Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Ворух дар мулоқоти М.Алимардон бо Т.Мамитов


Мулоқоти Алимардон ва Мамитов дар Бишкек

Мулоқоти Алимардон ва Мамитов дар Бишкек

Муовинони сарвазирони Қирғизистону Тоҷикистон дар Бишкек масоили марзӣ, аз ҷумла танишҳои ахир дар атрофи ҷазирақаламрави Ворухро баррасӣ кардаанд.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ба хабаргузории 24kg гуфтааст, вазъи Ворух яке аз мавзӯъҳои аслии матрӯҳа дар мулоқоти рӯзи 23 декабри муовини сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов бо ҳамтои тоҷикаш Муродалӣ Алимардон дар Бишкек будааст. Бино бар ин манбаъ, ба ақидаи мақомоти ҳарду кишвар, низоъи Ворух табиати маишӣ дошт. Мамитов ба муовини сарвазири Тоҷикистон гуфтааст, таниши ҳафтаи гузашта дар марзи Ворух бо вилояти Бодканд ба далоили сирф иқтисодӣ пеш омада буд.

Ҳайъати Тоҷикистон дар музокироти Бишкек. 23 декабри соли 2013

Ҳайъати Тоҷикистон дар музокироти Бишкек. 23 декабри соли 2013

Бино ба гузориши шӯъбаи таъмини иттилооти дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон, ҳайъатҳои ду кишвар рӯзи 23 декабр дар Бишкек раванди иҷрои қарорҳои ҷаласаи аввали Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардаанд. 24kg менависад, ду муовини сарвазир аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории марзҳо, тарҳи сохтмони роҳи Кӯктош - Оқсой - Тамдиқ ва пули Қулунду - Мақсатро дар миён гузоштаанд.
Ризоияти ҷониби Тоҷикистон ба сохтани ин роҳ, ки манотиқи марзии вилояти Бодкандро бидуни убур аз қаламрави Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад, аз ҷумлаи шартҳое буд, ки ҷониби Қирғизистон дар рӯзҳои низоъи ҳафтаи гузашта пеши Душанбе гузошта буд.

Манобеъи расмӣ дар бораи ба чӣ натиҷа расидани Алимардон ва Мамитов дар мулоқоти Бишкек хабаре намедиҳанд. Танҳо гуфта мешавад, ки даври навбатии музокироти ду кишвар рӯзи 7 январ дар Душанбе доир хоҳад шуд.

Тоқон Мамитов(аз чап) дар марзи Ворух. Аз рост муовини раиси Суғд Ҷумъабой Сангинов. 19-уми декабри соли 2013

Тоқон Мамитов(аз чап) дар марзи Ворух. Аз рост муовини раиси Суғд Ҷумъабой Сангинов. 19-уми декабри соли 2013

Қаблан гузориш шуда буд, ки Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири Тоҷикистон ва раиси кумиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба хотири баҳси масоили марзӣ бо Тоқон Мамитов, муовини сарвазири Қирғизистон ва раиси кумиссияи байниҳукуматии Қирғизистон ба Бишкек рафтааст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 23-юми декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи душанбе дар Бишкек нишасти Кумиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Бишкек баргузор хоҳад шуд ва Муродалӣ Алимардон ва Тоқон Мамитов роҳҳои ҳалли мавзеъҳои баҳсии марзро баррасӣ мекунанд. Гуфта мешуд, ки вазъи пешомада дар атрофи Ворух ва Оқсой аз масъалаҳои калидии ин сӯҳбат хоҳад буд.

Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати Исфара низ ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз дар Бишкек музоираи кумисияи байнидвлатӣ оид ба масъалаи марзи ду кишвар баргузор хоҳад шуд.

Рӯзи ҷумъаи 20-уми декабр мақмомти Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар дода буданд, ки роҳи байни Ворух ва Исфара, ки муддати 3 рӯз баста шуда буд, боз шуд ва ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаҳои баҳсталабро рӯзи душанбеи 23-юми декабр дар Бишкек баррасӣ хоҳанд кард.

Рӯзҳои таниш дар байни Воруху Оқсой

Рӯзҳои таниш дар байни Воруху Оқсой

Роҳи байни минтақаи Ворух ва шаҳри Исфара дар қитъаи Оқсойи Қирғизистон аз 17-уми декабр, пас аз сӯхтани як ошхонаи шаҳрванди Қирғизистон ва пеш аз он оташ гирифтани як нуқтаи таъмини маводи сӯхти шаҳрванди Тоҷикистон баста буд. Дар ин байн танҳо ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" иҷоза дода шуд, беморони вазнинро ба Исфара интиқол диҳад. Бо бастани роҳ сокинони Оқсой талаб карданд, Тоҷикистон ба сохтмони роҳи алтернативии Қирғизистон иҷоза диҳад, аммо масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар маҳалли баҳсии миёни Тоҷикистону Қирғизистон сокинонро ба сабру таҳаммул даъват карда, гуфтаанд, бо вуҷуди мушкили пешомада розӣ нестанд, ки ин роҳи алтернативӣ сохта шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG