Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Аввалҳо мегуфт, ки ОМОН тафтиш мекунад, ин дафъа гуфт - чеченҳо"


Акси Суҳроб Хушаков, яке аз қурбониёни занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав, дар дасти ҳамсару фарзандаш. Роғун, 18 май

Акси Суҳроб Хушаков, яке аз қурбониёни занозании хунин дар қабристони Хованскоеи Маскав, дар дасти ҳамсару фарзандаш. Роғун, 18 май

Ҳамсари яке аз қурбониёни занозанӣ дар Хованское мегӯяд, ки шавҳараш дар гузашта аз тафтиши нирӯҳои махсуси пулис шикоят мекард, аммо дафъаи охири суҳбаташ аз ҳамлаи чеченҳо гуфтааст.

Наздикони се муҳоҷири кушташудаи тоҷик дар занозании хунини Маскав ҷасади ноноварони худро нимирӯзи 18 май дар зодгоҳашон – рустоҳои Қандак, Тутак ва Эшонони шаҳри Роғун – ба хок супурда ва дар сӯг нишастаанд. Онҳо мегӯянд, ки фарзандонашон дар ин занозанӣ фақат қурбонӣ буданд ва аз мақомоти Тоҷикистону Русия талаб доранд, ки ин қазия мунсифона таҳқиқ шуда, гунаҳкорон ҷазои сазовор гиранд.

Табаралӣ Асоев – падари Суҳроб Хушаков – субҳи чоршанбе ҷасади писари 22-солаашро аз Маскав ба ватан овардааст. Ӯ гуфт, писараш на дар қабристони Хованскоеи Маскав кор мекард ва на болои муҳоҷирони тоҷик дар ин қабристон ҳамла карда буд, “балки барои ҳеч чиз кушта шудааст”.

Табаралӣ Асоев

Табаралӣ Асоев

“Суҳроб танҳо як ҳафта пештар аз ин ҳодиса ба дидорбинии писари амакаш рафта буд. Онҳо дар сохтмоне дар наздикии гӯристони Хованскоеи шаҳри Маскав кор мекарданд,” - нақл кард Асоев дар суҳбат бо хабарнигорони Озодӣ. Ӯ гуфт, ки писараш дар рӯзи муноқиша низ дар наздикии қабристони Хованское гаштугузор доштааст ва аз тири ҳамлаварон ба ин қабристон кушта шудааст.

“Ҳодиса он тавре нест, ки баъзе аз расонаҳои Русия бозтоб додаанд. Писарам ҳаргиз бо гуруҳи дигар болои ҳамватанони худ ҳамла накарда буд,” - афзуд падари Суҳроб Хушаков.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, писараш баъд аз хатми мактаби миёна дар ягон донишгоҳ таҳсил накарда, барои таъмини хонаводаашон барои мардикорӣ ба Русия рафта буд ва шаш сол боз дар онҷо корҳои сохтмонӣ мекард. Ҳоло аз Суҳроб Хушаков ду фарзанд - яке чорсола ва дигаре ҳаштмоҳа боқӣ мондаанд.

Даромадгоҳи шаҳри Роғун

Даромадгоҳи шаҳри Роғун

Меҳрангез Хушакова, ҳамсари Суҳроб, ки ҳарду ҳамсол будаанд, гуфт, шавҳараш ҳамагӣ як рӯз пеш аз ҳодисаи занозанӣ дар қабристони Хованское бо ӯ дар тамос шуда ва таъкид кардааст, ки ин дафъа барои зану кӯдаконаш хонаи нав хоҳад сохт. Меҳрангез дар суҳбат бо Озодӣ гуфт: "Шавҳарам ҳар сол се моҳи зимистон ба назди мо меомад ва боз барои кор ба Русия мерафт. Мо ҳарду дар як синф мехондем ва якдигарро дӯст дошта, оиладор шудем. Вақте бародарам ба ман занг зад ва гуфт, ки Суҳробро куштаанд, бовар накардам. Чунки як рӯз пеш ба ман занг зада буд ва медонистам, ки рӯзи 14 май боз тамос мегирад, чунки рӯзи таваллуди духтарам Меҳрнигор буд."

Қумрӣ Табарова, ҳамсари Сайнуриддин Собирови 42-сола, қурбонии дигари занозании қабристони Хованское, мегӯяд, ҳоло бо панҷ фарзанди ноболиғ танҳо мондааст. Ӯ гуфт, шавҳараш ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз ин занозанӣ ба Русия рафта буд: "Ҳамсарам 15 сол боз дар гӯристони Хованскоеи шаҳри Маскав ба ҳайси сангтарош кор мекард."

Қумрӣ Табарова (аз тарафи рост), ҳамсари Сайнуриддин Собиров

Қумрӣ Табарова (аз тарафи рост), ҳамсари Сайнуриддин Собиров

"Вақте шавҳарам ба Русия рафт, ман дар бемористон бистарӣ шудам. Ба хотири он ки шавҳарам ду ҳафта қабл ба Русия рафта буд, аз ӯ пули табобат напурсидам, танҳо хоҳиш кардам, ки дар хона як ноутбук ҳаст онро фурӯшам, ё не? Аммо гапамро тамом нокарда шавҳарам ба ман гуфт, ки каме дертар худаш занг мезанад ва ҳоло гап зада наметавонад, чунки чеченҳо ба назди онҳо меоянд. Шавҳарам гуфт, ки мо бояд гурезем. Аввал фақат мегуфт, ки ОМОН-ҳо тафтиш мекунанд, ин дафъа гуфт - чеченҳо," - нақл кард Қумрӣ Табарова.

Рӯзи 14 май як гурӯҳи ҷиноӣ бо талаби ҷудо кардани “ҳаққ” ба коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киев дар канори пойтахти Русия ҳамла карданд. Дар ин қабристон ҳудуди 200 зодаи Тоҷикистон машғули гӯрканӣ, нигоҳубини мазорҳо ва сангтарошӣ буданд. Намояндагони гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Қафқоз, русҳо аз мардикорон талаб кардаанд, ки нисфи даромади худро ба онҳо бидиҳанд. Баҳси ду тараф ба занозанӣ ва тирпарронӣ печид, ки дар натиҷа се шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуданд ва ҳудуди 30 тани дигар захм бардоштанд.

Ҷасади Сӯҳроб Хушаков, Иноят Ризоев ва Сайнуриддин Собиров – зодагони шаҳри Роғун субҳи 18 май тавассути ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба Душанбе оварда шуд. Барои қабули тобутҳо Сумангул Тағозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафта, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикони онҳо изҳори ҳамдардӣ кард.

Ин барои бори аввал буд, ки як мақоми баландпояи Тоҷикистон барои қабули тобути муҳоҷирон ба фурудгоҳ меравад ва ин рафтори вазири меҳнат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди ситоиш қарор гирифтааст. Вале бархе аз корбарон гуфтаанд, ки агар мақомҳои тоҷик аз аввал чунин рафтор карда, аз муҳоҷирони худ бештар ҳимоят мекарданд, шояд кор то инҷо намекашид.

Бино ба иттилои расмӣ то 1 ва бар асоси манобеи ғайрирасмӣ то 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ доранд. Ва ҳамасола даҳҳо тобути муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан оварда мешавад. Агар бархе аз онҳо бо марги табиӣ фавтида ё аз баландии сохтмонҳо афтода ҷон додаанд, иддае дигар дар пайи шиканҷа, истифодаи зӯр ва тир кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG