Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф.Воҳидова аз вакилии Умедҷон Тоҷиев даст кашидааст


Файзинисо Воҳидова.
Файзинисо Воҳидова.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои Умедҷон Тоҷиев, сокини шаҳри Исфара, ки гумонбар ба узвияти гурӯҳи «террористӣ» дониста мешавад, аз вакилии вай даст кашидааст.

Файзинисо Воҳидова рӯзи 5-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи қонун, як ҳимоятгар наметавонад дар як вақт вакилии ду нафарро, ки байни нишондоди онҳо мухолифат ҷой дорад, бар ӯҳда бигирад.

Воҳидова гуфт, дар як вақт ба зимаи худ ҳимояи ҳуқуқҳои Зуҳур Иброҳимов, аъзои дигари ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар ҳамкорӣ бо созмони террристии «Ансоруллоҳ» айбдор дониста шудааст, бар дӯш гирифтааст ва дирӯз муайян шудааст, ки байни нишондоди онҳо мухолифат будааст. Ба гуфтаи хонум Воҳидова, имрӯз 5-уми ноябр Умедҷон Тоҷиевро бо ҳимоятгари дигар таъмин мекунанд.

Муроҷиати модари Умедҷон Тоҷиев ба раисиҷумҳур

Пайвандони Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, се рӯз инҷониб онҳоро намегузоранд, ки дар бемористони Исфара ӯро бубинанд. Рӯзи 4-уми ноябр, ки ба бемористони марказии шаҳри Исфара рафтам, падару модар ва чанд хеши Умедҷон дар саҳни бинои осебшиносӣ мунтазири шунидани паёме аз аҳволи фарзандашон буданд.

Салимахон Тоҷиева, модари Умедҷон ба Озодӣ гуфт: “Фарзандамро то ҳол надидаам. Аз табибон, аз хоҳарони шафқат мепурсем, ягон бор нишон надоданд. Ҳеҷ кас аз ҳоламон намепурсад. Фақат ҳамин саҳар баъди илтимосу илтиҷоҳоям як духтур гуфтанд, ки Умедҷон дар ҳамин беморхонаи Исфара аст. Се шабонарӯз дар шӯъбаи эҳё доштаанд, имрӯз ба шикастабандӣ гузаронидаанд.»

Модари Умедҷон Тоҷиев аз президенти Тоҷикистон кумак хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:15 0:00
Линки мустақим


Салимахон Тоҷиева афзуд, азбаски ҳеҷ кас дар Исфара ба додаш намерасад, мустақиман ба раисҷумҳур муроҷиат мекунад: «Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фарзанди ман – Умедҷон - 3 шабонарӯз боз дар беморхона аст, аммо вайро ба ман нишон намедиҳанд. Вай худашро дар милисахона аз ошёнаи 3- юм ба замин партофта, маҷрӯҳ кард, гуфта, ин ҷо овардаанд. Илтимос, масъалаи фарзандамро дида бароед, ки вайро ба мо нишон диҳанд.»

Ба гуфтаи наздикони Умедҷон, то рӯзи душанбе кормандони милиса назди бино ва палатаи Умедҷонро посбонӣ мекарданд, то ки касе натавонад наздаш роҳ ёбад. Аммо рӯзи 4-уми ноябр назди бинои осебшиносӣ кормандони интизомӣ дигар ба чашм намерасиданд, Танҳо ду ҷавон бо либоси сарбозӣ ҳузур доштанд, ки маълум набуд чӣ хидматеро адо мекунанд-

Умедҷон Тоҷиев 34 сол ва 4 фарзанд дошта, сокини деҳаи Чоркӯҳ ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯро рӯзи чоршанбеи 30-юми октябр кормандони интизомӣ дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара овардаанд. Наздиконаш баъди ҷустуҷӯи зиёд дар додситонии Исфара аз вай дарак меёбанд, ки барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне» итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия" ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум шудааст. Вале рӯзи 2 - юми ноябр мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳамсар ва бародари Умедҷон мегӯянд, ки вай худро аз ошёнаи 3 – юми бинои шӯъбаи якуми умури дохилаи Исфара поён партофта, маҷруҳ шудааст.

Вале ба гуфтаи модари Умедҷон, он рӯз вай худ ба ҳамсараш – Соҳира - занг зада, аз озод шуданаш паём додааст ва замони ба бинои шӯъбаи милиса расидани ҳамсараш бо яке аз бародарони шавҳараш ба паридани Умедҷон аз тирезаву ҷароҳатҳои вазнин бардоштани вай рост омадааст.

Табибони бахши осебшиносии беморхонаи Исфара ба хабарнигори Озодӣ низ иҷоза надоданд, то ба палата ворид шуда, аз ҳоли Умедҷон хабар гирад. Аз ҳама тааҷҷубовар ин буд, ки табибон ва хоҳарони шафқат аз ҳарф задан дар бораи вазъи саломатии Умедҳон худдорӣ мекарданд. Ба гуфтаи як хоҳари шафқат, «аз боло» фармон шудаасст, ки касеро назди Умедҷон роҳ надиҳанд.

Вале яке аз табибон, бидуни муаррифии худ ҳамин қадар гуфт, ки вазъи сиҳатии Умедҷон Тоҷиев вазнин аст. Пойи чапи вай шикастаааст, вале ҳоло ҳушу ёдаш ба ҷост, гап мезанад ва сухани дигаронро ҳам мефаҳмад.

Эъзоми ҳайъати вижаи ҲНИТ ба Исфара

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) як ҳайатро барои мушаххас кардани вазъи ду узви ин ҳизб, Зуҳур Иброҳимов ва Умедҷон Тоҷиев, ки ба таъсиси иттиҳодияи ҷиноӣ айбдор шудаанд, ба шаҳри Исфара фиристодааст.

Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ
Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ рӯзи 4-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҷаласаи субҳи душанбе тасмим гирифтанд, ки ду нафарро ҳамчун намояндаи ҲНИТ барои омӯзиши вазъи узви худ ба Исфара сафарбар кунанд: «Ин намояндагон алакай рафтанд, вале мо ин айбномаро алайҳи аъзои ҳизбамон комилан рад мекунем ва талаб мекунем, ки додгоҳ ба таври дақиқ ва шаффоф ин масъаларо баррасӣ кунад. Аз соли 2003 ба ин тараф дар Исфара алайҳи аъзои ҲНИТ фишору таъқиб шурӯъ шуда, то кунун бо шеваҳои мухталиф идома дорад.»

Оқои Ҳусайнӣ афзуд, «мо дар тааҷҷубем, ки аввал мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла ВКД, додситонӣ алайҳи узви ҳизби мо ҳукм мебароранд, баъд тафтиш мекунанд. Бо узви мо Умедҷон Тоҷиев дар ин боздоштгоҳ чӣ гуна рафтор кардаанд, мо намедонем. Яъне кор ба ҷое расидааст, ки вай худро аз ошёнаи сеюм партофтааст ё ин, ки ӯро сарозер кардаанд.»

Ҷаноби Ҳусайнӣ афзуд, ки пас аз бозгашти ҳайат тасмим хоҳанд гирифт, ки посухи баъдӣ дар робита ба боздошти тарафдорони онҳо дар Исфара чӣ бошад?

Дар ҳамин ҳол, вакилони дифои муттаҳам ба узвият дар созмони «Ансоруллоҳ», бо муфаттишони додситонии Исфара мулоқот хоҳанд кард. Вакили мудофеъ Файзинисо Воҳидова рӯзи 4-уми ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки имрӯз дар назар аст бо муфаттишони додситонии Исфара дар робита ба ҳуқуқҳои Зуҳур Иброҳимов, сокини ин шаҳр, ки дар ҳамкорӣ бо созмони террристии «Ансоруллоҳ» айбдор дониста шудааст, мулоқот кунад: «Мо вакилони мудофеъ мехоҳем фаҳмем, ки чӣ гуна бо иқрори айбдоршавандаҳо онҳо бо амали таъсиси иттиҳодияи ҷиноӣ ё худ дар ҳамкорӣ бо созмони террористии «Ансоруллоҳ» муттаҳам дониста шудаанд."

Файзинисо Воҳидова афзуд, ки бидуни ҳузури вакили мудофеъ, додситони Исфара айбдоршавандаи дигар Умедҷон Тоҷиевро ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст. Хонум Воҳидова мегӯяд, барои вакилон рӯшан нест, ки оё дар ҳақиқат Умедҷон фирор кардааст ё ҳодисаи дигар рух додааст ва додситонии Исфара бояд ба ин суолҳо посух диҳад: «Ҳоло барои дифои се сокини Исфара, ки ҳар се нафар дар ҳамкорӣ бо созмони террористии "Ансоруллоҳ" айбдор дониста мешаванд, вакилони мудофеъ иваз карда шуданд ва имрӯз ҳуқуқшинос Бузугмеҳр Ёров низ аз ин се нафар дифоъ хоҳад кард.»

Дар ин бора ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки “партофтани худ” аз ошёнаи сеюми ин бино барои аъзоёни ин ҳизб, бори аввал нест. Дар моҳи майи соли 2006 Саъдулло Маъруфов, мутахаллис ба домулло Увайсхон ва масъули бахши фарҳанги ҲНИТ дар шаҳри Исфара низ бо чунин усул аз ошиёнаи 3-юми ин бино афтида ба ҳалокат расидааст. Ба гуфти мақомот он вақт, Саъдулло Маъруфов худро аз ошёнаи 3-юми шӯъбаи корҳои дохилӣ “партофта”, ба ҳалокат расида буд.

Дахолати вазири умури дохила ба қазияи Умедҷон Тоҷиев

Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов
Ин дар ҳолест, ки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ба санҷиши хидматии қазияи аз ошёнаи сеюми бинои пулиси Исфара "берун ҷаҳидан"-и боздоштшуда Умедҷон Тоҷиев амр додааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) рӯзи 3 ноябр дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки "вобаста ба ҳолати мазкур нисбати кормандони масъули шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара, аз тарафи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Р. Ҳ., санҷиши хизматӣ таъин карда шуд."

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 3 ноябр ба Озодӣ гуфт, Рамазон Раҳимов барои таҳқиқи ин қазия як муовинашро ба Исфара фиристодааст. Аммо мақомот хабари эъзоми муовини вазири умури дохилӣ ба Исфара ба манзури ҳалли қазияи Умедҷон Тоҷиев, як узви ҳизби мухолифи наҳзати исломиро ҳанӯз расман таъйид ё такзиб накардаанд.

Ин нахустин вокуниши ВКД ба қазияи пурсарусадои Умедҷон Тоҷиев аст, ки ибтидо рӯзи 30 октябр боздошт ва бо ҷурми "итоат накардан ба амри милиса" ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд, вале баъди 3 рӯз, яъне рӯзи 2 ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористони Исфара оварданд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) рӯзи 3 ноябр дар сомонааш барои бори аввал ин қазияро ташреҳ карда, навиштааст, Умедҷон Тоҷиев худ "бо мақсади фирор намудан" аз ошёнаи сеюми бинои шӯъбаи якуми умури дохилаи шаҳри Исфара берун ҷаҳидааст.

Дар хабари расмии вазорати умури дохила омадааст, "Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия" ба 10 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда буд. Вале баъди 3 рӯзи боздошт қазияи Умедҷон Тоҷиев ранги ҷиддӣ гирифта, мақомоти Исфара алайҳи ӯ ҷурми ҷиддитаре пайдо карданд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар сомонааш менависад, "дар таърихи 2-юми ноябри соли 2013 нисбати Тоҷиев У. И., дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи прокуратураи шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) оғоз карда шуд.Баъди анҷоми пурсиш Тоҷиев У. И., бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои шўъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардошта, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда мешавад."

Аммо наздикони Умедҷон Тоҷиев ба ин фарзияи мақомот бовар надоранд ва мегӯянд, ба ҳамин далел онҳоро то имрӯз имкони аёдат аз Умедҷон намедиҳанд, ки намехоҳанд то аъмоли онҳо фош шавад. То кунун вазъи сиҳҳати Умедҷон Тоҷиев низ рӯшан нест. Файзинисо Воҳидова, ки бо табибони бемористони Исфара низ сӯҳбат кардааст, мегӯяд: "Онҳо эътироф карданд, ки як пои ӯ шикастааст. Вале намегӯянд, ки дар ҳоли мадҳушӣ ҳаст ё на?Фақат мегӯянд, ки дар ҳолати шок қарор дорад ва гӯё имрӯз як бор ба худ омадааст. Табибон мегӯянд, шояд фардо ӯ барои сӯҳбату пурсиш тайёр шавад."

Наздикони Тоҷиев ва вакили ӯ, ҳамин тавр, ифтитоҳи парвандаи нав бо иттиҳоми "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ" алайҳи Умедҷон Тоҷиевро низ зери суол мебаранд ва мегӯянд, азбаски Тоҷиев дар ҳабси маъмурӣ қарор дошт, бояд баҳонае пайдо мекарданд, ки ба кадом далел ӯро аз маҳалли адои ҳукмаш, яъне аз боздоштгоҳ, ба ошёнаи сеюми бинои шӯъбаи милиса овардаанд.

Узви "Байъат" чигуна узви "Ансоруллоҳ" шуд?

Ҳасанбой Тоҷиев, бародари Умедҷон Тоҷиев ба Озодӣ гуфт, ба назари ӯ, мақомот алайҳи бародари ӯ кинаи дерина дар дил доштанд. Умедҷон Тоҷиев дар соли 2009 низ бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав боздошт ва тайи 3 рӯз мавриди шиканҷа қарор гирифта, баъди раҳоияш ба додситонӣ шикоят бурда буд ва мақомоти пулиси маҳаллиро мулзам кардааст. "Онҳо ҳозир аз мо қасди ҳамон 4 сол пешро гирифта истодаанд," - мегӯяд Ҳасанбой Тоҷиев.

Файзинисо Воҳидова мегӯяд, "Ин чӣ гап аст, ки ҳамин як нафарро як бор бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи "Байъат" боздошт мекунанд ва ин бор вай гӯё узви Ансоруллоҳ шудааст?" Ҳасанбой Тоҷиев мегӯяд, Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев, ки гӯё алайҳи Умедҷон Тоҷиев баёнот додаанд, дар асл яке писари хола ва дигарӣ писари тағои онҳоянд, ки низ бо ҷурми авбошӣ ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, ҳоло таҳти фишор алайҳи якдигар шоҳидӣ медиҳанд.

Масҷиди Чоркӯҳ
Масҷиди Чоркӯҳ

Наздикони Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, онҳо нархи хешутаборӣ бо Зайналобиддин Иброҳимов, бародари Зуҳур Иброҳимовро, ки чанд сол боз таҳти таъқиб қарор дорад, пардохт мекунанд ва ҳар сари чанд муддат онҳоро мақомот ҳатман дастгир карда, як бор "метакконад."

Файзинисо Воҳидова гуфт, вақте Умедҷон Тоҷиевро ба ҳамкорӣ бо Ансоруллоҳ айбдор кардаанд, ба ҳамсараш Тоҳирахон Тоҷиева занг зада, хоҳиш мекунад, ки билети ҳизбиашро биорад, то собит шавад, ки ӯ узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аст, на ягон гурӯҳи дигар. Аммо вақте ҳамсараш аз Чоркӯҳ мерасад, Умедҷон Тоҷиев алакай дар бемористон буд. Ҳамсари ӯро ҳам то шоми шанбе дар боздошт нигоҳ дошта, танҳо баъди дахолати хонум Воҳидова, раҳо кардаанд.

Умедҷон Тоҷиев, сокини деҳаи Чоркӯҳи Исфара рӯзи 30-юми октябр боздошт шуд. Рӯзи 2-уми ноябр Тоҷиевро бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ин шаҳр оварданд. Мақомоти корҳои дохилӣ ба наздиконаш гуфтаанд, ки Умедҷон Тоҷиев худашро аз ошёнаи сеюми бинои милиса берун партофтааст. Вале наздикони Умедҷон Тоҷиев мегӯянд, ки ӯ шояд бо сабаби узви ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буданаш аз тарафи мақомот боздошт шудааст.


Наздикони Умедҷон Тоҷиев, ки гӯё аз ошёнаи 3-юми шӯъбаи корҳои дохилии Исфара худро партофтааст, мегӯянд, то ҳанӯз ба дидори вай даст наёфтаанд ва намедонанд, ки вазъаш чӣ гуна аст? Ба гуфтаи наздикони Тоҷиев, кормандони мақомот беморхонаро иҳота кардаанд ва намегузоранд, то касе аз онҳо ба онҷо роҳ ёбад.

Асадулло Ҷабборов, яке аз наздикони Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 2 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ғайр аз Умедҷон Тоҷиев, ҳамчунин 3 нафари дигар аз хешовандони онҳо аз тарафи мақомоти корҳои дохилии ин шаҳр боздошт шудаанд ва сабаби боздошташон то ҳол ба онҳо муайян нашудааст. Асадулло Ҷабборов узви ҳизби наҳзат будани Умедҷон Тоҷиевро тасдиқ кард ва гуфт, соли 2009 ҳам Умедҷон Тоҷиевро мақомот боздошт карда буданд, вале бо қарори додситонӣ бегуноҳии вай исбот ва ӯ озод шуда буд.

Шиканҷа ё?...

Баҳромиддин Шодиев қабл аз марг
Баҳромиддин Шодиев қабл аз марг
Иддаои наздикони Умедҷон Тоҷиев дар бораи эҳтимоли шиканҷаи ӯ дар боздошт дар ҳоле аз сӯи вазорати умури дохила рад мешавад, ки дар бораи мавридҳои латукӯб ва шиканҷаи боздоштшудагон дар мақомоти интизомии Тоҷикистон пайваста гузоришҳо мерасанд.

Вазорати умури дохила дар соли ҷорӣ бо ҳукми додгоҳ ба пардохти 30 000 сомонӣ товон ба наздикони Сафаралӣ Сангов, ки дар соли 2011 баъди боздошташ аз сӯи маъмурони умури дохилаи ноҳияи Синои Душанбе даргузашт, муваззаф гардид. Феълан модари Баҳромиддин Шодиев, ки низ дар ҳамон соли 2011 баъди боздошташ дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ҷон дод, низ ба додгоҳ даъво бурда, аз вазорати умури дохила товони марги фарзандашро талаб дорад.

Як сол пеш Машраф Алиев, як нозири милиса дар Ёвон бо ҷурми шиканҷаи гумонбари ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомот мегӯянд, баъди вазири умури дохила таъйин шудани Рамазон Раҳимов мубориза бо ин падида авҷ гирифтааст, вале латукӯби шиканҷа як омили беобрӯкунандаи ин ниҳод дар чашми ҷомиа боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG