Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳе дар шаҳри Маскав 22 зодаи Тоҷикистонро ба далели ширкат дар занозании хунин дар оромгоҳи Хованское ба ҳасби 15-рӯза маҳкум кард.

Додгоҳи минтақаи Шербинскоеи шаҳри Маскав рӯзи 17 май 22 зодаи Тоҷикистонро ба далели ширкат дар занозании хунин дар оромгоҳи Хованское маҳкум ба 15-рӯзӣ ҳабси маъмурӣ кард. Дар занозании рӯзи 14 май байни як гурӯҳи ҷиноӣ ва коргарони тоҷики қабристони Хованское, воқеъ дар километри 21-уми шоҳроҳи Киеви шаҳри Маскав, се шаҳрвандии Тоҷикистон кушта шуданд ва беш аз 30 нафар, аз ҷумла 23 тан аз зодагони Тоҷикистон захм бардоштанд. Вазъи се нафари онҳо бисёр вазнин аст.

Пулиси Маскав то рӯзи 17-уми май дар робита ба ин қазия беш аз 160 нафар, аксаран зодагони Тоҷикистонро дастгир кардааст. Додгоҳҳои Русия амр додаанд, дувоздаҳ нафар барои ташкили ин занозанӣ ва куштор дастгир шаванд. Дар байни онҳо аз ҷумла Юрий Чабуев – мудири собиқи оромгоҳ, Николай Мошенко – афсари собиқи пулиси Маскав ва намояндагони гурӯҳи ҷиноии зодагони Қафқоз ҳастанд.

Светлана Бехтина, сухангӯи додгоҳи Шербинское гуфт, аз 22 нафаре, ки ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд, 12 нафар барои майдаавбошӣ ва 10 тани дигар ба майдаавбошӣ ва нофармонӣ ба намояндаи давлат гунаҳкор шинохта шуданд. Ба гуфтаи намояндаи додгоҳ, 20 тан аз маҳкумон шаҳрвандони Тоҷикистон ва дуи дигар шаҳрвандони Русия мебошанд.

Илҳом Сайфуллоев, яке аз коргарони тоҷики оромгоҳи Хованское рӯзи 17 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар асл ҳамаи ин 22 нафар зодагони Тоҷикистонанд ва фақат ду нафарашон шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро доранд. Ба гуфтаи Илҳом Сайфуллоев, ин 22 нафар танҳо бо кӯмаки сафорати Тоҷикистон тавонистанд, бо чунин ҷазои “сабук” халос хӯранд, вагарна ба онҳо ихроҷ аз қаламрави Русия ҳам таҳдид мекард:

Илҳом Сайфуллоев: Охир дар ин ҳодиса магарам ду-се касро маҳкам кунанд. Инҳо, вақте боздошт шуданд, протоколҳоро нахонда, имзо кардаанд, ки бо сангу чӯб тирезаи чанд мошинро зада шикастаанд ва хоҳ-нохоҳ бояд ягон ҳукм мегирифтанд. Вале додгоҳ бо ҳамин 15 рӯзи ҳабс ва 1000 рубл ҷарима қаноат кард. Умедворам, ки онҳоро ихроҷ накунанд, чунки ин танҳо ҷаримаи аввали онҳост.

Радиои Озодӣ: Ҳамин ин 22 нафар коргарони Хованское буданд?

Илҳом Сайфуллоев: Бале, коргарҳое, ки дар ҳамин қабристон кор мекарданд.

Радиои Озодӣ: Вале дар хабар гуфта мешавад, ки ду шаҳрванди Русия ҳам маҳкум шудааст?

Илҳом Сайфуллоев: Онҳо ҳам бачаҳои тоҷиканд, ки душаҳрвандӣ доранд – ҳам шаҳрванди Тоҷикистонанд ва ҳам шаҳрванди Русия.

Радиои Озодӣ: Аммо аз тарафи муқобил низ, бино ба хабарҳо, 10 нафарро ба ҳабс гирифтаанд. Медонед онҳоро?

Илҳом Сайфуллоев: Аз он тараф ҳам нафарони зиёдро дастгир кардаанд. 4-5 нафари онҳоро худи мардуми мо ҳамроҳи силоҳҳояшон дастгир карда, ба пулис супурда буд.

Радиои Озодӣ: Ба ҷуз аз ин 22 нафар боз дар боздошт касе аз бачаҳои тоҷик ҳаст?

Илҳом Сайфуллоев: Ба фикрам, дигар нест. Инҳоро ҳам ҳукмашонро буриданду ба боздоштгоҳ фиристоданд.

Радиои Озодӣ: Аммо аз ҷараёни тафтишот чӣ маълумот доред?

Илҳом Сайфуллоев: Мудири собиқи оромгоҳ Юрий Чабуев дар боздошт аст. Ӯро ҳоло барои 72 соат ҳабс кардаанд, вале дар кумитаи тафтишот гуфтаанд, ки алайҳи ӯ нишондод кам аст ва шояд ӯро ҷавоб диҳанд.

Радиои Озодӣ: Чабуев ҳам дахолат дошт дар он моҷарое, ки ба занозаниву куштор печид?

Илҳом Сайфуллоев: Албатта. Ҳамин роҳзанҳоро ҳамин Чабуев оварда буду бо мо шинос кард, ки аз ин ба баъд шумо ҳамроҳи инҳо кор мекунед, сардори шумо ҳаминҳо мешаванд.

Радиои Озодӣ: Яъне он чеченҳову он тоҷикҳое, ки ба сари шумо омаданд, одамони мудири оромгоҳ буданд?

Илҳом Сайфуллоев: Онҷо чеченҳо танҳо набуданд. Чеченҳо, ингушҳо, русҳо ва тоҷикҳо ҳам буданд дар ин бандаи мусаллаҳ. Вале ягон 70 фоизаш мардуми Қафқоз буд.

Радиои Озодӣ: Ба хости инҳо, яъне шумо бояд даромадатонро бо ин ҳол тақсим мекардед?

Илҳом Сайфуллоев: Талабашон ҳамин буд. Хаёл мекарданд, ки аз ин гӯручӯб ҳама пулро мардуми бечораи мо мегиранд. Охир, одам, ки мурд, вайро идораи “Ритуал” гӯр мекунад. Кори тоҷик чӣ буд дар инҷо? Партовҳоро ҷамъ мекарду ягон панҷараро ранг мекард ё ягон корҳои дигари сиёҳе, ки худи русҳо анҷом намедоданд.

Радиои Озодӣ: Ду хабарнигори рус – Леонид Черток ва Андрей Бабченков - дар мақолаҳои худ аз мардикорони тоҷик ситоиш кардаанд, ки онҳо ҷуръат карданд, ба як гурӯҳи ҷинояткори мусаллаҳ муқовимат нишон диҳанд, дар ҳоле ки ин коре буд, ки пулис накард. Як хабарнигор ҳатто пешниҳод карда, ки тамоми пулиси Русияро аз кор ҷавоб диҳанд ва ба ҷои онҳо ҳамин тоҷикҳоро бигиранд, ки Маскавро аз ҳузури афроди ҷиноятпеша ва мафия тоза кунанд...

Илҳом Сайфуллоев: Ман мегӯям, ки барои чӣ? Чунки вақте соати 10 яроқбадастҳо даромаданд ба қабристон, ҳамроҳашон кормандони пулиси маҳаллӣ буданд. Онҳо нигоҳашон карданду инҳо даромадан гирифтанд. Дар барашон яроқ. Ин ҳама дар камераҳо сабт шудааст. Ҳатто напурсиданд, ки куҷо меравед, барои чӣ? Ман худам соати даҳ занг задам ба пулис, ки бандитҳои яроқбадаст омадаанду мехоҳанд дар оромгоҳи Хованское беқонунии солҳои 90-ро аз нав зинда кунанд. Ман ин далелро додам ба мақомот, вагарна ҳама мардикорҳои тоҷикро гунаҳкор мекарданд. Соат 11 шуд, 12 соат шуд, вале ягон нирӯи изофӣ наомад. Аз ин маълум мешавад, ки пулиси маҳаллӣ бо инҳо як будааст. Соатҳои ягон 12-10 садои тирпарронӣ шуд. Ман боз занг задам ба пулис. Пулис ҷавоб надод, маҷбур ба МЧС занг задам ва онҳо маро ба вазорати корҳои дохила пайваст карданд. Дар зери садои тирпарронӣ пурсидамашон, ки охир, шумо кай меоед? Гуфт, ҳозир меравем. Вале ОМОН боз ҳам дер кард. Пулисҳои дигар буданд, вале бетараф истода буданд. Ва вақте ки ин силоҳбадастон дар дохили қабристон тир зада – тир зада, мардуми моро мисли гунҷишк паррондан гирифтанду ба қитъаи 400-уми қабристон дароварданд. Дигар мардум гурехта натавонист, чунки деворҳояш симхорпеч буд. Ва бачаҳои мо вақте диданд, ки ду кас кушта шуд ва онҳоро ҳам мекушанд, ночор белу белчаҳои гӯрканиашонро ба даст гирифтанд.

Радиои Озодӣ: Яъне бачаҳои тоҷик аз худ дифоъ карданд?

Илҳом Сайфуллоев: Бале, бачаҳои мо гуфтанд, ки моро хоҳ-нохоҳ мекушанд, пас таваккал ба Худо. Бо белу санг ин силоҳбадастҳоро, ки то 150 нафар буданд, зада-зада аз қабристон пеш карданд ва қариб як километр то назди калисо бурданд онҳоро. Бачаҳои мо фақат дар пеши калисо сангандозиро бас карданд, то ба калисо ягон санг нарасад. Ба эҳтироми калисои насрониҳо, чунки калисо ҳам хонаи Худост, на ҷои ҷангу занозанӣ нест.

Радиои Озодӣ: Ин ҳама муддат пулис набуд?

Илҳом Сайфуллоев: Кормандони пулис буданд, ки дахолат намекарданд. Вале нирӯи изофӣ, аз ҷумла ОМОН ҳанӯз набуд. Ҳамон Чабуев – мудири онвақтаи қабристонро бо нишондоди ман боздошт карданд.

Радиои Озодӣ: Вале шумо ки баёнот додед ба зидди Чабуев, оё ягон замонате гирифтед аз тарафи мақомоти Русия, чун ин қазияи чандон бехатар нест?

Илҳом Сайфуллоев: Ман ҳам шаҳрванди Тоҷикистону ҳам Русияам, вале бехатарии маро аз тарафи пулиси Русия касе ба гардан нагирифтааст. Такя танҳо ба Худоест, ки дорам.

Видео аз рӯзи ҳодиса инҷост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG