Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар як мулоқоти серӯза дар шаҳри Чолпон-Ота сари ҳалли мушкилоти марзӣ гуфтугӯ доранд.

Гурӯҳҳои кории вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон дар як мулоқоти кории серӯза дар шаҳри Чолпон-атаи Қирғизистон сари ҳалли мушкилоти марзӣ гуфтугӯ доранд. Ба навиштаи расонаҳо, дар ин мулоқот муовинони раисони ин вилоятҳо, Боқир Жолчиев ва Ҷамшед Норинов, ҳамчунин намояндагони сохторҳои қудратӣ ва ҳукуматҳои ноҳияҳои наздимарзӣ иштирок доранд.

Аз ҳукуматҳои ноҳияҳои марзии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров ба Озодӣ гуфтанд, ки раҳбари ситоди сарҳадбонӣ ва муовини раиси ин маҳалҳо барои иштирок дар ин мулоқот ба Қирғизистон рафтаанд. Дар ҷараёни ин мулоқот, аз фаъолияти гузаштаи гурӯҳҳои корӣ натиҷагирӣ шуда, дурнамои барномаи он барои солҳои 2014 - 2017 тарҳрезӣ хоҳад шуд. Гуфта мешавад, таҳкими муносибатҳои ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳо, дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти мавҷудаи сарҳадӣ дар ин нишаст мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор дорад.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд дар як мусоҳибаи қаблии худ бо Озодӣ таъкид дошта буд, ки мақсади аслии ин гуна мулоқотҳои мунтазам тақкими суббот ва оромӣ дар минтақаҳои наздимарзии байни Суғду Бодканд, ба хусус дар қисмати Исфараву Бобоҷон Ғафуров аст. Вай мегӯяд: “Аз ҷониби тамоми мақомотҳои вилояти Суғд кӯшиши пайгирона ба харҷ дода шуда истодааст, ки муносибатҳои хуби мавҷуда бо вилояти Боканд тақвийят ёбанд ва дар шароити босубот зиндагӣ кардани шаҳрвандони ҳар ду ҷониб дар мавзеъҳои наздисарҳадиро таъмин кунем. Фикр мекунам, мақомоти давлатии ҷумҳурии Қирғизистон, аз ҷумла дар вилояти Бодканд низ дар ҳамин андешаанд. Чунки таъмини сулҳу суббот ва ҳифзи сарҳад масъалаҳои муҳими давлатии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон эътироф шудаанд. ”

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Суғд, дар ин самт мақомотҳои баландпояи ҳар ду ин кишвар ва мақомоти маҳаллӣ робитаву ҳамкориҳои доимӣ доранд ва дар сурати сар задани муноқишаҳо байни сокинони маҳалҳои алоҳидаи марзӣ саривақт ба он расидагӣ мекунанд.

Хатти марз байни Тоҷикистону Қирғизистон дар қисмати Суғду Бодканд ҳанӯз муайян нашудааст ва миёни сокинон марзии ин ду минтақаи ҳамсоя гоҳ – гоҳ муноқиша сар мезанад.

Набиуллоҳи Суннатӣ, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, вай аз натиҷаи фаъолияти гурӯҳҳои кории байни ин минтақаҳо дар таъмини суббот дар мавзеъҳои марзӣ хушбин аст. Аз нигоҳи вай, Тоҷикистон ва Қирғизистон мушкилот ва хостҳои монанд доранд, ки муҳимтарини он истифодаи мунсифона аз захоири обии минтақа ва бунёди неругоҳҳо ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Ҳамчунин вазъи ҷуғрофии ин минтақаҳо ва наздикӣ сокинони ҳар ду ҷонибро барои рушди муомилоти тиҷоратӣ водор мекунад.

Аз нигоҳи мусоҳибам, вале он чӣ ки муносибати сокинони марзии вилоятҳои Суғду Бодкандро гоҳе халалдор месозад, аз номуайн будани марзҳост.

Баҳсу талошҳо байни сокинони ноҳияи Исфара ва ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, дар ҷамоатҳои Чоркӯҳу Ворух сари бунёди роҳи ягона, истифода аз манобеъи обӣ аз моҳи апрел ба ин сӯ борҳо сокинонро сари муноқишаҳову раҳбандӣ ва сангандозӣ ба сӯи якдигар кашонд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қирғизистон сари бунёди пул аз хоки Тоҷикистон ва болои рӯди Хоҷа Боқирғон, ки ду деҳаи қирғизҳоро бо роҳи наздик ба ҳам мепайвандад, ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад.

Гурӯҳҳои кории Суғду Бодканд д усол иныониб инҷониб мунтазам бо ҳам мулоқот ва ҷиҳати ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти марзӣ талош доранд.
Ин гурӯҳҳо соли гузаштаи 2012 дар асоси мувофақаи раисони ин вилоятҳо ба хотири натиҷагирӣ ва таҳияи барномаи ҳамкориҳо ва ҳалли мушкилоти сокинони наздимарзӣ таъсис ёфта буд. Сипас дар охири соли гузашта бо пешниҳоди Суғд аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ тақвийяти ҳамкориҳо барои солҳои 2013 – 2017 таҳия гардид, ки ҳоло тибқи он дар мулоқоти Иссиқкӯл ҷонибҳо муҳимтарин масъалаҳои мавриди ҳаллу фаслро дар ояндаи наздикро баррасӣ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG