Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Худсафедкунӣ”-и раиси оромгоҳ баъди кушта шудани се тоҷик


Бо гузашти 10 рӯз аз занозании хунин дар оромгоҳи Хованскоеи Маскав, ки дар он се тоҷик кушта шуданд, мардикорони тоҷик то ҳол ба кор дар ин оромгоҳ барнагаштаанд.

Раиси пешини оромгоҳи Хованское, ки ҳоло дар боздошт қарор дорад, дар додгоҳ бори масъулияти занозании хунини 14 майро ба дӯши мардикорони тоҷик бор кардааст. Аммо мардикорони тоҷик, ки бо гузашти 10 рӯз аз ин занозанӣ ҳанӯз ба кор дар ин оромгоҳ барнагаштаанд, ин ҳарфҳои Юрий Чабуевро худсафедкунӣ меноманд.

Бо ин ҳол, хабаргузории Регнум рӯзи 23 май аз қавли манобеи наздик ба ҷараёни тафтиши парвандаи занозании хунини рӯзи 14 май дар оромгоҳи Хованскоеи Маскав хабар дод, ки тафтишот дар робита ба ин қазия мехоҳанд ёвари як вакили Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия аз Ҷумҳурии Чеченистон бо номи Георгийро бозҷӯӣ кунанд. Георгий, бино ба натиҷаҳои тафтшоти муқаддамотӣ, нафаре будааст, ки бо дархости Юрий Чабуев – раиси нави оромгоҳи Хованское як гурӯҳи ҷиноиро барои тасфияҳисоб ("разбор") бо мардикорони тоҷики ин оромгоҳи воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киеви пойтахти Русия ҷалб кардааст.

Дар занозании рӯзи 14 май байни як гурӯҳи ҷиноӣ ва коргарони тоҷики қабристони Хованское се нафар – ҳарсе шаҳрвандони Тоҷикистон – кушта ва беш аз 30 нафар, аз ҷумла 23 тан аз зодагони Тоҷикистон маҷрӯҳ шуданд. Аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ, ба гуфтаи коргарони тоҷик, онҳоро “ҳақ”(“доля”) баста, гуфтаанд, ки аз ин ба баъд бояд 50 фоизи даромадашонро ба ин гурӯҳ бидиҳанд. Вале коргарони тоҷик инро рад карданд ва баҳси онҳо ба занозаниву тирпарронӣ печид.

Дар пайи ин занозанӣ беш аз 110 тан аз коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское дастгир шуданд. 20 шаҳрванди тоҷик ва ду коргари низ тоҷике, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, ба 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ ва 7 тани онҳо ҳамчунин ба ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкум шуда, 3 нафари дигарро низ барои ихроҷи баъдӣ ба боздоштгоҳи муҳоҷирон ба Сахарово бурдаанд.

Юрий Чабуев - дар боздошт

Юрий Чабуев - дар боздошт

Аз тарафи муқобил дастикам 12 нафар, аз ҷумла мудири собиқи оромгоҳ Юрий Чабуев, ки ба куштори 3 нафар ва ташкили занозании рӯзи 14 май айбдор мешавад, барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудаанд. Юрий Чабуев, ки баъди занозании рӯзи 14 май аз мақом барканор шуд, ҳафтаи гузашта аз сӯи додгоҳи ноҳияи Пресняи Маскав то 14 июл ба ҳабс гирифта шуд. Наздикони ӯ мегӯянд, Чабуев танҳо қасд дошт, ки дар ин оромгоҳ “тартиб” ҷорӣ кунад ва мардикорони тоҷикеро, ки дар инҷо “ғайриқонунӣ” кор мекарданд, берун кунад.

Ба гуфтаи наздикони Чабуев ва баёноти рӯзи 19 май дар додгоҳ додаи худи ӯ, гӯё яке аз муштариён ба коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское фармоиш додааст, ки мазори яке аз наздикони ӯро рангубор ва нигоҳубин кунанд. Вале тоҷикҳо гӯё ин фармоишро “сарам-дилам” иҷро кардаанд ва фармоишгар пули онҳоро надода, ба маъмурияти оромгоҳ шикоят кардааст. Чабуев дар додгоҳ гуфтааст, ки ӯ ба хотири ҷорӣ кардани “тартиб” ширкати “Здоровая нация”-ро киро кард, “то мардикорони тоҷики азхудрафтаро ба ҷояшон биншонанд ва дар оромгоҳи Хованское билохира як тартиб ҷорӣ шавад.”

Дар Хованское – бузургтарин қабристони қораи Аврупо, ки дар майдони 197 гектар доман густурдааст, то рӯйдодҳои ахир ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон машғули корҳое, чун гӯрканӣ, тарошидани санги мазор ва нигоҳубини қабрҳо буданд.

Илҳом Сайфуллоев

Илҳом Сайфуллоев

Аммо Илҳом Сайфуллоев, намояндаи мардикорони тоҷики оромгоҳи Хованское рӯзи 23 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ даъвоҳои мудири собиқи оромгоҳро рад кард ва гуфт, дар давлате ки қонун дорад, пулис дораду даҳҳо идораҳои расмии дигар, касе барои ҷорӣ кардани тартиб ҷинояткорони мусаллаҳро намеорад.”

Илҳом Сайфуллоев ҳамчунин гуфт, бо вуҷуди гузашти 10 рӯз аз занозании 14 май коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское ҳанӯз ба кор барнагаштаанд.

Илҳом Сайфуллоев: Мо ҳама то ҳол дар ҳар тараф баҷо-баҷо мегардем. Бубинем, ки чӣ мешавад. Умедамон танҳо ба Худои таолост.

Радиои Озодӣ: Яъне то ҳол бачаҳои тоҷик ба кор дар оромгоҳ барнагаштаанд?

Илҳом Сайфуллоев: На, дар ҳоли ҳозир, кор накарда истодаанд дар оромгоҳ.

Радиои Озодӣ: Ягон нафар?

Илҳом Сайфуллоев: Ягон нафар! Касеро то ҳол намегузоранд, ки кор раванд. Тафтишот рафта истодааст ва чунин бармеояд, ки боз мехоҳанд тоҷикҳоро гунаҳкор кунанд. Ҳарчанд мо сабтҳоро ба пулис додем, ки чигуна соати 10 онҳоро хабар кардем, вале қариб 3 соат гузашту нирӯҳои изофӣ наомад, ки пеши занозаниро бигиранд.

Радиои Озодӣ: Дар додгоҳ наздикони Чабуев ба занозании 14 май либоси як муноқишаи маоишӣ пӯшонда гуфтаанд, ки гӯё кадом муштарӣ аз кори тоҷикҳо норозӣ буд ва гӯё чунин шикоятҳо зиёд будааст.

Илҳом Сайфуллоев: Қонун ҳамеша факту далелро талаб мекунад. Оне ки гӯё мазори кадом наздикашро касе вайрон карда бошад, инҷо пулис гуфтанӣ идора ҳаст, ФСБ гуфтанӣ идора ҳаст, чандин мақоми дигари давлатӣ ҳаст. Он одам бояд ба онҳо арз мекард, ариза медод. Дар кмераи назоратӣ ҳамааш ҳаст, ки кӣ меояду бо Чабуев саломуалейк мекунад, кӣ бо пулис гап-гап дорад ранги бародарона. Ин ҳама ташвиқот аз сӯи тарафдорони Чабуев аст, ки мехоҳанд худро сафед кунанд. Додситонӣ бояд ин даъвоҳоро тафтиш кунад ва барои чунин ҳарфҳои бардурӯғ бояд ҷазояшон ҳам бидиҳад.

Радиои Озодӣ: Яъне ба бовари шумо, ин даъвоҳо як навъ худсафедкунӣ аст аз сӯи Чабуев?

Илҳом Сайфуллоев: Бале, ӯро мақсадаш ҳамин аст. Мо ҳам дар телевизион дидем, ки намояндаи он гурӯҳ мегуфт, ки аз муҳоҷирон шикоят зиёд шуду мо бояд онҳоро аз оромгоҳ пеш мекардем. Охир, шумо киед? Ту на пулис бошӣ, на ФСБ бошӣ, на ФМС бошӣ, кӣ туро чунин ваколат додааст, ки биёву мардумро аз ҷои кораш пеш кун? Магар ҳукумати Русия ин ваколатро додаасту инхел одамони дузду қарақчиро дар бараш гирифтаст, ки ин бо сари баланд мегӯяд, ки ба мо гуфтанд, ки раведу дар фалон ҷо “тартиб” ҷорӣ кунед? Охир, шумо ҳеҷ касанд. Ҳуқуқи шумову ҳуқуқи ҳамин муҳоҷироне, ки бояд пеш мекардед, баробар аст.

Радиои Озодӣ: Чабуев гуфтааст, ки ӯ ба хотири ҷорӣ кардани “тартиб” дар оромгоҳ ширкати “Здоровая нация”-ро даъват карда буд. Ин чӣ ширкат асту чӣ нақше дошт дар ин моҷаро?

Илҳом Сайфуллоев: Охир барои ҷорӣ кардани тартиб дар инҷо, ман боз такрор мекунам, ки ин кишвар пулис дорад, ФМС дорад... Ман нав фаҳмидам, ки барои ҷорӣ кардани тартиб шахсони яроқбадасти ҷиноятпешаро бигиранду биоранд. Онҳо вақте “Здоровая нация”-ро оварданд, ба мо чунин муаррифӣ карданд, ки инҳо намояндагони бошгоҳи варзишии “Здоровая нация”-анд. Дар пушти камзӯлҳояшон ҳам чунин тамға зада буданд. Ин як “ғасби рейдерӣ” буд. Ва “тартиб”-ро ҳам чунин ҷорӣ карданд, ки гӯрканҳои бечораро “ҳақ” бастанд.

Радиои Озодӣ: Матбуоти Русия мегӯяд, ки нафарони “Здоровая нация” омада, дар дохили оромгоҳ оффису ҳатто толори варзишӣ сохтанд барои худ. Дуруст аст ин?

Илҳом Сайфуллоев: На, толори варзишӣ набуд, вале Чабуев як идораи махсус барояшон дод. Барои 10-12 нафар ҳамчун “смотрящий“(нозири умур)-и ин қабристон аз тарафи олами ҷиноӣ.

Радиои Озодӣ: Акнун коргарони тоҷики ин оромгоҳ чӣ фикр доранд? Бармегарданд сари кор?

Илҳом Сайфуллоев: Ин бастагӣ ба мақомоти Русия дорад. Мо авбош нестем, мо дар доираи қонун кор мекунем. Агар ҳукумат ва идораи корхонаи давлатии “Ритуал” иҷозат бидиҳад, ки муҳоҷирон кор кунанд, кор мекунем. Агар иҷозат надиҳанд, меравем ягон ҷои дигар. Мо ба ҳукумату қонунҳои Русия ягон зиддият надорем. Мо кием? Як мардуме, ки дар чорчӯби қонун кор мекунем. Ин қадар сол, муддати 20 сол иҷозат доданд, ки кор кунед, мардум кор кард. Агар ки иҷозат надиҳанд, охир ғайриқонунӣ кӣ кор карда метавонад дар Русия?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG