Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

8 "тағйир" дар Узбакистони бе Ислом Каримов


Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев

Узбакистон беш аз якуним моҳ боз бе Ислом Каримов ба сар мебарад. Ин кишвари сераҳолии Осиёи Марказиро муваққатан Шавкат Мирзиёев раҳбарӣ дорад, ки дар айни замон яке аз довталабони асосӣ дар интихоботи моҳи декабри президентист.

Раҳбари муваққати Узбакистон дар нахустин изҳороташ гуфта буд, роҳи раиси ҷумҳурии собиқ Ислом Каримовро идома медиҳад. Аммо, бо вуҷуди ин, дар тӯли беш аз якуним моҳ дар Узбакистон чанд тағйироти чашмрас ба вуҷуд омад.

Дар баробари ин тағйирот, бояд гуфт, ҳанӯз чандин масоиле ҳастанд, ки раҳбари муваққати Узбакистон барои ҳал ё ислоҳаш шитоб надорад. Ин масоил аз фишор болои озодии сухан сар карда, то таъқиби мухолифон ва нақзи ҳуқуқи одамонро дар бар мегирад.

Арзи сокинон

Яке аз тағйироте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар борааш зиёд баҳс карданд, роҳандозии сомонаи махсус барои арзу доди сокинон буд. Бино ба иттилои расмӣ, танҳо дар ду ҳафтаи фаъолияти ин сомона ба унвонии Шавкат Мирзиёев беш аз 30 ҳазор муроҷиату дархост ва арзи сокинон ворид шудааст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, бахше аз ин шикоятҳо ба нафъи даъвогарон ҳал шудааст. Дар гузашта, дар замони раёсати Ислом Каримов, то раҳбари ҷумҳурӣ расидани шикояти сокинони Узбакистон ғайриимкон будааст.

Ҳоло расонаҳои маҳаллӣ ҳисобот дар бораи корҳои анҷомшуда ва номаҳои сипоси сокинонро нашр мекунанд. Аммо ин сомонаи арзу доди сокинон ба раҳбари муваққати Узбакистон то кай фаъол хоҳад буд ва оё ин бахше аз таблиғоти пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев нест? чизе гуфтан мушкил аст.

Саҳифа дар Фейсбук

Барои аввалин бор аз номи раҳбари Узбакистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук саҳифа боз карда, аз ҷараёни сафарҳои ӯ ба минтақаҳо, натиҷаи мулоқоту вохӯриҳояш бо раҳбарони кишварҳо, қарорҳои нав ва тағйироти кадрӣ хабар медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 20 ҳазор нафар ин саҳифаро пайгирӣ доранд. Дар замони раҳбарии Каримов ба телевизион ва сомонаҳои расмӣ бештар бартарӣ дода мешуд.

Тағйироти кадрӣ

Баъди ба уҳда гирифтани раҳбарии Узбакистон, Шавкат Мирзиёев дар сатҳи раҳбарони Тошканд ва шаҳру вилоятҳои дигари кишвараш ба тағйироти кадрӣ даст зад. Дар муддати кӯтоҳ ӯ ба чанд минтақаи Узбакистон рафт ва дар ҳар ҷое буд, раҳбарони навро таъин намуд. Ба назар мерасад, бархе аз мансабдороне, ки дар замони раҳбарии Ислом Каримов аз вазифаҳояшон сабукдӯш шуда буданд, дубора дар замони Шавкат Мирзиёев ба сари кор баргаштанд. Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ин гашти Мирзиёев нишон медиҳад, ки ӯ худро президент эҳсос мекунад ва мисли президент рафтор менамояд. Онҳо мегӯянд, ин тағйирот метавонад талош барои мустаҳкам кардани пояҳои ҳукумати Мирзиёев дар пешорӯи интихоботи президентии моҳи декабр бошад.

Шавкат Мирзиёев бо Владимир Путин

Шавкат Мирзиёев бо Владимир Путин

Таваҷҷуҳ ба тиҷорат

Шавкат Мирзиёев дар беш аз якуним моҳи раҳбари муваққатӣ буданаш ба бизнеси хурду хусусӣ паём дод, ки вазъи онҳоро беҳтар мекунад. Вай пешниҳод кард, дар Узбакистон Омбудсмени риштаи тиҷорат ташкил карда шавад. Ҳукумати нав ба кишоварзони узбак, ки молашонро ба хориҷ содирот мекунанд, низ ваъда дод, ки барояшон сабукӣ қоил хоҳад шуд.

Ҳамсоядории хуб

Раҳбари муваққати Узбакистон якбора сиёсати кишварашро дар баробари ҳамсояҳо тағйир дод. Дар замони хеле кӯтоҳ Шавкат Мирзиёев барои беҳтар кардани муносибат бо Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон гом бардошт. Дар замони раҳбарии Ислом Каримов муносибати Тошканд бо Душанбеву Бишкек ба сардӣ гароида ва тамоми марзҳо бо ин ду ҳамсояи наздик баста буд. Баъди марги Каримов Тошканд чор шаҳрванди Қирғизистонро, ки дар ҳудуди баҳсии Унгар-Тоо боздошт шуда буданд, озод кард. Нахустин бор дар Андиҷон як ҳайати бузург аз Қирғизистон меҳмон шуданд ва барои боздид ба Хуҷанд як ҳайати узбакистонӣ омад. Дар гузашта Тошканд ҳеҷ гоҳ чунин муносибати дӯстонаашро ба намоиш нагузошта буд.

Гузаргоҳи марзии миёни Узбакистону Қирғизистон

Гузаргоҳи марзии миёни Узбакистону Қирғизистон

Ислоҳи қонун дар бораи шаҳрвандӣ

Мирзиёев ба қонун дар бораи шаҳрвандии Узбакистон ислоҳ ворид кард, ки бар асоси он табааи ин кишвар ҳақ дорад, аз шаҳрвандии Узбакистон хориҷ шавад. Қаблан дар қонун ин нукта мушаххас набуд. Бисёре аз муҳоҷирони узбак, ки дар Русия шаҳрвандии он кишварро гирифта буданд ва солҳо боз роҳи чӣ гуна хориҷ шудан аз шаҳрвандии Узбакистонро меҷустанд, оҳи сабук кашиданд.

Роҳи бози «овозхонҳои мамнӯъ»

Баъди марги Ислом Каримов чанде аз овозхонҳои маъруф мисли Юлдуз Усмонова, Шералӣ Ҷӯраев ва Обид Асомов ба саҳна баргаштанд. Дар гузашта ҳунарнамоии ин афрод дар саҳнаҳои бузурги Узбакистон мамнӯъ буд. Баҳонаи бекор кардани ин рӯйхати сиёҳ чист, ҳанӯз маълум нест. Аммо чанде пештар Юлдуз Усмонова алайҳи мухолифони Узбакистон суҳбат кард.

Шералӣ Ҷӯраев ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов

Шералӣ Ҷӯраев ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов

Заррофаи Мирзиёев

Бори аввал дар Боғи ҳайвоноти Тошканд заррофа пайдо шуд. Мақомоти Тошканд гуфтанд, ки ин ҷонвари зеборо дар оғози моҳи октябр аз Қазоқистон овардаанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ миёни якдигар шӯхӣ доранд, ки Алтауро маҳз Шавкат Мирзиёев овардааст. Аммо оё ӯ ба овардани заррофа аз Қазоқистон дахл дорад, ё не, рӯшан нест.

Аммо чӣ ислоҳ нашуд?

Дар баробари ин тағйирот, ки дар ҳар сурат хуб арзёбӣ мешавад, бояд гуфт, ҳанӯз чандин масоиле ҳастанд, ки раҳбари муваққати Узбакистон барои ҳалл ё ислоҳаш шитоб надорад. Ин масоил аз фишор болои озодии сухан сар карда, то таъқиби мухолифон ва нақзи ҳуқуқи одамонро дар бар мегирад, ки дар гузашта ҳукумати Узбакистон аз созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид шунидааст. Илова бар ин, дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон Радиои Озодӣ ва Би-би-сӣ баста буда, даҳҳо ҳазор донишҷӯву мусассилин ва кормандони идораҳои давалтӣ иҷборӣ ба ҷамъоварии пахта ҷалб мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG