Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Раҳбари ҲНИТ алтернатива дорад"


Муҳаммадҷони Нурӣ, раиси созмони ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва фарзанди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Муҳаммадҷони Нурӣ, раиси созмони ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ва фарзанди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Мусоҳиба бо Муҳаммади Нурӣ, раиси созмони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Радиои Озодӣ: Чандест, ки Шумо роҳбарии созмони шаҳрии ҲНИТ-ро дар Душанбе ба ӯҳда доред. Пас аз ин масъулиятро пазируфтан чӣ дигаргунӣ дар ин созмон пеш омад?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Баъди вогузор кардани ин масъулият бар дӯши банда дигаргуниро аввалан ман дар худ эҳсос кардам. Ман аз падар ва баъдан аз шогирдони ӯ, ки идомадиҳандаи роҳаш ҳастанд, дарс ва таҷрибаҳои зиёде андӯхтам. Диди ман ба кору зиндагӣ дигар шуд. Шояд ҳамин таҷрибаҳо буданд, ки банда ҳамроҳ бо дигар нафароне, ки дар шӯъбаи ҲНИТ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, ба он мувафақ шудем, ки шумори аъзо аз 1 ҳазору 500 то наздики 4 ҳазор нафар зиёд шавад."

Радиои Озодӣ: Шумори аъзои ҳизб аз кадом гурӯҳи мардум зиёд шудааст?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Асосан аз ҳисоби ҷавонҳо. Маврид ба таъкид аст, ки аксарияти онҳоро занҳо ва духтарҳо ташкил медиҳанд."

Радиои Озодӣ: Дар расонаҳо чунин сарусадоҳо баланд шуда буд ва бархе ҳам бовар доштанд, ки номзадии Шумо ба мақоми раиси ҲНИТ пешбарӣ мешавад...

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Чун мо гӯиё дар як ҷомеаи демократӣ ба сар мебарем, чунин мавзӯъҳо барои ба вуҷуд овардани афкори омма табиист, ки ба матбуот роҳ меёбанд. Дар анҷумани ҲНИТ Раёсати олии ин ҳизб бо ҷонибдории аъзояш раиси феълияшро интихоб кард ва ин интихоби дуруст буд."

Радиои Озодӣ: Шумо низ фикр мекунед, дар ҳақиқат раиси феълии ҳизб алтернатива надорад?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "На, ман чунин фикр намекунам. Дар масъалаи алтернатива надоштани раиси феълии Ҳизби наҳзати исломӣ мувофиқ нестам. Аммо дар мавриди шоиста ва арзанда будани ӯ ба ин мақом шубҳа надорам ва ин масъала ҷойе барои баҳс надорад."

Радиои Озодӣ: Аз он ки ба сиёсат ворид шудед, ин кор бо хоҳиши худи Шумо буд, худатон тасмим гирифтед ва ё ин ки ҳамҳизбиҳо ба хотири рӯҳи падар Шуморо ба сиёсат ҷалб карданд?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Ман дар як хонаводаи сиёсӣ мутаваллид ва бузург шудаам. Ин хонавода ва ин муҳит, хусусан, падари бузургворамон, ки як шахсияти сиёсии маъруф буданд, барои интихоби роҳи ояндаи ман таъсир гузоштанд."




Дар акс: Лаҳзае аз сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод бо Муҳаммадҷони Нурӣ

Дар акс: Лаҳзае аз сӯҳбати Абдуқаюми Қаюмзод бо Муҳаммадҷони Нурӣ

Радиои Озодӣ: Чун ба сиёсат омадед, нияти депутатшавӣ ва ё роҳбари як идораи болотар шуданро надоред?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Ман орзу дорам, ки барои мардум, барои ҷомеаи кишварамон хидматгузор бошам. Андешаи он ки ман раис ва ё роҳбар бошам, ҳеҷ вақт дар зеҳнам хутур накардааст. Вале саъю талоши худамро мекунам, ки дар ҳар мақом, дар ҳар ҷойе, ки маро шоиста бидонанд, хидмати худро ба анҷом бирасонам."

Радиои Озодӣ: Аммо дар интихоботи ахири порлумонӣ ва дар чанд навбат интихоботи миёндаврӣ Шумо ба унвони як раҳбари созмони сиёсӣ ба ҳайси номзад ширкат накардед...

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Агар интихобот шаффофу демократӣ баргузор шавад, чаро ман ширкат наварзам? Албатта, ширкат хоҳам кард. Вале ман аз таҷрибае, ки тӯли ин чанд сол андӯхтам ва мустақиман бо масоили интихобот сари кор дорам, мебинам, ки тақаллубкорӣ ва қонуншиканиҳои зиёде дар интихобот ҷой дорад. Метавонам аз маҳдудаи кории худам мисолҳо оварам. Мо аз ҳудуди шаҳр чор нафар вакил ба Маҷлиси Намояндагон, барои 70 курсии маҷлиси шаҳрӣ 63 ва барои маҳаллӣ 88 номзад пешбарӣ карда будем, ки хеле шумораи зиёд аст. Вале ҳеҷ кадоме аз онҳо баранда нашуд: на дар Маҷлиси Намояндагон ва на дар шаҳриву маҳаллӣ. Чаро? Чун қонуншиканиҳои зиёде ҷой дорад. Баъзе аз номзадҳои мо, масалан хоҳарбузурги ман Руқия, номзад ба маҷлиси шаҳрӣ буд. Ҳатто нафаҳмид, ки чӣ қадар овозаш доданд, овозҳояшро дарёфт накард."

Радиои Озодӣ: Бархе ба ин назаранд, ки чун соли ҷорӣ соли пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳур аст, фишорҳо болои ҲНИТ бештар мешавад. Ҳатто чунин сӯҳбатҳо ҳам мешавад, ки имкон дорад фаъолияти ҲНИТ баста шавад...

Муҳаммадҷони Нурӣ: "ҲНИТ ягона ҳизби исломиест, ки дар минтақа ба таври расмӣ ва қонунӣ фаъолият мекунад ва будани чунин як ҳизби исломӣ дар ҷомеа мӯҷиби оромӣ ва суботи кишвар аст. Дар мавриди фишорҳо бояд бигӯям, ки ин ҳизб ҳассостарин марҳилаҳои таърихиро паси сар кардааст ва табиист, ки ҳеҷ ҳизби фаъоли сиёсӣ дар ҷомеа, ки ӯро ҷониби дигар рақиби сиёсӣ медонад, бидуни фишор буда наметавонад. Махсусан, дар марҳилаи интихобот."

Радиои Озодӣ: Яъне Шумо мутмаин ҳастед, ки ҳизб баста намешавад?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Ман гумон намекунам, ки ҳизб баста шавад. Чун дар субот ва оромии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми бисёр арзанда ва бузург дорад. То ба имрӯз ҳам, ки фаъолият дорад, дар доираи қонун амал кардааст."

Радиои Озодӣ: Назари Шумо ба ин гуфтаҳо, ки ҲНИТ, яъне идеяи бузург дар дасти як гурӯҳи заиф афтодааст чист?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Ин як назар аст ва ман ба ин андеша розӣ нестам. Ба андешаи ман идеяи бузург дар дасти гурӯҳи заиф буда наметавонад. Чун идея бузург аст, гурӯҳ бузург буд ва ҳаст. Идеяи бузургро одамони шоиста ва сазовор ба даст мегиранд ва пеш мебаранд. Вақте шоиста ва сазовор нестанд, зиёд идома пайдо карда наметавонанд."

Муҳаммадҷон бо падараш марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Муҳаммадҷон бо падараш марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ

Радиои Озодӣ: Оё охирин ҳарфҳои марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ барои Шумо чӣ буд, чӣ васиятҳо карданд?

Муҳаммадҷони Нурӣ: "Падарам васиятҳои зиёде ба мо фарзандонашон кардаанд. Яке аз васиятҳояшон ин буд ва пайваста таъкид мекарданд, ки Шумо аз ин ки фарзандони ман -- як роҳбар, як лидер ҳастед, ифтихор накунед. Саъй кунед, то худатон шахсият бошед. Дигар ин ки дар охирин лаҳзаи ҳаёташон пурсидем, ки баъд аз Шумо аз кӣ пайравӣ намоем ва ба суханони кӣ гӯш диҳем. Дар ҷавоб фармуданд: "Худову расул".
Муҳаммадҷони Нурӣ, раиси созмони шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе.

Моҳи сентябри соли 1974 дар ноҳияи Вахши вилояти пешини Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Мактаби миёнаро дар соли 1991 дар зодгоҳаш хатм кардааст. Чанд муддат дар ҳиҷрат ба сар бурдааст.

Солҳои 2002-2005 дар Донишкадаи гуманитарии шаҳри Шоту-Шинои Фаронса дар риштаи забони арабӣ ва Қуръони карим таҳсил кардааст. Соли 2007 шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба таври ғоибона ба поён расонид. Мудирияти ҷамъияти саҳҳомии “Олами кӯдакон” дар шаҳри Душанберо бар ӯҳда дорад. Забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ ва туркиро медонад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG