Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои ноороми сокинони Ворух


Сокинони минтақа ду рӯз баъд аз задухӯрди 27-уми апрел.
Сокинони минтақа ду рӯз баъд аз задухӯрди 27-уми апрел.

Ин ҳафта минтақаи Ворухи Тоҷикистон дар сархатти расонаҳои хабарии Тоҷикистону Қирғизистон қарор дошт ва баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Мардуми Ворух мегӯянд, ба ҳимояи марзу буми кишвари худ бархостанд, вале дар ин талоши худ танҳо мондаанд. Онҳо ҳамчунин мегӯянд, ба ҳеҷ ваҷҳ хостори нооромӣ ва муноқиша нестанд, аммо бояд иллату ангезаи низоъ аз байн бурда шавад. Ин иллат номуайянӣ дар марзҳои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон аст, ки рӯзе метавонад, сабаби хунрезӣ ва дилсардии байни ду халқ ва ду кишвари дӯст шавад.

ОТАШ ДАР ЗЕРИ ХОКИСТАР

Ин бор ҳам муноқиша бо каме занозаниву дашном, аммо бе хун, ба поён расид. Тарафҳо тавонистанд, аз забона задани он пешгирӣ кунанд. Аммо бо вуҷуди он ки вазъият баъд аз низои байни тоҷикону қирғизҳо дар деҳаҳои Воруху Оқсой ва Хоҷаи Аъло аз ҷониби полис ва марзбонон зери назорат гирифта шудаст, сокинон аз такрори муноқиша нигаронанд. Ба гуфтаи онҳо, мушкилоти марзии муноқишаангез ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондааст. Зеро то кунун хатти марз бо Қирғизистон дар минтақаи байни вилоятҳои Суғду Бодканд ҳанӯз муайян карда нашудааст. Ва то замоне ки ин хат муайян нест, ҳамарӯза хатари сар задани ҷанҷолу муноқиша боқӣ мемонад. Насрулло Миров, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло беш аз 40 сол дар мактаби ин деҳа омӯзгорӣ мекунад, мегӯяд: «Мо мехоҳем, мақомоти давлатӣ мушкилоти марзии моро бо роҳи қонуниву сулҳомез ҳал кунанд. Масъалаи сарҳадро ҳал кунанд. Охир, то кай баҳору фасли киштукор сар мешаваду муноқиша сар мезанад, он вақт мақомот наздамон ҳозир мешаванд. Афсӯс, ки мо ин ҳо худро баракси қирғизҳо худамона танҳо ҳис мекунем. Ҳукуматдорҳо ин ҷо мебиёнд, моро мешунаванд, гапашонро мегӯянд, ки мушкили моро ҳал мекунанд. Аммо то ҳол ягон масъалаи марз ба фоидаи мо ҳал нашудааст.»

Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло бо қирғизҳои деҳаи Тоштумшук канори ҳам зиндагӣ мекунанд. Ҷойе хонаҳои сокинони ду давлатро девор, ҷойе наҳр ва кӯчаҳои танг аз ҳам ҷудо мекунад. Аммо тобеъияти маъмурии онҳо ба ду давлати ҷудогона аст ва мактабҳояшон ба Тоҷикистону Қирғизистон марбутанд. Шаҳрванди Қирғизистон ва раҳбари деҳаи Тоштумшук, Содир Абдураҳмонов, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мушкилро чунин шарҳ дод: «Хатти сарҳад муайян нашудааст. Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд. Акнун тоҷикон харитаи худ, қирғизҳо ҳам харитаи худро ба даст гирифтаанд. Аз ин рӯ наметавонем заминҳоро тақсим кунем. Ҳар ду тараф сари замин даъво доранд. Решаи низоъ ҳамин аст.»

Насрулло Миров ба масири роҳи нав ишора мекунад.
Насрулло Миров ба масири роҳи нав ишора мекунад.
Мушкилҳои зиёди дигаре ба ин ин мушкил сарбор мешаванд. Кор нест, зиндагӣ сахт, роҳҳои вайрон, корхонаи саноатие вуҷуд надорад ва ҳама, ба истиснои онҳое, ки ба Русия муҳоҷир мешаванд, ризқи худро аз як порча замин меёбанд. Дар ҳаиин ҳол давлати Қирғизистон ба сохтмони роҳе сар кард, ки сабаби низоъ шуд. Сокинони деҳаи қирғизнишини Оқсой ба ҳукумати худ муҳлат додаанд то 15-уми май мушкили бунёди роҳ нақлиётии Оқсой – Тамдиқ аз канори Ворухро ҳал кунад. Сокинони Исфара, вақте диданд, ки ин роҳ аз миёни заминҳои баҳснок сурат мегирад ва бо сохтмони он заминҳояшон аз даст меравад, ба эътироз бархостанд. Онҳо қатъи роҳсозиро талаб ва техникаи роҳсозии қирғизҳоро санг заданд. Ин ҳодиса сокинони Ворухи Тоҷикистону Оқсойро то муноқишаву сангандозӣ ба сӯи ҳам ва бастани роҳ ба ду самт кашонд.

Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфт, дар пайи муноқишаи рӯзи 27- уми апрел бо ҳайати баландпояи интизомии Қирғизистон мулоқот доштааст ва худи қирғизҳо дар ин дидор гуфтаанд, ки бунёди роҳ аз канори деҳаи Ворух як иштибоҳ буд, зеро Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди тақсими заминҳои баҳсталаби марзӣ дар миёни вилоятҳо Суғду Бодканд, ҳанӯз ба созиш нарасидаанд ва қарор кардаанд, то ҳалли ин мушкил, ҳеҷ яке аз ҷонибҳо дар заминҳои баҳсталаб иншооте бунёд накунанд.

ЗИНДАГӢ ДАР ҶАЗИРАИ ВОРУХ

Ҷамоати Ворух, дар тақрибан 40-километрии шаҳри Исфара ва 45 километрии Бодканд чун ҷазирае дар байни қаламрави Қирғизистон воқеъ аст. Ворух дар ҳудуди 20 километр доман паҳн карда, дорои беш аз 30 ҳазор аҳолӣ аст, ки ҳамагӣ тоҷиканд. Ба гуфтаи сокинони ин маҳал, гузаштагони онҳо аз қадим дар ин замин мезистанд ва Ворух аз соли 1924-и милодӣ, замони тақсимбандии ҳудудҳои ҷумҳуриҳои шӯравӣ дар харитаи Тоҷиистон ҷузъи ин кишвар аст.

Ба гуфтаи Абдуғаффор Ғоибов, як сокини 74-солаи Ворух, ки замони шӯравӣ 3 бор узви кумитаи муштараки ҳалли мушкилоти марзӣ дар ин маҳал будааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Ворух ҳудуди 50 хонаводаи қирғизҳо канори тоҷикон мезистанд. Ва ягон гуна суитафоҳуме вуҷуд надошт. Аммо сипас дар пайи талошу муноқишаҳо қирғизҳо дар канори Ворух ба худ деҳаи маъмурие бо номи Оқсой таъсис дода, то ибтидои солҳои навад саросар ба он ҷо кӯч бастанд. Баъд аз ин шумори сокинони ин маҳалли қирғизнишин тадриҷан рӯ ба афзоиш дошта, ҳоло ба ҳудуди 1500 нафар расидааст.

Абдуғаффор Ғолибов
Абдуғаффор Ғолибов
Ба гуфтаи сокинони кӯҳансоли Ворух, баҳсу низои тоҷику қирғиз дар ин ҷо аз охири солҳои 60-уми асри гузашта сар шудааст. Ҷаноби Ғоибов мегӯяд, соли 1967 Тоҷикистони шӯравӣ барои обод кардани заминҳои бекори канори Ворух 1 миллиону 200 ҳазор рубл ҷудо кард ва низоъҳои аввал сари соҳибӣ ба ҳамин замин рух дод: «Мо бо он маблағ аз рӯд тариқи ҳашар наҳр кандаву об оварда, 1 ҳазору 700 гектар замин кушодем. Вале ҳамсояҳои қирғизи мо даъво карданд, ки ба он замин онҳо низ ҳақ доранд. Байнамон барои обу замин баҳсу муноқиша сар зад ва Маскав барои ҳалли ин мушкил як комиссияи муштараки паритетӣ таъсис дод. Аз Душанбе муовини сардори вазорати корҳои дохилӣ насабаш Новичков барои ҳалли ин мушкил наздамон омад ва барои ором кардани қирғизҳо ҳудуди 300 гектар заминро дар ихтиёри онҳо гузошт. Раҳбарони имрӯзии мо бояд санадҳои он солҳоро дақиқ омӯзанд.»

Ҳол он ки ба гуфтаи мусоҳибам, соли 1969 Тоҷикистон дар ивази он заминҳои баҳснок дар қисмати даромади Ворух (ба гуфтаи сокинони ин маҳал - Тангии Ворух) ба Қирғизистон аз ҷойи дигар замин дода буд. Вале давлати шӯравӣ аз сар задани муноқишаи калони байни миллатҳо ба ҳарос афтода, инро ба эътибор нагирифт. Ба гуфтаи сокинон, ин як мисоли сиёсати шӯравии «ҷудоӣ андозу ҳукмронӣ кун», аст.

Ба гуфтаи сокинони Исфара, баъд аз ин дар солҳои 1975 ва ибтидои солҳои 80 -уми асри гузашта, ва билохира соли 1989 миёни тоҷикону қирғизҳо дар заминаи талоши обу замин низоъҳо рух дода, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ, бо номи Алиҷон дар лаби наҳри навбунёди марзӣ аз тири силоҳи як сокини ноҳияи Бодканд кушта шуд. Он замон Маскав мардуми шӯридаро бо ҷорӣ кардани соати комендантӣ ва ворид кардани нерӯҳои мусаллаҳ ором карда буд. Раҳбари Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба Ворух омад ва бо сарвари Қирғизистон мулоқот кард, аммо масъала ҳалли худро наёфт, ҳол он ки ба гуфтаи бисёриҳо ҳамон вақт беҳтарин фурсати ҳалли он буд.

БАЪД АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Тоҷикистону Қирғизистон ба давлатҳои мустақил табдил ёфтанд ва марзи як замон "дохилӣ"-и шӯравӣ акнун марзи байнидавлатӣ шуд. Бино ба маълумоти расмӣ, ин марз 970 километр аст ва таъину аломатгузории он дар соли 2002 шурӯъ шуда, то ҳол 59 дарсад ё 567 километри хатти марзро муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ба иллати печутобҳои зиёди хатти сарҳад ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрави хурду бузург дар қисмати Суғду Бодканд ҷараёни он хеле ба сустӣ пеш меравад.

Раҳмоналӣ Амиров, раиси ноҳияи Исфара дар дидор бо сокинони деҳаи Ворух рӯзи 1-уми май гуфт, мушкили марзӣ ва ҳалли масоиле чун тақсими замин, роҳҳо ва чарогоҳҳо ба салоҳияти ҳукуматҳои марказии Тоҷикистону Қирғизистон ворид мешавад. Вай афзуд: “Мо дар ин бора бо ҳокими ноҳияи Бодканд чандин бор суҳбат доштем. Масъалаи марзбандӣ ва поён додан ба мушкилоти сокинони наздимарзиро комиссияҳои байнидавлатӣ, ки фаъолият мебаранд, ҳал мекунанд. Ин комиссияҳо на танҳо сари ҳаллу фасли мушкили Ворух, балки дигар минтақаҳои баҳсноки марзӣ низ фаъолият доранд.”

Раҳмоналӣ Амиров ба дидори ворухиён омад.
Раҳмоналӣ Амиров ба дидори ворухиён омад.
Раиси шаҳри Исфара гуфт, масъулини ҳар ду кишвар ҳассосияти масъаларо дарк мекунанд ва ба ҳалли ниҳоии он саъй доранд. Аммо афзуд, ин мушкилро дар кӯтоҳмуддат наметавон ҳал кард ва сокинон бояд хештандорӣ кунанд. Аммо сокинон аз эҳтимоли низоъҳои нав нороҳат ва хостори кашол наёфтани ҳалли мушкиланд. Насрулло Миров, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло мегӯяд: «Фикри ман ҳамин ки тарафи Қирғизистон то муайян шудани хатти сарҳад заминҳои ба истилоҳ баҳнокро азони худ карда, ба харитаашон дохил мекунанд. Аммо мо ба ин роҳ надода истодаем. Муноқишаву низоъҳо байнамон ба сабаб сабаб рӯй медиҳанд.»

Айни ҳамин даъворо сокинони марзии қирғиз низ алайҳи ҳамсояҳои тоҷики худ дар Исфара баён медоранд, ки гӯё онҳо барои соҳибӣ ба заминҳои баҳснок пештозӣ доранд. Вале давлати Қирғизистон аз манфиати онҳо ба таври боиста пуштибонӣ намекунад. Абдуғаффор Ғоибов бар ин аст, ки бояд тасмимҳои мушаххас гирифта шавад: «Як роҳи хотима ба роҳбандиҳову муноқишаҳо ин аст, ки бояд давлати мо ба Қирғизистон аз ҷойи дигар замин дода, тангӣ ё даромади Ворухро, ки ҳоло қирғизҳо соҳибӣ доранд, ба Тоҷикистон пайваст кунад. Ҳарчанд ки дар замони шӯравӣ мо бар ивази он ба қирғизҳо замин дода будем ва давлатдорҳо санадҳоро бардоранд, дармеёбанд. Ё бар ивази ҷуброни замин, моро дар ихтиёри Қирғизистон гузоранд. Роҳи дигар ин ки Хоҷаи Аъло ва дигар деҳаҳои тоҷикии атрофашро низ ба як ҷамоати маъмурӣ таъсис диҳем. Он гоҳ онҳо тавони худ ҳал кардани мушкилоташон бо қирғизҳои ҳамсояро пайдо мекунанд.»

Малик Абдуалаҳов ва бархи дигар аз сокинони Ворух мегӯянд, дар ҳоле ки мақомоти ҳар ду давлати ҳамсоя ба ҳалли мушкили марзӣ талош доранд, бояд муноқишаҳо мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор гиранд ва афроди низоъангез, ки теъдоди онҳо, ба гуфтаи сокинон ангуштшумор аст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. То ки ин амр ба онҳо хештандориву эҳтироми ҳамсояро омӯзонад.

Зимнан, дар пайи муноқиша мақомоти Суғду Бодканд алайҳи афроде, ки даст ба харобкорӣ заданд, парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, барои таҳқиқи ҳодиса гурӯҳҳои вижа таъсис ёфтаанд. Вале хости сокинони марзӣ, чи тоҷику чи қирғиз ин аст, ки ҳамаи масъалаҳо бе ҷангу пархош ҳал шуда ва анъанаҳои ҳамзистиву рафоқат ҳифз шаванд.

XS
SM
MD
LG