Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Жириновский: Марзи Русияро ба рӯи муҳоҷирон бандед


Игор Лебедев
Игор Лебедев

Муовини раиси Думаи давлатии Русия гуфтааст, марзҳои ин кишвар бояд то замони анҷоми тафтиши қазияи занозанӣ дар оромгоҳи Хованское ба рӯи муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ баста шавад.

Игор Лебедев, муовини раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия рӯзи 15 май дар вокуниш ба занозании хунини як рӯз пеш дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав гуфт, бояд то замони анҷоми тафтиши ин қазия марзҳои Русия ба рӯи муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ баста шавад.

Игор Лебедев, ки дар Думаи давлатӣ аз ҳизби қавмгарои либерал-демократ намояндагӣ мекунад ва писари раиси ин ҳизб Владимир Жириновский мебошад, дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс гуфт, вакилони Дума баъди ин занозанӣ, ки се кушта ба ҷо гузошт, дар фикри бастани марзҳои Русия ба рӯи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ шудаанд.

Худи Лебедев бар ин аст, ки муҳоҷирони корӣ бояд як бор хуб ҳисобукитоб карда шаванд: "Муҳоҷиронро ҳисобукитоб мекунем ва мефаҳмем, ки чӣ миқдор лозим аст, то дигар муноқишаҳои шабеҳи он чӣ ки рух дод, рух надиҳҳанд. Дар ғайри ин сурат, мо ба рӯзе мерасем, ки пулиси Маскав дигар тавони гирифтани пеши роҳи онҳоро аз даст медиҳад, чунки онҳо даҳҳо ва садҳо ҳазор нафаранд. Аксари онҳо бидуни доштани ягон ҷои кор пеши дӯстону хешовандон ва бародаронашон меоянд ва бо ин роҳ оила-оила ба инҷо мекӯчанд."

Гузориши ОЗОДӢ аз оромгоҳи Хованское

Видео аз маҳали занозанӣ дар Маскав
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00

Игор Лебедев нагуфтааст, ки марзҳои Русияро ба рӯи муҳоҷирон бо кадом тариқ бояд баст? Вале ӯ танҳо сиёсатмадори рус нест, ки дар пайи занозанӣ дар қабристони Хованское бо талаби шадидтар кардани тартиби сафари шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия садо баланд мекунад.

Рӯзи 15 май ҳамчунин як вакили Шӯрои федеросиюн - маҷлиси болоии парлумони Русия низ хостори ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Узбакистон шуд.

Талаби боз як сенатори рус: "Бо Тоҷикистон виза ҷорӣ шавад!"

Евгений Серебренников
Евгений Серебренников

Евгений Серебренников, муовини аввали раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федеросиюн гуфтааст, ки ин маҷлиси болоии парлумони Русия ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳаводисе, чун занозании хунини рӯзи 14 май дар қабристони Хованское аз боз ҳам шадидтар кардани қонунҳои муҳоҷирати ин кишвар ва аз ҷорӣ кардани виза бо як идда аз кишварҳои ИДМ (СНГ) - Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ, аз ҷумла бо Тоҷикистону Узбакистон пуштибонӣ мекунад.

Евгений Серебренников дар изҳороте, ки шоми шанбе нашр кард, аз ҷумла гуфтааст: «Вақте тоза кардану шадидтар кардани қонунҳои муҳоҷират фаро расидааст. Мо ҳангоми тасвиби ин ё он қарорҳои қонунӣ маъмулан ба таҷрубаи кишварҳои демократӣ такя мекунем, вале дар бархе мавридҳо ин дуруст нест. Амнияти давлат муҳимтар аст.»

Ӯ бо ишора ба ин ки Тоҷикистону Узбакистон ба манбаи вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба Русия табдил ёфтаанд, хостори ҷорӣ кардани виза бо ин ду кишвар шуд ва гуфт, «ин як чораест, ки зоҳиран кайҳо боз ногузир шудааст.»

Евгений Серебренников, ки дар Шӯрои Федеросиюн аз соли 2013 ба ин тараф аз ҷумҳурии Хакасия намояндагӣ мекунад, ҳамчунин хостори ҷорӣ кардани тартиб дар бизнеси гӯручӯб дар Маскав шуд. Ба ақидаи сенатори рус, ин ришта ба «як риштаи хеле фасодзада» табдил ёфтааст: «Дар вақтҳои охир барои ҷорӣ кардани тартиб дар бахш корҳои зиёде анҷом шуд. Вале дида мешавад, ки на ба қадри кофӣ.»

Дар занозании гурӯҳҳои рӯзи 14 май дар оромгоҳи Хованское дар канори Маскав дастикам 3 нафар – ҳар се шаҳрвандони Тоҷикистон - кушта ва 26 тани дигар, низ аксаран тоҷикҳо, захмӣ шуданд. Пулиси Маскав аз боздошти ҳудуди 90 тан аз иштироккунандагони ин занозанӣ, аз ҷумла се нафари гумонбар ба куштор дар Хованское хабар дод.

Гуфта мешавад, дар Хованское аз 100 то 200 нафар аз коргарони тоҷики ин оромгоҳ бо гурӯҳҳои ҷиноии иборат аз зодагони Қафқози Русия дастбагиребон шудаанд. Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки қафқозиҳоро ба сари муҳоҷирони тоҷик худи зодагони Тоҷикистон барои «разбор» овардаанд.

Серебренников танҳо дар ним моҳи охир инак сеюмин вакили парлумони Русия аст, ки бо талаби ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Рӯзи 2 май Франтс Клинтскевич, муовини раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федеросиюн, ки дар маҷлиси болоии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия”-и президент Владимир Путин намояндагӣ мекунад, гуфт, ки ӯ мехоҳад пешниҳоди ҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ кунад. Ӯ аз бурдани исми кишварҳои мушаххасе, ки Маскав, ба ақидаи ин сенатор, бояд бо онҳо виза ҷорӣ кунад, худдорӣ кард, вале гуфт, “сухан дар бораи Қазоқистон ва Қирғизистон намеравад.”

Маҳмадалӣ Аҳмадов
Маҳмадалӣ Аҳмадов

Изҳороти Клинтсевич дар вокуниш ба қазияи қатли Андрей Гошт, як афсари баланпояи пулиси вилояти Самара ва 5 узви хонаводаи ӯ буд, ки бо иттиҳоми ин куштор се зодаит Озарбойҷон ва як зодаи Тоҷикистон – Маҳмадалӣ Аҳмадов – дастгир шудаанд.

Франтс Клинтсевич гуфт, “ҳама чиз ҳадди худро дорад.” Клинтсевич афзуд, “бояд дар сатҳи давлатӣ хулосаҳои мушаххас бароварда шаванд ва моро зарур аст маълум кунем, ки барои Русия чӣ муҳимтар аст: равобити хуб бо ҷумҳурии собиқи Шӯравӣваё амнияти шаҳрвандони мо?” Ӯ афзуд, “то замоне ки ин ду чизро наметавон бо ҳа мовард, ман қотеона аз ҷорӣ кардани режими виза тарафдорӣ мекунам ва бо тамоми васоили бароям дастрас ин пешниҳодро ташвиқ мекунам.”

Ҳамин тавр, рӯзи 29 апрел Иля Дроздов, вакили Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия – аз ҳизби қавмгарои либерал-демократи Владимир Жириновский дар як вокуниши тунд ба хабари манъ шудани истифодаи пасвандҳои русӣ дар номгузории шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, Русия бояд бо таҳдиди ҷорӣ кардани виза Тоҷикистонро аз ин тасмимаш баргардонад.

Иля Дроздов
Иля Дроздов

Иля Дроздов гуфт, “ҳуқуқи русзабонҳо нафақат дар Тоҷикистон, балки дар тақрибан ҳамаи кишварҳои собиқи СССР ва пеш аз ҳама дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна поймол карда мешаванд” ва ин на аз “зӯрии ҳукуматҳои маҳаллӣ”, балки аз “заифии сиёсати мо, заифии Русия, нотавониаш дар амри ҳимоят аз ҳамватанҳои мо” дарак медиҳад.

Иля Дроздов дар намунаи қарори мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати манъи истифодаи пасвандҳои русӣ дар номгузорӣ гуфтааст, “Тоҷикистон қариб комилан аз мо вобаста аст – сар карда дар масъалаи тъамини амнияташ ва рафта то сели пулҳое, ки ба ном муҳоҷирони корӣ ба Ватан мефиристанд. Ман фикр мекунам, як занги як нафар ҳатто на аз раддаи аввали раҳбарии давлати мо бо ишораи рӯшан, ки бачаҳо, мо фардо марзҳоямонро мебандем ва виза ҷорӣ мекунем, кофист. Ба назари ман, алакай фардояш онҳо ҳама саросар ва бо хурсандӣ Ивонов ва Петров мешаванд ва ба ёд меоранд, ки забони русиро дар замони Шӯравӣ чӣ хел хуб медонистанд.”

Аммо аҳли назар мӯътақиданд, ки Русия дар шароити кунунӣ на аз нигоҳи молӣ ва на аз нигоҳи ҷисмонӣ тавони билофосила бастани марзҳои тӯлониаш бо кишварҳои пасошӯравӣ ва ҷорӣ кардани виза бо ин кишварҳоро надорад. Онҳо мегӯянд, ҷорӣ кардани виза чандон кори саҳлу сода ва бехарҷе нест, ки шояд дар назари аввал бинамояд. Маскав дар сурати ҷорӣ кардани режими раводид маҷбур аст, барои таъмини равуои садҳо ҳазор шаҳрвандони кишварҳои “таҳримшуда” дар он кишварҳо марказҳои зиёди визадиҳӣ бисозад ва барои бастани марзҳояш ба рӯи атбои он кишварҳо низ пули хеле ҳангуфте сарф кунад.

Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон, раиси созмони ҷавонони тоҷики Русия рӯзи 15 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: Ба назари ман, Маскав ба ҳеҷ ваҷҳ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ намекунад. Зеро дар минтақа як ҷанги бидуни эълон миёни абаркқудратҳо идома дорад. Ва Кремл, ки худро шарики стратегии кишварҳои Осиёи Миёна мехонад, хуб дарк мекунад, ки бо ҷорӣ кардани виза мавқеи худро дар минтақа аз даст хоҳад дод.”

Аммо таҳдиди ҷорӣ кардани виза ба сари худ, ба гуфтаи нозирони умур, як қартаи бақувватест, ки бо ба бозӣ кашидани он Русия метавонад дар ҳар фурсати дилхоҳ хостаҳои сиёсиву иқтисодиашро болои бахусус кишварҳои вобастаи пули муҳоҷирон, ба мисли Тоҷикистон, бор кунад. Иззат Амон изҳоротҳои вакилони парлумони Русия дар масъалаи визаро ба ҷуз аз як навъ худнамоишдиҳӣ ва пиар чизи дигаре намедонад ва мегӯяд, “ин афсонаи виза ва амсоли онро мо 20 сол аст, ки мешунавем.”

XS
SM
MD
LG