Пайвандҳои дастрасӣ

ҲНИТ: "Душмантарошӣ оқибати нек надорад"


Нишасти раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи ин ҳизб дар Душанбе

Нишасти раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қароргоҳи ин ҳизб дар Душанбе

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аз вазъи сиёсии имрӯзи кишвар изҳори нигаронии амиқ кардааст.

Дар баёнияе, ки дар ҷаласаи изтирории ҳизб дар Душанбе қабул шуд, омадааст, "нигаронӣ бар пояи хатарҳои бавуҷудомада ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо шудааст."

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, узви Раёсати олии ҲНИТ ба Радиои Озодӣ гуфт, иқдом ва тасмимҳои иштибоҳии мақомоти давлатӣ омили аслии пайдоиши ин хатарҳо гаштаанд. Ӯ афзуд, ниҳодҳои алоҳидаи давлатӣ дар ҷомеа рӯҳияи бадбинӣ ва душмантароширо роҳандозӣ кардаанд, ки хилофи Қонуни асосӣ, Созишномаи сулҳ ва Санади ҳамдигарбахшӣ аст ва пояҳои давлатдории милливу эътимоди нерӯҳои сиёсии кишварро аз байн мебарад.

Дар баёнияи Ҳизби наҳзати исломӣ низ гуфта шудааст, "фишору таъқиби узви ҲНИТ, талош барои номнавис кардани аъзои ҳизб бо муайян кардани макони зисташон, бо ҳар роҳу васила аз сафи ҳизб кашидани аъзо, нашри маводи тӯҳматангез ва хусуматдор алайҳи ҳизб ва роҳбарияти он дар расонаҳои давлатӣ намунаи корҳоест, ки ахиран мақомоти давлатӣ тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ҳадафмандона пеш гирифтаанд. Ҳол он ки дар Санади Ҳамдигарбахшӣ равшан омадааст: "Ғазаби Худо ва лаънати мардум ба ононе бод, ки пайи қасдгирӣ ва таъқибу озори ҳам барои аъмоле мешаванд, ки дар солҳои муқовимату мухолифат содир шуда буданд. Чунин касон маҳкум ба ҷазоянд."

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода

ҲНИТ аз роҳбарияти кишвар талаб кардааст, ки масъулияти худро пеши миллати тоҷик ва аҳду паймонҳои тарафайн дар Созишномаи сулҳ эҳсос намуда, барои бартараф намудани "қонуншиканиҳо, фишорҳо ва амалҳои дигари иғвобарангез алайҳи ҲНИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ" тадбир биандешанд. Дар баёнияи ҳизб омадааст, агар мақомоти давлатӣ даъво доранд, ки барномае ё санаде дар ин маврид вуҷуд надорад, амалан исбот намоянд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода мушаххасан нагуфт, ки дар ин ҷо кадом барнома ё санад мавриди назар аст, аммо ҳафтаи гузашта сомонаи "Звезда.ру"-и Русия дар матлабе таҳти унвони "Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб" навишта буд, ки ҳукумати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва ширкатдорони гирдиҳамоиҳои солҳои 90-ум барномаеро рӯи даст гирифтааст.

Мақомот ин матлабро бӯҳтон номиданд. Рӯзи чоршанбе (7-уми март) вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов изҳор намуд, ки додистонии кулли Тоҷикистон таҳқиқи ин матлаби Звезда.ру-ро шурӯъ кардааст. Аммо дар анҷоми баёния раёсати олии ҲНИТ аз роҳбарият, ниҳодҳо ва масъулини ҳизб тақозо шудааст, ки барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, инчунин, арзиш ва ормонҳои сулҳу ваҳдати миллӣ тариқи қонун чораҳои заруриро биандешанд.



Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 40 ҳазор аъзо дорад ва яке аз ҷонибҳои сулҳи тоҷикон дар соли 1997 маҳсуб мешавад. Иддае аз коршиносон нигарониҳои ҳукуматро ҳамчунин ба он марбут медонанд, ки ҲНИТ ягона нерӯи рақобатпазир бо Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бахусус дар интихоботҳои ояндаи президентӣ дар соли 2013 ва порлумонӣ дар соли 2015 хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG