Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зоҳиран бо даргузашти Ислом Каримов, муносибати Узбакистон бо Қирғизистон ба марҳилаи нави муносибатҳо ворид мешавад. Дар аввали ҳамин моҳ Тошканд ҳайати расмии Қирғизистонро ба меҳмонӣ даъват кард ва тавофуқе, ки дар ҷарёни ин дидору мулоқот ба даст омад, талаботро барои равуои сокинони ин ду кишварро нармтар намуд. Дар ҳоле, ки то як соли пеш сокинони ду тарафи марз ба марги наздикону пайвандон намерасиданд, ҳоло ширкат дар хурсандии ҳамдигар барои онҳо икмонпазир шуд.

Нуқтаи назорати марзии Узбакистону Қирғизистон,”Достук” чанд рӯз инҷониб пуриздиҳом аст. Мардум хабар ёфтанд, ки ҳоло сафар ба Узбакистон осонтар шудааст ва аз субҳи содиқ онҳо навбат меистанд, то бо гузашти чандин сол, ба дидори пайвандонашон бирасанд.

Зулфияхон Абдрашидова, як шаҳрванди Қирғизистон мегӯяд, ки солҳои тӯлонӣ сокинони ду кишвар наметавонистанд ба осонӣ ҳамдигарро бубинанд. Онҳо маҷбур мешуданд, хабарномаи марг бинависанд, то ин, ки иҷозаи гузаштан аз марзро пайдо намоянд, аммо ба гуфтаи ӯ, ҳоло рафтуомад осонтар шудааст.

Ҳоло барои гузаштан аз марз доштани даъватнома барои ширкат дар маросими дафн муҳим нест ва акнун сокинони Қирғизистон метавонанд маъракаҳои хурсандиро низ ҳамроҳ бо пайвандонашон бубинад. Зулфияхон Абдрашидова мегӯяд, ки "мо на дар марг ва на дар хурсандӣ рафтан наметавонистем. Ҳоло иҷозати раттуомадро пайдо кардем. Ба номи ман даъватномаи туй омад, акнун нақша дорам, ки ба Анидҷон равам."

Марзбонон мегӯянд, агар қаблан сарҳадро рӯзона танҳо то 300 нафар мегузаштанд, ҳоло дар як рӯз беш аз ҳазор нафар аз ин марз убур менамоянд. Чунин сабукиҳо баъди сафари ҳайати Қирғизистон ба Андиҷон дода шудааст. Дар ин мулоқот, муовинони сарвазирони Қирғизистон бо Узбакистон тавофуқномаи ҳамкориро ба имзо расонданд.

Ба гуфтаи сардори постгоҳи марзии "Достук" Бексултон Алибеков, пештар гузаштани марз бо даъватномаи туй ва шаҳодатномаи ақди никоҳ, номумкин буд. Акнун дар асоси ин аснод, мардумро барои гузаштан иҷозат медиҳанд. Сабукиҳо дар марзро метавон ҳамчун натиҷаи хушбинкунандаи мулоқоти мақомдорони узбаку қирғиз баҳогузорӣ кард

Асилбек Қодиров, як шаҳрванди Қирғизистон аз ин вазъ хушҳол аст ва онро натиҷаи мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар медонад: "Раҳбарони Қирғизистону Узбакистон созишномаро имзо карданд ва кори мардум осон шуд. Барои ин мо изҳори миннатдорӣ мекунем. Албатта наметавон гуфт, ки марз куллан боз аст, чунки низоми талаби барқия ҳанӯз аз байн нарафтааст."

Аммо барои мошинҳои борбар то кунун мушкилиҳо вуҷуд доранд. Ронандаҳоеро, ки шиносномаи қирғизӣ доранд, солҳост ба Узбакистон роҳ намедиҳанд. Онҳо маҷбур мешаванд, ки бо додани маблағи калон, ҳамтоёни қазоқ ва ё русро киро кунанд.

Ислом Ҳусейнов, як ронандаии қирғиз мегӯяд, ки бинобар мушкилот дар марз, онҳо наметавонанд ба Узбакистон бираванд ва худашон молро бор кунанд, ва ё ҳадди аққал бубинанд, ки ба мошини онҳо чӣ бор мекунанд: "Ба ронандае, ки мо киро мекунем, 200 доллар медиҳем, ба ҷуз ин барои хурду хӯрокаш ҳам пул медиҳем. Марз ба мо гарон меафтад."

Соҳибкорони қирғиз умедворанд, ки мақомот дар ояндаи наздик ба мушкилоти онҳо низ таваҷҷӯҳ мекунанд ва бо ҷониби Узбакистон барои додани сабукӣ ба онҳо, ба тавофуқ мерасанд.

XS
SM
MD
LG