Пайвандҳои дастрасӣ

Навгонӣ барои муҳоҷирон: Патент - ба ҷои квота


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Аз 1 январи соли 2015 дар Русия ҷои квотаҳои кунунӣ барои муҳоҷирони хориҷиро патент мегирад. Аммо ин тағйирот танҳо барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ аз сӯи соҳибкорони инфиродӣ буда, корхонаҳову ширкатҳо бояд ҳамчунон иҷозатномаи кор бигиранд.

Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии порлумони Русия рӯзи 14 ноябр бо ислоҳи қонун дар бораи шароити шаҳрвандони хориҷӣ дар қироати сеюм ва ниҳоӣ квотаҳо барои қабули мардикорони хориҷӣ аз кишварҳоеро, ки бо Федеросиюни Русия низоми раводид надоранд, аз байн бурдааст.

Аз 1 январи соли 2015 ба ҷои квотаҳо мақомоти Русия дар мавриди додани иҷозати истифодаи нирӯи кори хориҷӣ аз патент кор хоҳанд бурд. Аммо чунин патент танҳо барои истиходи нирӯи кори хориҷӣ аз сӯи соҳибкорони инфиродист ва корхонаҳову ширкатҳо бояд ҳамчунин барои коргарони хориҷиашон иҷозатномаи кор бигиранд. Маблағи патент 1000 рубл таъйин шудааст, ки вобаста ба вижагиҳои ҳар минтазқаи Русия коэффитсиенташ фарқ хоҳад кард.

Тоҷикистон низ бо Русия низоми раводид надорад ва ба ин далел муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ таҳти шароити ин қонун фаро мегиранд. Аз соли нав муҳоҷирони тоҷик низ бояд ба ҷои квота аз пайи дарёфти патенти Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия шаванд. Аммо ин патент танҳо барои ҷалби мардикорони хориҷӣ ба сурати инфиродист ва корхонаҳову ширкатҳо ҳамчунон муваззафанд, ки барои ҷалби нирӯи кори хориҷӣ иҷозатнома(литсензия) бигиранд.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар шарҳи ин тартиби нави кору иқомати муҳоҷирони тоҷик дар Русия гуфт, аз соли оянда танҳо онҳое ки бо виза ба Русия меоянд, ҳатто дар сурати истихдомашон аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ, бояд иҷозатномаи кор бигиранд. Аммо барои шарҳрвандони кишварҳое, чун Тоҷикистон, ба гуфтаи сафорат, ҷои литсензияро патент мегирад. Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар қонуни нав навишта шудааст, ки дар сурати ба даст овардани ин санади нав зарурати дар муддати як сол аз рӯзи вуруд тарки қаламрави Русия кардани муҳоҷирони тоҷик аз байн меравад. Шаҳрванди хориҷӣ метавонад патентеро, ки баъди 1 январи соли 2015 мегирад, барои боз як соли дигар тамдид кунад, вале баъди адо шудани соли дуюми кораш дар Русия маҷбур аст, як бор аз қаламраваш барояд."

Чунин патент танҳо ба муҳоҷироне дода мешавад, ки ҳангоми вуруд ба қаламрави Русия дар қортҳои Хадамоти муҳоҷират ҳадафи сафари худро “кор” нишон дода бошанд. Баъди вуруд ба Русия довталаби хориҷии кор дар ин кишвар бояд дар зарфи 30 рӯз барои гирифтани патент ба ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷират муроҷиат кунад. Дар сурати таъхир мақомоти Русия метавонанд аз додани чунин патент даст бикашанд. Ба навбати худ, Хадамоти муҳоҷирати Русия бояд дар зарфи 10 рӯз аз рӯзи дарёфти аризаи шаҳрванди хориҷӣ бояд ташхиси асноди ӯро анҷом дода, ҳа ё неяшро бигӯяд.

Тағйироти дигар барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия зарурати аз 1 январ танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сафар кардани онҳо ба Русия аст. Аз соли нав Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё, ки Русия бо Беларусу Қазоқистон таъсис додаанд, расман фаъол мешавад ва тибқи муқаррароти ин созмони ҷадиди кишварҳои пасошӯравӣ, сафари атбои кишварҳои дигар ба қаламрави он танҳо бо шиносномаи хориҷӣ бояд сурат бигирад.

Русия дар соли 2008 талаби ҳатман бо шиносномаи хориҷӣ ба Русия сафар кардани муҳоҷирони тоҷикро матраҳ карда буд. Вале баъди чанд моҳ ин қарорашро лағв кард ва тоҷикҳо имкони ҳамчунон бо шиносномаҳои дохилӣ сафар кардан ба ин кишваррро ба даст оварданд.

Ҳамин тавр, аз соли нав супурдани имтиҳон ё санҷиш аз забон ва таъриху фарҳанги Русия барои довталабони кор дар он кишвар ҳатмӣ мешавад. Муҳоҷирон метавонанд ин имтиҳонро дар дастикам ду марказ дар шаҳри Душанбе супурда, бо санади забони русӣ ба Русия бираванд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон худро ба бозори кори Русия мезананд. Соли гузашта асосан бо шарофати ин муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон қариб 4,2 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари беш аз нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст. Аммо имсол дар пайи таҳримоти Ғарб алайҳи Русия ва қариб 60 дарсад пойин рафтани қурби рубли русӣ интизор намеравад, ки муҳоҷирони тоҷик битавонанд қуллати рекордии соли гузаштаро дубора фатҳ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG