Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳтимол дорад дар зудтарин фурсат интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон азсар гирифта шавад. Манобеи мустақил мегӯянд, ки ахиран дар манотиқи маркази Тоҷикистон озмоиши лӯлаҳои интиқоли газ сурат гирифтааст. Бархе аз сокинони ноҳияи ғарби Тоҷикистон - Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, ки тариқи қаламрави онҳо лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ мегузарад, гуфтанд, ки масъулони идораи “Тоҷикгаз” қубурҳои газро санҷида, дастур додаанд, ки сохтмонҳои воқеъ дар болои хати лӯлаҳоро тахриб кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Шоимов, муовини раиси ширкати “Тоҷикгаз” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи омодагиҳо барои азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбакистонро изҳори беиттиилоӣ кард ва гуфт, ки дар ин

Тӯли ин солҳо фарҳанги истифода аз гази табиӣ дар Тоҷикистон то ҷое бегона шуда ва бештари сокинони кишвар дар хонаҳои худ барои омода кардани ғизо аз гази моеъ истифода мекунанд.

мавзӯъ метавонанд танҳо дар ҳукумати Тоҷикистон рӯшанӣ андозанд. Як мақоми баландпояи бахши иқтисодӣ дар ҳукумати кишвар, ки нахост исмаш зикр шавад, рӯзи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин замина “гуфтугузорҳое идома доранд ва ҳоло марҳилаи ҳисобу китоб ҷараён дорад”. Ин манбаъ аз эҳтимоли дубора шурӯъ шудани интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон изҳори умедворӣ кард, вале гуфт, ки ҳоло “наметавонад дар ин бора иттилои бештаре диҳад”.

Қатъи тадриҷии содироти газ ба Тоҷикистон

Узбакистон аз аввали соли 2012 интиқоли гази табиӣ ба Точикистонро пурра қатъ карда буд. Соли 2011 кишвари ҳамсоя солона ҳудуди 370 миллион метри муккаб газро ба Тоҷикистон бо нархи 370 доллар барои як метри мукааб мефурӯхт. То соли 2012 Узбакистон ҳамасола ҳаҷми интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро тадриҷан коҳиш дод, ҳарчанд дар оғози солҳои 2000-ум Тоҷикистон соле ҳудуди 1 миллиард метри мукааб газро аз ин кишвар харидорӣ мекард. Дар ниҳоят, Узбакистон эълон кард, ки ба сабаби фурӯши миқдори зиёди гази табиӣ ба Русия ва Чин наметавонад дигар ин намуди сӯзишвориро ба Тоҷикистон содир кунад.

Чунин вазъият ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки ба шеваи изтирорӣ ва сареъ фаъолияти корхонаҳои бо гази табиӣ фаъолиятдоштаро ба истифодаи ангишт табдил диҳад. Аз ҷумла, ширкатҳои бузурге ба монанди корхонаи алюминийи Тоҷикистон “Талко” ва корхонаи тавлиди сементи Душанбе ба истифода аз таҷҳизоти ангишт гузаштанд. Игор Сатторов, сухангӯи ширкати “Талко” ахиран дар Душанбе гуфт, ки “корхонаи онҳо барои гудохтани алюминиюм қаблан як метри мукааб гази табииро аз Узбакистон бо нархи 300 доллар харидорӣ мекард. Ҳоло истифодаи ангиштсанг барои тавлиди алюминий ин қимматро то 94 доллар коҳиш додааст”.

Бӯи газ барои сокинон бегона шуд

Аз сӯи дигар, тӯли ин солҳо фарҳанги истифода аз гази табиӣ дар Тоҷикистон то ҷое бегона шуда ва бештари сокинони кишвар дар хонаҳои худ барои омода кардани ғизо аз гази моеъ истифода мекунанд. Ба ин хотир, бештаре аз соҳибони манзилҳои истиқоматӣ зимни бозсозии хонаҳои худ лӯлаҳои интиқоли гази табииро барчидаанд.

Эҳтимоли азсаргирии интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон бештаре аз сокинони кишварро хушҳол кард, вале бархе аз онҳо нигаронанд, ки ҳатто дар сурати дубора интиқол шудани гази табиӣ ба манзилашон, онҳо омода нестанд аз он истифода кунанд. Зеро, насби дубораи лӯлаҳои интиқоли газ фурсат ва маблағ мехоҳад. Ба унвони мисол, дар Душанбе соли дуввум аст, ки Маркази гарму барқдиҳӣ фаъол шуда ва бояд ба манзили сокинони пойтахт гармӣ диҳад. Вале, ба далели он, ки бештаре аз сокинони пойтахт қубурҳои гармидиҳиро низ барчидаанд, то ҳол танҳо қисмате аз биноҳои серошёнаи маркази Душанбе бо гармӣ таъмин мешаванд.

Коршиносон мегӯянд, ки эҳтимоли азсаргирии воридоти гази табиӣ аз Узбакистон имкон медиҳад дар фасли сармо сарфи нерӯи барқ дар кишвар коҳиш дода шавад. Дар ин сурат, зарурати ҷорӣ кардани маҳдудият дар таъмини нирӯи барқ ҳам тадриҷан аз байн меравад.

Чунин вазъ метавонад дар ҳалли камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо то замони мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи Роғун то ҷое мусоидат кунад.

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳури Узбакистон.

Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи мақоми раиси ҷумҳури Узбакистон.

Дар солҳои гузашта давлати Тоҷикистон борҳо талош кард, ки мавзӯи азсаргии воридоти гази табиӣ аз Узбакистонро бо мақомоти кишвари ҳамсоя матраҳ кунад, вале раҳбарияти вақти Тошканд ба раҳбарии Ислом Каримов пайваста ба чунин пешниҳод посухи рад медод. Аммо баъд аз даргузашти Ислом Каримов дар аввали моҳи сентябр раҳбарияи нави Узбакистон эълон кард, ки мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя робитаҳои дӯстонаро барқарор созад. Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳури Узбакистон дар ин бора борҳо изҳори назар кардааст.

Интизор меравад, дар моҳи ҷорӣ ҳайати давлати Тоҷикистон барои соддатар кардани дарёфти виза ё раводид барои омадурафти сокинони ҳар ду кишвар ба қаламрави ҳамдигар озими Тошканд шавад.

Ҳамчунин рӯзи 2 ноябр вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода зимни суханронии худ дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон хабар дод, ки созишномаи миёни Тоҷикистон ва Узбакистон барои азсаргирии парвозҳо миёни ду кишвар таҳия ва ба ин кишвар фиристода шудааст. Ӯ гуфт, ки тарҳи созишнома ҳанӯз ба маънои шурӯи музокирот дар ин соҳа нест, чунки Тоҷикистон мунтазири посухи кишвари ҳамсоя мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG