Пайвандҳои дастрасӣ

Собир Ардабоев ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шуда ва эътироф кардааст, ки узви ҲНИТ мебошад.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, зимни як амалиёти густарда дар вилояти Бадахшон ва Хатлон як гурӯҳи муташаккили фаромиллии ҷиноиро ошкор ва боздошт кардааст. Аз ин гурӯҳҳо даҳҳо килограм маводи мухаддир низ мусодира шудааст.

Боздошти афрод ва гурӯҳҳои қочоқбар дар Тоҷикистон як амри маъмулӣ шуда, аммо он чӣ ки бештар ҷалби таваҷҷӯҳ карда, зикри узвияти бархе аз боздоштшудагон ба гурӯҳҳои сиёсӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон тавассути шабакаҳои расмӣ ба маротиб аз боздошти ду нафар дар вилояти Бадахшон хабар дода ва узви Ҳизби наҳзати исломӣ будани яке аз боздоштшудагон бо лақаби Шайхи Ванҷиро таъкид мекунад.

Нозирҷон Бӯриев, сухангӯи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, "бо гумони қочоқи маводи мухаддир, Ҷаъфаров Назриалӣ ва Ардабоев Собир, узви гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ, бо лақаби Шайх Собири Ванҷӣ яке аз фаъолони ҲНИТ боздошт шуданд."

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон

Ин гуна изҳороти мақомот раҳбарияти ҲНИТ-ро то ҷое нороҳат ва хашмгин кардааст. ҲНИТ дар номае ба унвони Саймӯъмин Ятимов, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ҳар гуна робита ва узвияти Собир Ардабоевро дар ҲНИТ рад кардаанд.

Раҳбарияти ин ҳизб дар дар раддияи худ навиштаанд, иттилои Кумитаи амнияти миллӣ дар бораи узви ҲНИТ будани Ардабоев "тӯҳмати маҳз" хондаанд.

Мақомоти Кумитаи амнияти миллӣ дар хабарномаи худ маълумоти бештаре роҷеъ ба таърихи робита ва ё узвияти ин афрод бо ҲНИТ надодаанд. Аммо дар изҳороти Ҳизби наҳзати исломӣ омадааст, "бо сурат гирифтани қонуншикание дарҳол мақомот ҳизбияти гумонбарро муҳим шуморида, бо ангушти иттиҳом ба сӯи ҲНИТ ишора мекунанд. Аммо дар мавриди ҷиноятҳои аъзои ҲХДТ, ки ба ҳама гуна ҷиноят даст мезананд, мақомот ҳизбияти онҳоро ошкор намесозанд."

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

Аммо дар асл ҳадаф аз таъкиди узвияти афроди боздотшуда дар чист, дар ҳоле ки онҳо барои эътиқодоти сиёсияшон боздошт ва ё муттаҳам нашудаанд? Масъулини ҲНИТ бовар доранд, ки ҳадаф аз ин иқдом бадном ва сиёҳ кардани ин ҳизб аст. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки ин як амри маъмулӣ дар рақобатҳои сиёсии миёни аҳзоб аст ва ҷое барои нигаронӣ надорад.

Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик мегӯяд, "он чӣ ки ниҳодҳои давлатӣ ва ё расонаҳои ҳукуматӣ талош мекунанд, ки тарафи номатлуби чеҳраи рақибони худро ба намоиш бигузоранд, як амри табиӣ аст. Мисли он ки аз ҷониби ҳизби мухолиф ҳам рад шудани ин иттиҳом як падидаи маъмулӣ бояд бошад. Аммо набояд ба чунин хабарҳо ва иттиҳомворидкунии аҳзоб зиёд аҳамият қоил шуд. Аҳзоб бояд дар рақобатҳои солим худро ба намоиш бигузоранд, на бо чунин роҳҳо. Аммо, мутаасифона на ҲНИТ ва ҲХДТ дар ҳоли ҳозир ҳеҷ барномаи муфид ва амалие барои Тоҷикистон надоранд."

Ба ҳар ҳол, раҳбарияти ҲНИТ аз раиси Кумитаи амнияти миллии кишвар хоҳиш кардааст, ки барои ислоҳи ин хабар ба дафтари матбуотии КДАМ дастур диҳад ва он аз тариқи расонаҳо ба нашр расонида шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG