Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидон: "Қафқозиҳоро ба сари тоҷикҳо худи тоҷикҳо оварданд


Акс аз навори камераи назоратии қабристони Хованское
Акс аз навори камераи назоратии қабристони Хованское

Манобеи Озодӣ мегӯянд, зодагони Қафқозро барои тасвияҳисоб ё “разбор” бо муҳоҷирони тоҷик дар қабристони Хованское, як гурӯҳи дигари зодаҳои Тоҷикистон овардаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ дар Маскав мегӯянд, ки дар пушти занозании хунини рӯзи 14 май дар қабристони Хованскоеи Маскав ду гурӯҳи зодагони Тоҷикистон истодаанд. Ба гуфтаи дастикам ду манбаи огоҳ аз ҷараёни ҳодисот, як гурӯҳи ҷавонони тоҷики варзишгар, ки дар як толори гуштии шаҳри Маскав машқ мекарданд, то занозании дирӯза чанд бор ба қабристони Хованское омада, аз мардикорони тоҷик “ҳақ” талаб кардаанд.

Мақомоти Русия низ алакай рӯзи шанбе дар заминаи бархӯрди манфиатҳо рух додани занозании гурӯҳӣ дар Хованскоеро яке аз фарзияҳои асосӣ хонда буданд. Софя Хотина, сухангӯи пулиси Маскав гуфт, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ду гурӯҳ барои минтақаҳои хидматрасониашон дар ин оромгоҳ аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд. Манбаи хабаргузории Интерфакс дар пулиси Маскав низ гуфтааст, дар қабристони Хованское намояндагони минтақаи Қафқози Русия бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дастбагиребон шудаанд ва сабаби муноқиша ҳам баҳси ду гурӯҳ барои қаламрави нуфуз дар ин оромгоҳ будааст.

ВИДЕОИ АКРАМИ АБДУҚАҲҲОР АЗ ҶОИ ҲОДИСА:

Видео аз маҳали занозанӣ дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00

Дар Хованское, бинои ба гуфтаи манобеи Озодӣ, ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон – асосан аз Обигарму Роғун ва аз Душанбе – машғули пешаҳое, чун гӯрканӣ, сангтарошӣ, раҳрӯбӣ ва дигар навъҳои хидматрасониҳои марбут ба гӯручӯб ва нигоҳубини мазорҳои ин оромгоҳ буданд. Онҳо дар инҷо аз тариқи ширкатҳои хусусӣ ва ба сурати инфиродӣ ба корафтодагон пешниҳоди хидмат мекардаанд.

Яке аз тоҷиконе, ки дар қабристони Хованское кор мекунад, рӯзи 15 май дар сӯҳбат бо Озодӣ ба далоили амниятӣ аз бурдани номаш худдорӣ кард, вале гуфт, ки “чеченҳову доғистониҳоро ба сари мо тоҷикони худамон, ки хоҳари якеаш шавҳари чечен дорад, оварданд. Аввал ҳамчун миёнарав аз номи чеченҳо омада, талаб карданд, ки ба онҳо ҳақ диҳем. Гуфтанд, ки даромади мо аз ин ба баъд бояд ду тақсим шавад – 50 фоиз ба онҳо ва 50 фоиз ба мо. Вале аксари бачаҳои мо дар инҷо 30-40 ҳазор рубл маош мегиранд. Нисфашро ба онҳо бидиҳем, боқимондааш ҳатто барои рӯз бурданамон дар Маскав намерасад. Вақте зӯри худашон нарасид, чеченҳову доғистониҳоро барои “разбор” оварданд. Мо маҷбур асбобҳои кориамон, ҳамон белу белчаҳоямонро гирифтему касе ягон чӯб ё санг ва аз ҳаққи худамон дифоъ кардем.”

Исми дастикам 3 нафар аз ин фиристодаҳои ин гурӯҳи ҷиноӣ ба Радиои Озодӣ маълум аст. Вале ба далоили қонунӣ дар ҳоли ҳозир мо танҳо бо овардани ҳарфи аввали исми онҳо – Ф., Р. ва З. –худдорӣ мекунем .

Манобеи Озодӣ мегӯянд, вақте дар занозании рӯбарӯ ҳам он тараф ноком шуд, даст ба силоҳ бурданд. Ба гуфтаи коргарони тоҷики қабристони Хованское, онҳо силоҳ надоштанд. Яке аз онҳо мегӯяд: “Вақте ба мо ҳамла карданд, мо маҷбур асбобҳои кориамон, ҳамон белу белчаҳоямонро гирифтему як қисми дигар ягон чӯб ё санг ба даст гирифтанд.”

Хушаков Сӯҳроб
Хушаков Сӯҳроб

Рӯзи 14 май, соати тақрибан 11 байни ду гурӯҳ дар назди дарвозаи марказии оромгоҳи Хованское занозании сахт, ки ҳатто ба тирпарронӣ печид, рух дод. Бино ба маълумоти расмӣ, дар занозании хунини рӯзи 14 май дар қабристони Хованское 3 нафар кушта ва дастикам 26 нафар захмӣ шудаанд. 14 тан аз захмиён ҳанӯз дар бемористон боқӣ мемонанд.

Исми кушташудаҳо, ки ҳарсе зодагони шаҳри Роғуни Тоҷикистон будаанд, низ эълон шудааст:

  1. 1. Хушаков Сӯҳроб (соли таваллудаш 1990)
  2. 2. Ризоев Иноят (с.т. 1977)
  3. 3. Собиров Сайнуриддин (с.т. 1974).

Шабакаи “Life News” видеои ин занозаниро, ки зоҳиран тавассути камераи назоратии назди даромадгоҳи қабристони Хованское сабт шудааст, низ нашр кард.

ВИДЕОИ ЗАНОЗАНӢ ДАР ҚАБРИСТОН

Кумитаи тафтишоти шаҳри Маскав гуфт, ки дар қиболи ин ҳодиса бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия(куштор) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Шаҳрдории Маскав гуфт, ба иллати занозанӣ рӯзи 14 май дар қабристони Хованское ду ҷанозаро натавонистаанд ба хок бисупоранд ва шаҳрдорӣ мудири ин оромгоҳро баъди ин занозании хунин барканор кардааст.

Олга Волк, сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Русия хабар дод, ки дар пайи ин занозанӣ ҳудуди 90 тан аз иштирокчиёнашро дастгир кардаанд. Аз ҷумла се нафареро, ки ба гуфтаи пулис, ҳангоми фирор аз ҷои ҳодиса бо мошини худ ду мардикори тоҷики ин қабристонро зер карда куштанд.

Аммо яке аз коргарони қабристони Хованское мегӯяд, аксари боздоштшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд: “Бубинед, моро ҳам заданду куштанд ва боз моро боздошт карданд. Аз он тараф фақат чанд нафар дастгир шуд. Аксари ҳамлагарон бемамониат ба мошинҳояшон нишаста рафтанд. Ҳамин лаҳзаҳо бачаҳои тоҷики боздоштшударо ба додгоҳи минтақаи Шербинское бурдаанд ва ҳукми ихроҷашон аз Русияро баррасӣ мекунанд. Рост мегӯянд, ки камбағалро ҳатто дар болои уштур саг мегазад.”

Дар гузашта низ бо ширкати муҳоҷирон дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия чунин занозаниҳо сурат мегирифт. Вале занозании ахир дар Хованское аз ду нигоҳ собиқа надорад: Аввалан, аз нигоҳи шумори иштироккунандагонаш, ки манобеи мухталиф дастикам 100 нафар ва бархе ҳатто то 500 нафар баршумурдаанд. Дувуман, худи макони ин занозанӣ, яъне қабристон.

Ба ҳамин далел, ҳатто раҳбари пулиси Маскав Анатолий Якунин рӯзи 14 май ба ҷои ҳодиса омада, шахсан ба амалиёти мақомоти интизомӣ раҳбарӣ кард. Як ҳайъат аз кормандони сафорату консулгарӣ ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба раҳбарии бевоситаи сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов низ рӯзи 14 май ба хотири рӯшан кардани ҷузъиёти қазия ва расондани кумак ба шаҳрвандони тоҷик ибтидо ба қабристон ва ба дунбол барои аёдати тоҷикони захмӣ ба се бемористоне, ки маҷрӯҳони ин занозаниро ҷобаҷо кардаанд, рафтанд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо як ибтикори камназир билофосила баъди занозании гурӯҳӣ дар Хованское ба вазири дохилаи Русия Владимир Колоколтсев тамоси телефонӣ гирифта, кумаки мақомоти Тоҷикистонро барои таҳқиқи ин қазия пешниҳод кардааст.

Бино ба хабари расмии нашршуда дар сомонаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, “барои ҳаматарафа, пурра ва воқеъбинона бурдани корҳои оперативӣ-тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия генерал-майори милитсия Азизов А.К. ва Хадамоти махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев В.А. ба гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Москва шомил карда шуданд.» Хабари ба ҷараёни тафтиши занозании рӯзи 14 май дар қабристони Хованское пайвастани генерал Абдуғаффор Азизовро сухангӯи пулиси Русия Олга Волк низ тасдиқ кардааст.

Қабристони Хованское, воқеъ дар минтақаи Новая Москва, соли 1972 таъсис ёфта, бузургтарин оромгоҳи нафақат пойтахти Русия, балки тамоми қораи Аврупо ба шумор меравад. Ин оромгоҳ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киевское дар майдони 197,2 гектар доман густурдааст.

XS
SM
MD
LG