Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занозании беш аз 100 нафар дар гӯристони Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 14 май дар гӯристони Хованское дар шаҳри Маскав занозании оммавӣ рух додааст. Дар ин занозанӣ, бино ба гузориши хабаргузории Интерфакс беш аз 100 нафар ширкат кардаанд. Хабарнигори Озодӣ дар Маскав аз қавли шоҳидон мегӯяд, ки дар байни афроди дар ин занозанӣ осебдида шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Онҳо дар гӯристони Хованское ба ҳайси гӯркан, раҳрӯб ва сангтарош кор мекарданд. Интерфакс менависад, ки рӯзи 14 май дар ин оромгоҳ намояндагони ду гурӯҳи қавмӣ ҷамъ шуданд ва баҳси онҳо ба занозанӣ бо истифода аз калтаку арматура ва ҳатто силоҳи оташфишон печидааст. Барои хатми ин занозанӣ пулиси Маскав маҷбур шудааст, ба ин гӯристон нирӯҳои вижаро бифиристад. Шабакаи “Лайф” аз қавли манбааш дар идораи тандурустии Маскав дар бораи ба бемористон мунтақил шудани дасти кам 10 нафари захмишуда дар Хованское хабар дод. Бархе расонаҳои маҳаллӣ шумори иштирокунандагони занозанӣ дар Маскавро то 500 нафар баршумурда мегӯянд, ки пулис даҳҳо нафари онҳоро дастгир кардааст.

XS
SM
MD
LG