Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарор аст, моҳи оянда як ҳайат аз ҳукумати Тоҷикистон ба Узбакистон сафар карда ва ҳамкориҳо байни ду кишварро баррасӣ намояд. Ин дар ҳолест, ки чанде пеш вазири умури хориҷии Узбакистон аз Душанбе боздид кард ва масоили рушди ҳамкориҳоро бо мақомоти тоҷик баррасӣ намуд.

Чунин ба назар мерасад, ки баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар ду моҳи пеш, зоҳиран муносибати Тоҷикистону Узбакистон ба марҳилаи нав ворид мешавад.

Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон низ чанд рӯз қабл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе барои боз ҳам беҳтар шудани равобити Тошканду Душанбе дар ояндаи наздик ибрози умедворӣ кард ва гуфт, ки муносибати ду ҳамсоя вориди ҷараёни тоза шудааст.

Шоҳқосим Шоҳисломов аз ҷумла гуфт, ки "умед аст, муносибатҳо баъди сафари вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ба Душанбе ва мулоқоти ӯ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни он масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ шудааст, боз ҳам рушд кунанд."

Шоҳқосим Шоҳисломов бештар аз ҳаққи ҳамсоядорӣ суҳбат карда ва гуфтааст, бояд ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иртибототӣ миёни ду кишвар ба ҳадди лозим тавсеа ёбанд. Ӯ гуфтааст, масъалаи содда кардани низоми раводид миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли баррасист ва интизор меравад дар моҳи ноябр як ҳайат аз Душанбе ба Тошканд биравад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз баъзе зиёиён ва раҳгузарон дар шаҳри Душанбе пурсид, ки ба назари онҳо бояд ду кишвар кадом ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG