Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аъзои ҲНИТ ба ҳамкорӣ бо созмони террористӣ айбдор шуданд


Се сокини Исфара, ки ду нафарашон узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонанд, дар ҳамкорӣ бо созмони манъшудаи «Ҳаракати исломии Узбакистон» муттаҳам шуданд.

Додситонии шаҳри Исфара се шаҳрвандро дар ҳамкорӣ бо созмони террористӣ айбдор кард. Гуфта мешавад, ду нафари онҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонанд ва қазияи боздошти яке аз онҳо бо номи Умедҷон Тоҷиев моҳи гузашта расонаӣ шуд. Наздикони ӯ гуфтаанд, Тоҷиев мавриди шиканҷа ва бадрафторӣ қарор ёфтааст, то иттиҳомотро қабул кунад.

Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев рӯзи 9-уми декабр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз дар мурофиаи додгоҳӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд Манучеҳр Қаюмов, муфаттиши додситонии шаҳри Исфара алайҳи се сокини Исфара -- Умедҷон Тоҷиев, Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев расман айбнома эълон карда, онҳоро тибқи моддаи 307-и кодекси ҷиноӣ -- «ҳамкорӣ бо созмони террористӣ ва иртиҷоӣ» гунаҳкор донистааст.

Ба гуфтаи Юсуф Дониёров, додситонии шаҳри Исфара ҳар се нафарро, ки ду тан аз он аъзои ҲНИТ мебошанд, дар ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон айбдор кард. Вай гуфт, ки вакилони мудофеи ҳам Умедҷон ва ҳам Иброҳим Назаров ҳатман алайҳи ин айбномаи додситони эътироз хоҳанд овард.

Умедҷон Тоҷиев, Иброҳим Назаров ва Ғуфрон Шодиев қаблан аз тарафи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии Исфара боздошт шуда буданд. Феълан Умед Тоҷиев, Зуҳур Иброҳимов ва Ғуфрон Шодиев дар СИЗО-и Хуҷанд нигоҳдорӣ мешаванд.

Умедҷон Тоҷиев, сокини 34-солаи деҳаи Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва узви ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро рӯзи 30-юми октябр дар бозори деҳаи Ворух боздошт карда, ба шаҳри Исфара оварданд ва ҳамон рӯз бо иттиҳоми "итоат накардан ба амри милиса" ба 5 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карданд.

Вале рӯзи 2-уми ноябр ӯро дар ҳолати мадҳушӣ ба бемористон оварданд. Мақомот мегӯянд, ки ӯ худро аз қабати сеюми бинои шӯъбаи аввали умури дохилаи шаҳри Исфара ба берун ҳаво дод ва дар натиҷа пояш шикастааст. Дар миёнаҳои моҳи ноябр пас аз табобат Умедҷон Тоҷиевро аз беморхона ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол доданд.

Наздикону вакили дифоъи Умедҷон Тоҷиев аз он нигаронанд, ки мақомот гуфтаанд вай худро аз ошиёна 3-юм партофтааст, вале ба бовари онҳо, Тоҷиев "дар пайи озору шиканҷа аз ошиёнаи сеюм афтидааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG