Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд сафар мекунад


Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Ишқобод. Декабри соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов дар Ишқобод. Декабри соли 2015

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи июни соли равон ба Тошканд, пойтахти Узбакистон сафар мекунад.

Манобеи Озодӣ дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ин ҷумҳурӣ моҳи июн ба Тошканд сафар мекунад. Ҳадафи расмии ин сафар ширкат дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай аст, ки рӯзҳои 23-24 июн дар пойтахти Узбакистон доир мешавад. Раёсати ин созмони минтақавии таҳти нуфузи Чину Русияро, ки ҳамчунин Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро фаро мегирад, имсол Узбакистон бар ӯҳда дорад.

Мавзӯи омодагиҳо ба нишасти Тошканд дар мулоқоти рӯзи 29 феврали муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод бо сафири Узбакистон дар Душанбе Шоқосим Шоисломов баррасӣ шудааст. Дар хабари нашршуда дар сомонаи расмии вазорати хориҷа гуфта мешавад, ки “дар рафти вохӯрӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай ва омодагӣ ба як қатор чорабиниҳо дар давраи раисии Ҷумҳурии Узбекистон дар СҲШ, аз ҷумла ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки 23-24 июни соли 2016 дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, қарор доштанд.”

Сомонаи вазорати хориҷа ишорае ба ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони Созмони Шанхай дар пойтахти Узбакистон накардааст ва хабари сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя ҳанӯз дар сатҳи расмӣ эълон нашудааст. Вале як мақоми баландпоя дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 2 март ба Озодӣ гуфт, ширкати раисиҷумҳур Раҳмон дар нишасти сарони Созмони Шанхай ҷои шак надорад ва ӯ ба эҳтимоли ғолиб, дар ҳошияи нишасти Шанхай бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов мулоқоти якбаяк ҳам хоҳад дошт. Ҳамсӯҳбати Озодӣ гуфт, дар Душанбе умедворанд, ки мулоқоти ду раҳбар ба муносибатҳои ин ду кишвари ҳамсоя такони бештар хоҳад дод.

Мулоқоти Раҳмон ва Каримов дар Душанбе. Сентябри соли 2014
Мулоқоти Раҳмон ва Каримов дар Душанбе. Сентябри соли 2014

Мулоқоти қаблии якбаяк ва як андоза ғайриинтизори Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе низ дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай доир шуд. Ин нахустин дидори раҳбарони аввали Тоҷикистону Узбакистон аз соли 2008 ба ин тараф буд ва умедҳоро дар ҳарду кишвар ба поёни “ҷанги сард”-и тӯлонӣ дар муносибатҳои Душанбеву Тошканд бедор кард.

Гуфта шуд, ки дар ин дидор тавофуқоти муҳиме дар масъалаи беҳбуди равобити ду кишвари ҳамсоя ба даст омадааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, дар мулоқоти Раҳмон ва Каримов масоили ҳалталаб дар равобити ду ҳамсоя “ба се зина раддабандӣ карда шуда буд: масъалаҳои навбати аввал, ки ҳаллашон ногузир асту кӯшиши зиёд намехоҳад. Масъалаҳои навбати ду ва масъалаҳое, ки ҳаллашон вақти зиёд мехоҳад.”

Тошканду Душанбе тақрибан аз миёнаҳои солҳои 90 инак, ду даҳсола боз як даврони зиддунақиз ва пуртанишеро дар равобити худ пушти сар мекунанд. Парвози ҳавопаймоҳо байни ду кишвари ҳамсоя аз соли 1992 қатъ шудааст. Узбакистон аз соли 1999 марзҳояш бо Тоҷикистонро мина кошт ва соли 2001 бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кард.

Узбакистон дар соли 2009 аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ берун шуд ва аз соли 2011 интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард.

Нуқтаи дигари авҷи танишҳо байни Узбакистон Тоҷикистон соли 2010 буд, ки Тошканд ба азми Душанбе барои мустақилона сохтани нирӯгоҳи Роғун шадидан мухолифат варзид.

Дар моҳи январи соли 2015 муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Парвиз Давлатзода пешниҳодҳои ҷониби Душанберо ба сафири Тошканд Шоҳқосим Шоисломов супурд, ки ба гуфтаи манобеи огоҳ, аз ҷумла равуои бидуни визаи сокинони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати то 30 рӯз ва эҳёи парвози ҳавопаймоҳо байни Душанбеву Тошкандро дар бар мегирифт. Ҳамон рӯзҳо хабаре нашр шуд, ки ширкати “Узбакистон ҳаво йӯлларӣ” алакай аз поёни моҳи марти соли 2015 ба парвозҳо дар масири Тошканд – Душанбе шурӯъ мекунад, вале ин парвозҳо то ҳол оғоз нашудаанд.

Ҳамин тавр, моҳи июн дар Тошканд ҷаласаи навбатии кумиссиюни байни ҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон доир шуд. Охирин таҳаввул ба сӯи обшавии пиряхҳои ҷамъшуда дар равобити Тоҷикистону Узбакистон нахустин машваратҳои сиёсии ду кишвар дар сатҳи муовинони вазири хориҷа буд, ки рӯзҳои 24-25 декабри соли 2015 дар Душанбе доир шуд.

Ҳаҷми тиҷорати Узбакистон бо Тоҷикистон дар соли 2014 панҷуним маротиба афзуда, ба 160 миллион доллар расидааст. Аммо боз ҳам ин ҳамагӣ 4 дарсад аз 4 миллиард доллар ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ва 1 дарсад аз тақрибан 15 миллиард доллар ҷамъи содироту воридоти Узбакистонро ташкил медиҳад.

Қитъае аз марзи Узбакистон бо Тоҷикистон
Қитъае аз марзи Узбакистон бо Тоҷикистон

Вале ба сурати умум бо гузашти инак якуним сол аз мулоқоти Раҳмону Каримов дар Душанбе ҳанӯз пешрафти ҷиддие дар роҳи беҳбуди равобити Тошканду Душанбе ба чашм намерасад. Аммо дар Душанбе мегӯянд, кам шудани ҳавои душманӣ байни Тошканду Душанбе, ки солҳои охир ба назар мерасад, ба сари худ пешрафти андаке нест ва шояд дидори навбатии раҳбарони аввал битавонад ҳама осори хусуматҳои қаблиро рафъ ва ҳавои дӯстиро дар равобити ин ду кишвар ҳоким кунад.

XS
SM
MD
LG