Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расул Боқиев: Ман ҳеҷ гоҳ ба сари тоҷики худам “одам” намебарам


Паҳлавони маъруфи тоҷик Расул Боқиев шогирди ӯ будан ё дар мактаби гуштии ӯ дар Маскав машқ кардани тоҷикҳои муттаҳам ба занозании хунин дар қабристони Хованскоеро рад мекунад.

Паҳлавони маъруфи тоҷик, барандаи нишони биринҷии мусобиқоти гуштии дзюдо дар Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин Расул Боқиев овозаҳои бархоста дар бораи гӯё ба ӯ кадом рабт доштани ба истилоҳ муштзӯрҳои тоҷики дахил дар занозании хунини рӯзи 14 май дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскавро башиддат рад кард.

Рӯзи 14 май баҳси як гурӯҳи ҷиноӣ бо коргарони тоҷики қабристони Хованское дар назди даромадгоҳи марказии ин оромгоҳ ба занозанӣ ва сипас ҳатто ба тирпарронӣ печид, ки дар натиҷааш 3 нафар – ҳар се шаҳрвандони Тоҷикистон – кушта шуда, 26 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи коргарони тоҷики ин оромгоҳ, ҷониби муқобил аз даромади онҳо барои худ 50 дарсад “ҳақ” мехост ва чун онҳо рӯзи 14 май дар ҷараёни “тасфияҳисоб” дар назди дарвозаи марказии оромгоҳи Хованское талаби ин зӯргӯёнро рад карданд, “муштзӯрҳо даст ба силоҳ бурданд.

Шоҳидон мегӯянд, ки ин гурӯҳи ҷиноии иборат аз зодагони Чеченистону Доқистон – ду ҷумҳурии минтақаи Қафқози шимолии Русияро барои ба пардохтани “ҳақ” маҷбур кардани муҳоҷирони тоҷик як гурӯҳи дигари зодагони Тоҷикистон ҳамдастӣ ва роҳнамоӣ мекарданд. Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, ин зодаҳои Тоҷикистон дар тӯли ин моҷаро, ки ду ҳафта боз идома доштааст, аз ҷумла иддао кардаанд, ки гӯё шогирдони паҳлавони маъруф Расул Боқиев ҳастанд ва дар толори гуштии Расул дар шаҳри Маскав машқ мегиранд.

Исми дастикам 3 нафар аз ин фиристодаҳои ин гурӯҳи ҷиноӣ ба Радиои Озодӣ маълум аст. Вале ба далоили қонунӣ дар ҳоли ҳозир мо танҳо бо овардани ҳарфи аввали исми онҳо – Ф., Р. ва З. –худдорӣ мекунем .

Аммо Расул Боқиев рӯзи 15 май дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, чунин шеваи пулкоркуниро шадидан маҳкум мекунад ва мутмаин аст, ки “луқмаи ҳаром ҳеҷ гоҳ инсонро ба мақсад намерасонад.” Паҳлавони маъруфи тоҷик, ки солҳои охир дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, ҳамин тавр, ҳар навъ рабт доштани ин афрод ба мактаби гуштии ӯ ва гузашта аз ин, шогирди ӯ будани ин нафаронро рад кард ва гуфт, ӯ аз зумраи касоне нест, ки болои ҳамватанҳои худ “одам” барад.

Расул Боқиев: Ман ҳеҷ гоҳ ба сари тоҷики худам “одам” намебарам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00
Линки мустақим

Расул Боқиев: Ин одамоне, ки шумо номбар кардем, ягон дахолат надоранд ба мактаби мо. Номи ин одамҳоро мо ҳам мисли шумо фақат шунидаем, вале ман бо ин одамон ягон алоқа ҳам надораму онҳо на шогирдони мананд, на рафиқони мананд. Ман инҳоро ҳатто намешиносам.

Озодӣ: Коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, албатта, ки худи Расул Боқиев бо онҳо дар тамос шуд ва фаҳмонд, ки ӯ ягон дахолате дар ин муштзӯрӣ надорад. Вале чун овозаҳое дар ин бора ба чархидан даромадаанд, хостем, ки худи Шумо ба онҳо рӯшанӣ андозед.

Расул Боқиев: Ман инҷо як коргари давлатам ҳоло, дар вазорати корҳои дохилаи Русия кор мекунам. Як мактаби гуштӣ кушодаам бо номи “Мактаби гуштии Расул Боқиев” дар рустои Олимпии Маскав ва бо ҳамон мактаб саргардонам. Ҳамин мактабро рушд дода истодаам, шогирд тайёр карда истодаам ва иншоаллоҳ, 19 май дар “Қасри варзиш”-и воқеъ дар шоҳроҳи Варшава мусобиқаҳои қаҳрамонии гуштии Маскав баромад мекунем. Ман ба ин хел корҳои ҳарому корҳои бад ягон алоқа надорам, худам бад мебинам луқмаи ҳаромро. Ман фақат шогирдонамро насиҳат мекунам ва фарзандонамро ҳам чунин тарбия мекунам, ки як луқмаи ҳалол биёбанду бихӯранд. Барои ҳамин, ин гуна масъалаҳо тамоман дар хуни мо нест, дар фикри мо нест. Ман ду-се рӯз шуд, ки маризам ва дар хона хобам.

Озодӣ: Мариз буданатон аз овозатон ҳам маълум аст, чунки хеле гирифта аст.

Расул Боқиев: Дар воқеъ маззаам нест. Вале дирӯз занг заданду гуфтанд, ки ҳамин хел одамонро медонӣ? Ман гуфтам, на бародаранд ба ман, на рафиқанд, на дӯстанд ва на шогирди мананд. Ман инҳоро намешиносам.

Озодӣ: Аммо агар бо истифода аз фурсат, аз мактаби гуштии Расул Боқиев бипурсем, шогирдони тоҷик ҳам доред онҷо?

Расул Боқиев: Бале, бачаҳои тоҷик ҳам ҳастанд, аз ҳамаи миллатҳо ҳастанд дар мактаби ман. Мо охири ҳар моҳ мусобиқа мегузаронем, ҳунару пешрафти шогирдонро месанҷем. Ин мактаб ихтисосан ба номи ман кушода шудааст.

Озодӣ: Аммо агар баргардем ба ҳамон мавзӯи аввал – занозании хунин дар оромгоҳи Хованское, ки се ҳамватани мо (Худо ҷояшонро ҷаннат кунад) онҷо кушта шуданд. Расул, оё барои худи Шумо ҳам ҷолиб нест донистани ин чиз, ки чаро пои Шуморо ба ин моҷаро кашиданд ё мехостанд бикашанд?

Расул Боқиев: Ман ҳатто ҳайрон мешавам, ки чаро аз ман савол мекунанд дар ин бора? Охир ман онҳоро ҳатто намешиносам.

Озодӣ: Оё фикр намекунед, ки ҳамон нафарони муштзӯр шояд барои гузарондани ҳарфи худ аз номи шумо сӯиистифода кардаанд, то бо ин иддао, ки онҳо шогирдони Расул Боқиеванд ё инки дар мактаби Расул Боқиев машқи гуштӣ мекунанд, вазни худро дар назди ҳамон муҳоҷирони тоҷики бечора зиёдтар нишон бидиҳанд?

Расул Боқиев: Ман чунин одамони бадрафторро дар мактабам ҳеҷ гоҳ ёд надорам. Ман ҳама вақт ба шогирдонам насиҳат мекунам, мефаҳмонам, ки меҳнат кунед ва зӯриатонро дар майдони гуштӣ нишон диҳед. Чунин аҳмақиҳо ва чунин луқмаи ҳаром одамро ба мақсад намерасонад. Ман дар фикру андешаи танҳо обрӯям, фақат барои обрӯ заҳмат кашидааму мекашам. Фарзандонро тарбия кунем, шогирдонро тарбия кунем, ба қаҳрамонии Маскав барорем, ба қаҳрамонии Русия барорем, қаҳрамони олимпӣ тарбия кунем. Ана ҳамин аст мақсади мо. Мақсади мо ин нест, ки як роҳзану як одами аҳмақ тайёр кунем аз ин мактаб.

Расул Боқиев, фарзанди паҳлавони маъруфи тоҷик Мураббии шоистаи Тоҷикистон Худойназар Боқиев 29 сентябри соли 1982 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омадааст. Расул Боқиев дар гуштии дзюдо барандаи нишони биринҷии Олимпиадаи Пекин дар соли 2008 ва дар соли 2007 дар Рио-Де-Жанейро нишони биринҷии қаҳрамонии дунёро ба даст оварда, дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012 Ҷоми ҷаҳонии дзюдоро соҳиб шудааст. Соли 2009 Расул Боқиев қаҳрамони гуштии дзюдои Русия шуда буд. Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон. Расул Боқиев солҳои охир дар Маскав ба сар мебарад. Соли 2015 дар пойтахти Русия “Мактаби гуштии Расул Боқиев”-ро таъсис дод ва ҳоло дар ҳамин мактаб ба тарбияи шогирдон машғул аст.

XS
SM
MD
LG