Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирон мегӯянд, ки дар ҳамоиши ахири раиси ҷумҳуриҳои узви СПАД аксар президентон аз мавзеъгирии Русия дар қиболи Туркия фосилагирӣ карданд.

Ба навиштаи “Московский комсомолетс”-и чопи Маскав, дар ҷаласаи ахири сарони Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Маскав дар рӯзи 21 декабр ихтилофи назарҳо миёни сарони кишварҳои узви ин созмон ба мушоҳида расид.

Аз ҷумла, аксар раисони ҷумҳуриҳои кишварҳои узви СПАД ошкор карданд, ки дар муноқишаи Русия ва Туркия намехоҳанд дар муқобили Туркия сангар бигиранд. Хабарнигорон мегӯянд, ки намояндагони Кремлин бо истифода аз фурсати ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви ин паймони низомӣ мехостанд садои мухолиф дар қиболи Туркияро афзоиш диҳанд, вале дар ниҳоят ба ҷуз Арманистон дигар ҳама фосила гирифтанд ва эҳтимолан ба ҳамин далел ҳам ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои СПАД дар Маскав пушти дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон баргузор шуд.

Ба навиштаи рӯзнома, аз афзоиши танишҳо миёни Русия ва Туркия бештар Арманистон манфиатдор буда, аммо Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон намехоҳанд равобити худро бо Туркия тира кунанд. Аз ин лиҳоз дар баёнияи Серж Саргсян, раиси ҷумҳури Арманистон дар поёни ҳамоиши сарони кишварҳои узви СПАД дар Маскав вожаҳои “таҷовуз”, “хиёнат” ва “зарба аз пушт” истифода нашуда, танҳо бо ибрози “ба манфиати муборизаи умумӣ созгор набудани ҳодисаи суқути ҳавопаймои Русия” иктифо шудааст.

Ҳамчунин, ба навиштаи “Московский комсомолец”, сарони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба далели парҳез аз тезу тунд шудани равобит бо Туркия аз пешниҳоди интихоби намояндаи Арманистон ба мақоми дабири кулли СПАД пуштибонӣ накарданд. Аз ҳамин хотир, барои соли 2016 боз ҳам Николай Бордюжа дар мақоми раҳбарии СПАД боқӣ хоҳад монд.

Зимнан, ду ҳафта қабл дар ҷаласаи мақомоти вазоратҳои дифоъи СПАД моҷаро рух дод. Юрий Хачатуров, раиси Ситоди кулли артиши Арманистон ба хабарнигорон гуфт, ки ширкаткунандагони ҳамоиш аз амалиёти Русия дар Сурия пуштибонӣ карда ва амали суқути ҳавопаймои ҷангии “СУ-24” тавассути Туркияро маҳкум кардаанд. Аммо билофосила мақомоти низомии Қирғизистон, Белорус ва Қазоқистон ин иддаоро рад карда ва гуфтанд, ки ин гуна мавзеъгирӣ бо онҳо ҳамоҳанг нашудааст. Ҳамчунин, ин кишварҳо ҳанӯз ҳам Туркияро шарики стратегии худ меҳисобанд.

Рӯзи 24 ноябр Анкара гуфт, ки ҳавопаймои хориҷиеро, ки аз қаламрави Сурия ба ҳарими ҳавоии Туркия рахна кардааст, нобуд кард. Дар пай Русия гуфт, ки Туркия амдан ҳавопаймои русии "СУ-24"-ашро суқут дод ва дар пай дар бораи қатъи равобиташ бо ин кишвар ва ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ дар қиболи Туркияро хабар дод. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ин қазияро “ханҷар аз пушт" номид.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як ташкилоти низомиву сиёсӣ бар асоси Паймони амнияти дастҷамъӣ дар соли 1999 ташкил шуда, ба узвияти он Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус шомиланд. Узбакистон дар авҷи гармии муносибатҳояш бо Ғарб ва ИМА СПАД-ро тарк кард.​

Мавзеъгирии Тоҷикистон чӣ гуна бояд бошад?

Ба эътиқоди Нуралии Давлат, коршиноси тоҷик, на танҳо кишварҳои туркзабони узви СПАД, балки мақомоти Тоҷикистон низ аз ибтидои моҷарои баъди суқути ҳавопаймои “СУ-24”-и Русия дар Туркия расман мавқеи бетарафиро ишғол карда ва ин амали Туркияро маҳкум накарданд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе рӯзи 26 ноябр бо изҳори таассуф аз қазияи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия гуфт, умедвор аст, ба ин қазия баҳои объективӣ дода хоҳад шуд. Дар изҳорот аз ҷумла гуфта мешуд, ки Тоҷикистон тарафдори амалҳои муштараки ҷомиаи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо терроризм буда, “умедвор аст, ки ба қазияи марбут ба ҳавопаймои задашудаи Федеросиюни Русия баҳои объективие, ки ба оддӣ сохтани вазъ ва равобити ба таниш печидаи Русияву Туркия мусоидат кунад, дода хоҳад шуд.”

Ба гуфтаи ҷаноби Давлат, дар ихтилофи Русия бо Гурҷистон ва аз ҷониби Русия ба расмият шинохта шудани Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ низ кишварҳои узви СПАД ба шумули Тоҷикистон аз мавқеи Русия ҳимоят накарда ва ба дунболи Русия ин ду ҷумҳурии ба истилоҳ мустақил аз Гурҷистонро эътироф накарданд.

Нозирони дигар мегӯянд, дар шароите, ки Русия талош дорад масъалаи суқути ҳавопайморо калон карда, Туркияро аз роҳҳои иқтисодӣ муҷозот кунад, бешубҳа талош мекунад кишварҳои ҳампаймони бештарро дар ин маъракаи сиёсӣ ҳамовози худ кунад. То ба пояи СПАД – як созмони низомии минтақавӣ дар ҳудуди шӯравии собиқ кашондани ин масъала ҳам ба он маъност, ки аз сӯе танҳо набудани худ дар ин мавқеъ ва ҳам ҳамовоз будани кишварҳои дигари ҳамшарики Туркияро бо ин амалаш намоиш диҳад. Дар чунин шароит, мегӯяд таҳлилгари дигари тоҷик Парвиз Муллоҷонов, Душанбе бояд аз гузашта бештар эҳтиёткор бошад ва нагузорад, ки равобиташ бо Туркия ва ҳамчунин Русия халалдор созад.

Ин зарурат, пеш аз ҳама, аз манфиатҳои моливу иқтисодие сарчашма мегирад, ки Тоҷикистонро солиёни зиёд бо Туркия пайванд медиҳад. Парвиз Муллоҷонов гуфт, масъалаи эҷоди ихтилоф бо Туркия барои Русия ва шахсан Путин хеле муҳим аст. «Мо таззоди манфиатҳоро мушоҳида мекунем, - гуфт таҳлилгар Парвиз Муллоҷонов. – Барои Эрдуғон ва ҳизби ӯ, ки дар фикри эҳёи қаламравҳои Империяи Усмонии қарни 19 мебошанд, ҷанг дар Ироқу Сурия манфиатҳои худро дорад. Дахолати Русия нақшаҳои Туркияро ба ҳам зад».

Вале барои Тоҷикистон Туркия яке аз наздиктарин кишварҳо аз назари манфиатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Равобити дипломатии миёни Тоҷикистону Туркия таърихи беш аз 20-сола дорад, дар Тоҷикистон 60 ширкати туркӣ амал мекунад ва соли 2013 мизони табодули молу коло миёни ин ду кишвар ҳудудан 500 миллион долларро ташкил дод. Туркия кишвари муҳими содиркунандаи маҳсулоти саноативу сохтмонӣ ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва шаҳрвандони ҳарду кишвар ҳақ доранд, ба қаламрави якдигар бидуни виза ворид шаванд. Айни ҳамин муқаррарот қарор аст аз ҷониби Русия шурӯъ аз соли 2016 бекор шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG