Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз як моҳи муноқиша сарҳадбонҳои қирғиз роҳи Чоркӯҳ - Шӯробро қисман боз кардаанд.

Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 4 июл ба Озодӣ гуфт, сарҳадбонони қирғиз садди пеши роҳро бардошта, барои убуру мурури автомобилҳо боз намуданд. «Ман шахсан худам ҳамроҳи чанд ҳамкорам аз ин роҳ то Шӯроб рафтам. Баъзе дигар сокинон низ гузаштаанд. Дар посгоҳи Самарқандак сарҳадбонҳои қирғиз намедоранд ва ягон ҳуҷҷат ҳам намепурсанд. Вале ҳарчанд ғавчӯбҳоро бардоштаанд, роҳ ҳамоно бо хоктӯдаҳо қисман баста аст ва танҳо автомобилҳо метавонанд убур кунанд,» - мегӯяд оқои Шарифов

Аммо мусоҳибам афзуд, сокинони Чоркӯҳ аз бими сангандозии сокинони Самарқандак аз ин роҳи мустақим кам ва танҳо дар ҳолати зарурат ва шитоб убур мекунанд. Ба гуфтаи Абдухалил Шарифов, бархе аз мақомоти интизомии Бодканд ба мақомоти ҷамоати Чоркӯҳ бардоштани хоктӯдаҳои сар роҳу комилан боз кардани онро пешниҳод кардаанд, аммо ҷониби Исфара гуфтааст, беҳтар аст, то ин корро тарафи Бодканд анҷом диҳад, то ки боиси нофаҳмиҳову муноқишаи нав нагардад.

Роҳи Чоркӯҳ – Шӯроб ин ду қисмати ноҳияи Исфараро тавассути қаламрави Қирғизистон мустақим бо ҳам пайваст мекунад. Масдуд шудани он тайи тахминан як моҳи охир даҳҳо сокинони ҷамоати Чоркӯҳро, ки дар корхонаи ангишти Шӯроб кор мекунанд, водор мекард, ки барои расидан ба коргоҳи худ 20 километр роҳи тӯлониро аз сӯи шаҳри Исфара тай кунанд.

Ба моҷарои байни сокинон ва бастани роҳи Самарқандак ҳудуди як моҳ пеш оғози аз худ кардани як пора замин дар қитъаи баҳснок аз ҷониби як сокини деҳаи Сурхи ҷамоати Чоркӯҳ сабаб гашта, дахолати кормандони милиса аз занозании байни сокинон пешгирӣ карда буд. Баъди он дар ҷамоати Самарқандаки Қирғизистон сӯи ду мошине, ки аз Чоркӯҳ ба шаҳраки Шӯроб мерафтанд, санг андохтанд ва ин боиси ихтилофи бештар гардид.

Қирғизистон ин қитъаро чарогоҳи деҳаи Пастариқи ҷамоати Самарқандак, вале Тоҷикистон ҷузъи қаламрави ҷамоати Чоркӯҳ меҳисобад.Аммо Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, баъд аз моҷаро мақомоти ҷамоатҳои ҳамсояи Исфараю Бодканд дар ин минтақа чанд маротиба бо ҳам мулоқот намуда, ҷиҳати оддӣ кардани вазъ ва роҳ надодан ба такрори муноқиша талош доранд.

Минтақаи Исфараи марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз мушкилтарин қисматҳои то ҳол таъйин ва аломатгузорӣ нашудаи ин марз боқӣ мемонад. Рӯзи 27 апрел байни сокинони ду тарафи ин марз дар қисмати ҷазирақаламрави Ворух муноқиша бархост. Моҳе баъд айни низоъ дар атрофи Самарқандак рух дода, мунҷар ба муддате баста шудани роҳи Чоркӯҳ-Шӯроб шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG