Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории чанд мақоми ШКД-и Исфара


Даромадгоҳи бахши осебшиносии бемористони Исфара
Даромадгоҳи бахши осебшиносии бемористони Исфара

Чанд масъули шӯъбаи якуми умури дохилаи Исфараро дар робита ба қазияи Умедҷон Тоҷиев аз мақом барканор кардаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр хабар дод, ки санҷиши хидматие, ки бо супориши вазири дохила дар робита ба қазияи аз қабати сеюми бинои шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Исфара афтодани узви ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ Умедҷон Тоҷиев таъйин шуда буд, ба анҷом расид. Дар хабари расмии ин вазорат омадааст, «тибқи хулосаи санҷиши хизматӣ, барои дағалона вайрон намудани талаботи низомномаҳои ВКД Тоҷикистон, яъне зоҳир намудани бемасъулиятӣ нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки боиси ҷаҳидани дастгиршуда Тоҷиев У И., аз тирезаи бинои ШВКД гардидааст, кормандони масъули ШВКД-1 дар шаҳри Исфара то ба аз вазифа озод намудан ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.Ба ҳамаи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба роҳ надодан ба чунин камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шудааст.» Аммо дар ин иттилоия теъдоди дақиқ ва исму мақоми барканоршудаҳо ва ҳамин тавр, далели муҷозоти онҳо гуфта нашудааст.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила ҳамчунин рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, ҳамзамон имрӯз Умедҷон Тоҷиевро, ки дар бемористони Исфара бистарӣ буд, рӯзи 5 ноябр ба боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд интиқол додаанд. Умедҷон Тоҷиев рӯзи 2 ноябр дар ҳолати мадҳушӣ ва бо пои шикаста ба бемористон оварда шуда буд. Қаблан Зарафо Раҳмонӣ, узви як ҳайъати эъзомии ҲНИТ, ки барои омӯзиши қазияи Умедҷон Тоҷиев ба Исфара рафтааст, ба Озодӣ хабар дод, ки аз бемористон ба Хуҷанд бурдани ӯро бо чашми худ дидааст. Мақомот гуфтаанд, вазъи сиҳҳати Тоҷиев беҳтар шудааст ва ин интиқоли ӯ аз бемористон ба боздоштгоҳро мумкин мегардонад.

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 5 ноябр дар ҷаласаи навбатиаш қазияи гӯё аз ошёнаи сеюми бинои шӯъбаи аввали умури дохилаи шаҳри Исфара сарозер шудани узви ин ҳизб Умедҷон Тоҷиевро баррасӣ карда, хостори таҳқиқи одилонаи ин қазия ва пешгирӣ аз «беадолтиҳо» ва «шиканҷаву саҳлангорӣ дар рафти тафтишот» шудааст. ҲНИТ рӯзе пеш ба хотири омӯзиши қазияи ин узваш як ҳайъатро ба Исфара фиристода буд.

Маҳмудҷони Файзраҳмон, намояндаи ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт,ки Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо пахши як баёния аз мақомоти умури таҳқиқу тафтиши одилонаи парвандаи Умедҷон Тоҷиевро талаб кардааст. Аз ҷумла дар ин баёния омадааст, ки: «ҲНИТ аз мақомоти интизомии кишвар тақозо дорад, ки аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо, саҳлангории баъзе аз масъулини соҳа, беадолатиҳо дар рафти тафтишот ва такрори як чунин ҳодисаҳои нохуш, ки қаблан ҳам рух дода буданд, ҷилавгирӣ намоянд.»

Умедҷон Тоҷиев 34 сол ва 4 фарзанд дошта, сокини деҳаи Чоркӯҳ ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯро рӯзи чоршанбеи 30-юми октябр кормандони интизомӣ дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара овардаанд. Умедҷон Тоҷиевро ҳамон рӯзи 30 октябр бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.
Вале рӯзи 2 ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон оварданд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ худро аз қабати сеюми бинои шӯъбаи аввали умури дохилаи шаҳри Исфара ба берун ҳаво дод ва дар натиҷа пояш шикастааст.

Ба дунбол мақомоти вазорати умури дохила эълон карданд, ки алайҳи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 2 ноябр, дуруст ҳамон рӯзе ки ӯ гӯё худро аз қабати сеюми бино милиса ба берун ҳаво дод, парвандаи нави ҷиноӣ бо иттиҳоми ҷиддитари "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ" кушодаанд. Ба гуфтаи вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова, Умедҷон Тоҷиев ва ду хешованди наздики ӯ - Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев - ин навбат ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи "Ансоруллоҳ" айбдор мешаванд. Ин дар ҳолест, ки қаблан Умедҷон Тоҷиев бо гумони узвият дар созмони "Байъат" дастгир шуда буд, вале баъди онки ин иттиҳом собит нашуд, аз боздошт раҳо ёфт.

Аммо наздикони ӯ на ба иддаои мақомот дар бораи худро аз қабати сеюм ба берун ҳаво додани ӯ бовар мекунанд ва на ба иттиҳоми наве, ки алайҳи ин узви ҲНИТ эълон шудааст. Онҳо мегӯянд, мақомот маҳз ба ҳамин хотир ки сиррашон фош нашавад, аз рӯзи 2 ноябр ба ин сӯ онҳоро намегузоранд, ки Умедҷон Тоҷиевро дар бемористон аёдат кунанд.

Салимахон Тоҷиева
Салимахон Тоҷиева
Салимахон Тоҷиева, модари Умедҷон Тоҷиев, ки рӯзи 4 ноябр дар даромади бемористони Исфара бо хабарнигори Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, азбаски ҳеҷ кас дар Исфара ба додаш намерасад, мустақиман ба раисҷумҳур муроҷиат мекунад: «Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди ман – Умедҷон - 3 шабонарӯз боз дар беморхона аст, аммо вайро ба ман нишон намедиҳанд. Вай худашро дар милисахона аз ошёнаи 3- юм ба замин партофта, маҷрӯҳ кард, гуфта, ин ҷо овардаанд. Илтимос, масъалаи фарзандамро дида бароед, ки вайро ба мо нишон диҳанд.»

Модари Умедҷон Тоҷиев аз президенти Тоҷикистон кумак хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
Линки мустақим

Мақомоти бемористони Исфара рӯзи 4 ноябр ба хабарнигори Озодӣ низ иҷозат надиданд, ки Тоҷиевро хабар бигирад. Яке аз табибон ба Озодӣ гуфт, "аз боло" амр шудааст, ки касеро ба пеши ӯ роҳ надиҳанд.

Умедҷон Тоҷиев дар соли 2009 низ бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои тундрав боздошт шуда буд. Ӯ баъди 3 рӯзи боздошт аз шадидан латукӯб шуданаш дар шӯъбаи милиса ба додситонӣ шикоят бурд ва пирӯз ҳам шуд. Наздиконаш мегӯянд, мақомот шояд барои ситондани интиқоми он "нокомӣ"-и 4 сол пеши худ дигарбора ба ҷони Умедҷон Тоҷиев дарафтодаанд.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ду рӯз пеш хабар дод, ки вазири дохила Рамазон Раҳимов санҷиши хидматии қазияи аз қабати сеюми бинои милисаи Исфара афтодани Умедҷон Тоҷиевро тақозо кардааст. Аммо хулосаи ин санҷиши хидматӣ ҳанӯз нашр нашудааст.

Қазияи Умедҷон Тоҷиев дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ҲНИТ - умдатарин ташаккули мухолифин дар Тоҷикистон - дар ин авохир аз афзоиши таъқибу фишор алайҳи аъзо ва тарафдоронаш пайваста шикоят мекунад. Масъулони ҳизб мегӯянд, ин таъқибот дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи 6 ноябр доир мешавад, вусъат ёфтааст.
XS
SM
MD
LG