст ва азми тарафайн барои оддӣ сохтани муносибот ҳамчунон дар ҳавои ҳусни ниятҳо ва ҷомаи амал нопӯшида боқӣ мемонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG