Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

С.Миронов: Бо Тоҷикистону Узбакистон виза ҷорӣ шавад


Сергей Мирoнов

Сергей Мирoнов

Сергей Мирoнов, раҳбари фраксияи ҳизби “Русияи боадолат” (“Справедливая Россия”) дар Думаи давлатӣ – маҷлиси поёнии парлумони Русия дар вокуниш ба занозании хунин дар қабристони Хованское хостори ҷорӣ кардани режими виза бо Тоҷикистону Узбакистон ва муҷозоти корфармоёне шуд, ки аз нирӯи кори муҳоҷирони ғайриқонунӣ истифода мебаранд. Сергей Миронов гуфт, танҳо баъди ин занозанӣ, ки 3 кушта ва беш аз 20 захмӣ ба ҷо гузошт, мақомот дар пайи тафтиши кори оромгоҳҳо шуданд. Ӯ гуфт, ба ҷои ин бояд илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ ҷуст ва “манбаъҳо ва шаҳракҳои муҳоҷирони ғайриқонуниеро, ки фақат ба хотири аз нирӯи онҳо истифода бурдани тоҷирони чапдаст мисли сел ба Русия мерезанд.” Ӯ Тоҷикистону Узбакистонро манбаъҳои асосии ба Русия рехтани муҳоҷирони ғайриқонунӣ номид ва гуфт, Русия бояд бо ин ду кишвар виза ҷорӣ кунад. Ду рӯз пеш Евгений Серебренников, вакили Шӯрои Федеросиюн – маҷлиси болоии парлумони Русия ва Игор Лебедев – муовини раиси Дума низ дар вокуниш ба зазанозании Хованское хостори ҷорӣ кардани виза бо Тоҷикистону Узбакистон шуданд. Аз он қабл вакили дигари Шӯрои Федеросиюн Франтс Клинтсевич ва вакили Дума Юрий Дроздов аз ҳукумати Русия хостанд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ кунад. Рӯзи 14 май дар қабристони Хованское байни як гурӯҳи ҷиноӣ ва коргарони тоҷики ин оромгоҳ занозании хунине рух дод, ки ба тирпарронӣ печид.

XS
SM
MD
LG